ДомойМедиалентаВебинари ройгон «Иштибоҳҳои такроршаванда ҳангоми сохтани инфографика»

Вебинари ройгон «Иштибоҳҳои такроршаванда ҳангоми сохтани инфографика»

26-ум октябри соли 2016 соати 17.00 бо вақти маҳаллии Алмаато, Бишкек; соати 16.00 бо вақти маҳаллии Душанбе; соати 14.00 бо вақти маҳаллии Москва вебинари ройгон таҳти унвони «Иштибоҳҳои такроршаванда ҳангоми сохтани инфографика» баргузор мегардад.

Вебинар ба баррасии иштибоҳҳои асосие, ки офарандагони инфографика содир мекунанд, бахшида мешавад.

Нақшаи вебинар:

— Баррасии иштибоҳҳо, ки ҳангоми кор дар хизматрасониҳои инфографикӣ содир карда мешавнд;
— Иштибоҳҳо дар вақти офаридани инфографикаи оффлайн.

Вебинарро Денис Плавский, веб-ороишгари портала мултимедиавии theopenasia.net мегузаронад. Ин вебинари сеюм аз силсилаи мавзӯҳои ба инфографика.

Ёдовар мешавем, ки дар вебинарҳо ҳар як хоҳишманд метавонад ройгон иштирок намояд, вале танҳо бо мутахассисиони интихобгардида корҳои инфиродӣ гузаронида мешаванд.   

 Барои иштирок кардан дар вебинар, лутфан ин манбаъро пахш намоед.

Таваҷҷӯҳ! Барои иштироки муваффақона дар вебинар ба Шумо зарур аст:

Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро фаъол намоед. Дар браузер нусхаи охирини Adobe Flash Player бояд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player худ насб шудааст.

Бисанҷед, ки оё суръати интернети пайвасткунандаи Шумо кифоя аст.  Суръати минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад). Суръати интернети худро дар ин саҳифасанҷидан мумкин аст.

Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.

Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар муқобили розигии истифодабаранда гузоред.

Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия  медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.

Вебинари « Веб-пахш дар давраи бӯҳрон » аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ