Дар тӯли се моҳ медиаташкилоти байналхалқии World Editors Forum оид ба ҳамкории мутақобила бо аудитория бо ёрии онлайн-шарҳдиҳӣ тадқиқот гузаронид.
Ба ин тадқиқот 78 ташкилот аз 46 кишвари олам тариқи классҳои коршиносии аршад (мастер-класс), мусоҳиба ва назарсанҷӣ дар шабака шомил шуда буданд.
Ҳисобот натиҷаҳои зеринро меорад (манбаи мавод – blog.wan-ifra.org):
— Намунаҳои ташкилотҳои иттилоотии маъруф вуҷуд доранд, ки қисмати шарҳҳоро дар сомонаҳои худ баста, шарҳдиҳиро ба платормаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Facebook, гузаронидаанд.
Вале, 82% ташкилотҳои пурсидашуда то ҳол хонандагони худро барои гузоштани шарҳҳо дар сомонаҳои худ даъват мекунанд. Нисфи зиёди онҳо шарҳдиҳии ҳамаи мақолаҳоро иҷозат медиҳанд, ҳарчанд аксари онҳо инро бе майлу рағбат иҷро карда, аз сифати шарҳҳое, ки қабул мекунанд, норозианд;
— Қарори бастани қисмати шарҳҳо аз сабаби лаҳни таҳқиркунанда ва сифати паст доштани онҳо, инчунин ноҳинҷорӣ аз арзиши модератсия, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва нозарурӣ варианти хеле асоснок ва имконпазир мебошад;
— Қисми зиёди ташкилотҳои пурсидашуда арз карданд, ки шарҳҳо заруранд, “мубоҳисаро бой мекунанд” (53%), “барои маводҳои оянда ғоя ва маълумот медиҳанд” (53%) ва “барои гуногунии андешаҳо мусоидат мекунанд” (47%);
— Шарҳҳои зиёдро маводҳое соҳиб мешаванд, ки андешаи муаллифро ифода мекунанд (23%), акси садои зиёдро бошад мақолаҳои таҳлилӣ мегиранд (26%). Ҳамзамон мавзӯҳое, ки эҳтимоли ҷалби шарҳҳои ғаразнокро доранд, дар ҳар минтақа гуногун аст. Дар Аврупо рӯйхатро масъалаи муҳоҷират оғоз мекунад; дар Африқо – сиёсат ва масъалаҳои нажодӣ; дар Америкаи Ҷанубӣ – сиёсат; дар Азия ва Шарқи Наздик – сиёсат ва дин; қариб ҳама чиз метавонад шарҳҳои бадхашмро дар Америкаи Шимолӣ барангезад;
— Қонунҳои махсус нисбат ба ҷавобгарӣ барои шарҳҳои хонандагон ва забони адоват пайдо шуда истодаанд. Ба нуқтаи назари ташкилотҳои иттилоотӣ дар идоракунии шарҳҳо барои дарки мухталифи мафҳуми “озодии сухан” ва ҳудудҳои он дар ҷомеа, инчунин сатҳи инкишофи демократия дар мамлакат таъсир мерасонад;
— Тамоюли ҷойивазкунии шарҳҳоро ба медиа-платормаҳои иҷтимоӣ ба назар гирифта, бисёриҳо ташвиш доранд, ки масъалаҳои ба шарҳҳо марбут худ ба худ нест нашуда, бо саволҳои иловагӣ, ки бо гум шудани робита бо хонанда ва маълумот дар бораи хонанда, камбудии назорат, ва имкон аст, инкишофи пойдор дар оянда фаро гирифта мешаванд;
— Якчанд ташкилотҳои иттилоотӣ, ба монанди The New York Times ва Dawn-и покистонӣ, қодир ҳастанд гурӯҳи зиндаи асосноки шарҳдиҳандаҳоро бо ёрии сармоягузории пайдарпай ба модератсияи шарҳҳо дасгирӣ намояд, ки на танҳо ба ибрози боварии хонандагон, балки дар бизнес-даромадҳо фоида меоваранд;
— Ба талабот нигоҳ накарда, аксари ташкилотҳои иттилоотӣ дарёфти роҳҳои гуногуни ҷалби шарҳҳо ва даъват ба шарҳдиҳӣ аз тарафи хонандагонро бо роҳи истифодаи таҷрибаҳои беҳтарин, ба монанди:
а) аз нав дида баромадани вазифаи худ ва табдил додани шарҳдиҳӣ ба масъалаи аввалиндараҷа;
б) кам кардани миқдори мақолаҳое, ки барои шарҳдиҳӣ кушодаанд, ки барои модерикунонии ҷиддӣю ҷалбшуда шароит фароҳам меоварад, ҳамчунин мукофотонии шореҳ барои рафтори хуб;
в) ҷустуҷӯи доимии қарорҳои беҳтарини технологӣ;
г) ташкили гурӯҳ ва дохил кардани шарҳҳо ба контентро идома медиҳанд.