ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрантҳо, стипендияҳо барои рӯзноманигорон дар моҳи ноябр

Грантҳо, стипендияҳо барои рӯзноманигорон дар моҳи ноябр

Ба ин курсҳои ояндадор, таҷрибаомӯзӣ ва озмунҳо барои рӯзноманигорони тамоми ҷаҳон диққат диҳед.

Барномаи стипендиявии Chevening Scholarships : Дедлайн (мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо) – 8 ноябр

Рӯзноманигорон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон метавонанд барои иштирок кардан дар ин барнома, ки маблағи таҳсилро дар магистратура таъмин мекунад, дархостҳои худро фиристанд. Барномаи давлатии стипендиявии Chevening Scholarships -и Ҳукумати Британияи Кабир, ки  аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва корҳои Иттиҳод (FCO) ва ташкилотҳои ҳамкор маблағгузорӣ шудааст, ба одамони корозмудаи захираҳои зеҳнии лидеридошта дар соҳаҳои гуногун ва журналистика, нигаронида шудааст. Барои гирифтани иттилооти дақиқ ин манбаъро пахш намоед.

 

Стипендия барои иштирок дар ҳамоиши TED: Дедлайн – 13 ноябр

Соҳибкорони соҳаи ВАО, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва аксбардорон метавонанд барои сафар ба конфронси TED, ки дар шаҳри Аруши Танзания моҳи августи соли 2017 баргузор мегардад, метавонанд соҳиби грант шаванд. Барои иштирок дар конфронс 20 нафар стипендиягирандагон интихоб мешаванд. Иштирокчиён ҳамчунин метавонанд дар тренингҳои ба мавзӯи конфронс бахшидашуда иштирок намояд. Тренингҳоро спикерҳои конфронс мебаранд. TED ба иштирокчиёни интихобшуда маблағҳои рафтуомад бо ҳавопаймо, нақлиёти рӯизаминӣ, хӯрок ва будубошро пардохт мекунад. Барои гирифтани маълумоти бештар ин ҷоро пахш намоед.

 

Грантҳои Ҷамъияти рӯзноманигорони соҳаи экология: Дедлайн – 15 ноябр

Рӯзноманигороне, дар болои лоиҳа оид ба экологияи Америкаи Шимолӣ кор мекунанд, метавонанд дархостро барои ба даст овардани грант ба маблағи 5000 доллари ИМА аз Ҷамъияти рӯзноманигорони экологӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаҳо бояд яке аз ду мавзӯро дар бар гиранд: ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодии истифодаи манбаҳои энергияи азнавбарқароршаванда дар ИМА ё нигоҳдории биогуногунӣ ва тағйири иқлим дар Америкаи Шимолӣ.  Барои гирифтани маълумоти бештар ин ҷоро пахш намоед.

 

 Thomson Reuters  барои рӯзноманигорон тренинг барпо мекунад:  Дедлайн — 15 ноябр

Журналистони навқалам, хатмкунандагони дирӯзаи факултаҳои рӯзноманигорӣ, инчунин бизнес-журналистони ботаҷриба, ки донандаи хуби забони англисӣ мебошанд, метавонанд дар ин барнома иштирок намоянд. Thomson Reuters барномаи нӯҳмоҳаро пешниҳод менамояд, ки дар намояндагиҳои калонтарини ташкилот баргузор мешавад. Ба барнома таҳсилоти интенсивӣ дар давоми якчанд ҳафта ва фаъолият дар идораҳо зери роҳбарии рӯзноманигорони варзида шомил шудаанд. Барои гирифтани маълумоти бештар ин ҷоро пахш намоед.

 

Барномаи донишгоҳи Стэнфорд оид ба демократия ва рушд: Дедлайн – 16 ноябр

Барномаи тобистонаи сеҳафтаина, ки ба демократия ва рушд бахшида шудааст (The Draper Hills Summer Fellowship on Democracy and Development), 25-30 нафар одамони корозмудаи ба демократия, рушд ва сарварии қонун иртиботдоштаро ҷамъ мекунад. Бартарият ба номзадҳое дода мешавад, ки дар кишварҳои тараққикардаистода зиндагӣ мекунанд. Донишгоҳи Стэнфорд маблағҳои рафтуомад бо нақлиёт, будубош ва маблағи раводид (виза)-ро пардохт мекунад. Барнома форуми нодирро барои лидерҳои нав пешниҳод мекунад: ҷое, ки онҳо метавонанд муошират ва ивази таҷриба кунанд, ичунин семинарҳои омӯзишӣ, хонишҳои илмӣ ва машғулиятҳо дар аудиторияҳо. Барои гирифтани маълумоти муфассал ин ҷоро пахш намоед.

 

Озмуни аксҳои маҷаллаи Smithsonian: Дедлайн – 30 ноябр

Аксбардорон ва рӯзноманигорони аксбардор метавонанд дар ин озмуни маҷаллаи Smithsonian иштирок намоянд. Соли ҷорӣ аксҳо ба гурӯҳҳои зерин қабул карда мешаванд: аксҳои ислоҳшуда; таассуроти америкоӣ; олами табиат; одамон; сайёҳат ва аксҳое, ки тариқи телефонии мобилӣ бардошта шудаанд; сайёҳати экологӣ. Мукофоти аввал 2500 доллари ИМА мебошад. Fолибони ҳар гурӯҳ, инчунин ғолиб аз рӯйи интихоби хонандагон, дар ҳаҷми 500 доллари ИМА маблағ мегиранд. Инчунин мукофот ба маблағи 500 доллари ИМА барои акси беҳтарин дар байни ҳамаи гурӯҳҳо, ки тариқи таҷҳизоти мобилӣ аксбардорӣ шудааст, супорида мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар ин ҷоро пахш намоед.

 

Озмуни таъриҳои интерактив  New Media Writing Prize : Дедлайнҳо — 30 ноябр ва 16 декабр

Озмуни  New Media Writing Prize  (NMWP), ки аз ҷониби Медиамактаби донишгоҳи Борнмут созмон дода шудааст, барои донишҷӯён, блогерҳо ва нависандагон боз шудааст. Ба озмун корҳо дар жанри сторителлинги инноватсионӣ ва интерактивӣ қабул карда мешаванд. Fолиби асосии озмун бо 1000 фунт стерлинг (65411 рубли Русия) мукофотонида мешавад. Fолиб дар гурӯҳи донишҷӯён коромӯзии семоҳинаро дар ширкати асосии соҳаи ташкили омӯзиши фосилавии Unicorn Training дар Борнмут, Британия Кабир соҳиб мешавад. Инчунин ғолибе, ки дар рафти овоздиҳии умумӣ интихоб шудааст, муайян карда мешавад ва ба ӯ ҷоизаи Dot Award супорида мешавад. Барои гирифтани маълумоти муфассал ин ҷоро пахш намоед.

 

Барномаи стипедиявӣ оид ба бизнес-журналистикаи донишгоҳи Ню-Йорк: Дедлайн – 30 ноябр

Журналистони ботаҷриба метавонанд барои гирифтани стипендияи Маркази журналистикаи амалии McGraw дар назди Мактаби журналистикаи донишкадаи Ню-Йорк дархост пешниҳод намоянд. Барнома аз муаллифони лоиҳаҳои бузург, ки ба матубот ё радио нигаронида шудаанд, дархост қабул мекунад. Стипендия ба муддати аз як то се моҳ пешбинӣ шудааст ва дар як моҳ 5000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Барои маълумоти муфассал ин ҷоро пахш намоед.

Манбаъijnet.org.

Манбаъи акс дар превю: jisc.ac.uk

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ