ДомойМедиалентаВебинар «Онлайн-метрикаҳо дар редаксия»

Вебинар «Онлайн-метрикаҳо дар редаксия»

17 ноябри соли 2016 соати 17.00 бо вақти маҳаллии Остона ва Алмаато; соати 16.00 бо вақти маҳаллии Душанбе; соати 14.00 бо вақти маҳаллии Москва вебинар дар мавзуи «Онлайн-метрикаҳо дар редаксия» баргузор мешавад.

Вебинарро Николай Пихота, IT-коршиноси касбӣ мегузаронад, ки таҷрибаи кории 5-соларо дар ВАО дорад. Соли 2015 Николай барои беҳтарин коркарди барнома дар OpenDataHackathon Kyrgyzstan соҳиби мукофот гардид. Ў ҳамчунин гурўҳи порталҳои vb.kg, zanoza.kg-ро коркард кардааст, ки онҳо дар байни онлайн-ВАО-и Қирғизистон мавқеи пешсафро ишғол менамоянд.

Мавзўҳои вебинар:

  • Мақсад ва вазифаҳои онлайн-таҳлил
  • Хусусиятҳои онлайн-мониторинги сомонаҳои ВАО
  • Хизматрасониҳо ва асбобҳо
  • Кор бо Google Analytics

Барои иштирок кардан дар вебинари ройгон, лутфан худро дар ин ҷо номнавис кунед.

Диққат! Барои иштироки бомуваффақият дар вебинар барои шумо зарур аст:

  • Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро фаъол намоед. Дар браузер нусхаи охирини Adobe Flash Player бояд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player худ насб шудааст.
  • Бисанҷед, ки оё суръати интернети пайвасткунандаи Шумо кифоя аст.  Суръати минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад). Суръати интернети худро дар ин саҳифасанҷидан мумкин аст.Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.

    Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар муқобили розигии истифодабаранда гузоред.

    Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия  медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.

    Вебинари « Веб-пахш дар давраи бӯҳрон » аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ