Намояндагии Internews дар Осиеи Миена, бо дастгирии Оҷонсӣ оид ба Рушди Байналхалқии ИМА (USAID) озмуни грантҳои хурдро барои Воситаҳои Ахбороти Омма эълон менамояд.
Мақсадхои грантҳои хурд- ин ҳавасмандгардонии истеҳсоли муштараки барномаҳо оид ба мавзӯҳои барои ҷамъият муҳим дар байни Воситаҳои Ахбороти Оммаи Қазокистон, Қиргизистон ва Тоҷикистон, инчунин мубодилаи ин барномасозӣ. Internews истеҳсоли силсилаи репортажҳои махсус оид ба мавзӯи фаъолияти гражданиро (ТВ — давомноки аз 15 то 20 дақиқа), бо имконияти тағйир додани онҳо ба нашрияҳои онлайн дастгирӣ менамояд.
Internews барномаҳои грантӣ оид ба истеҳсоли репортажхои махсус дар самтҳои зеринро дастгирӣ менамояд:
-Фаъолияти гражданӣ оид ба беҳтарсозии зисту зиндагонии шаҳрвандон,
-Ҳал намудани мушкилоти ҷомеа
-Мавзӯҳо оид ба таҳаммул
-Ҷамъият зидди коррупсия
— Барномаҳои иҷтимоӣ (дахлдор барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар тамоми кишвар)
— Ташаббусҳои ҷавонон
-Ҳуқуқ
-Гендер
-Иқтисодиёт
Экология (дигаргуншави глобалии иқлим)
Шарти ҳатмӣ барои грантгирандагон чунин аст:
— Шарикӣ бо ВАО-и кишвархои дар боло зикршуда дар пешниҳоди аризаи муштарак. Internews дар холати зарурӣ, ёрии худро дар ҷустуҷӯи ҳамкорони имконпазир пешниҳод карда метавонад.
— Тайёрии ҳамкорон дар потенциали техникӣ ва кадрӣ, барои иҷроиши босифати лоиҳаи муштарак.
-Лоиҳа бояд на кам аз 6 моҳ таҳрезӣ карда шавад.
Грантгирандагони потенсиалиро аъзоёни жюри, дар рафти қабули аризаҳо, муайян менамоянд. Иштироккунандагони лоиҳаи муштарак аз тренерони Internews он-лайн машваратҳо оид ба истеҳсоли репортажҳои махсус, дастрас менамоянд. Internews ҳуқуқи густаришнамудани контенти дар рафти лоиҳаи грантӣ байни ВАО-и се кишвари Осиеи Марказ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон истеҳсолшударо пайдо менамояд.
Аризаҳои грантӣ аз нуқтаи назари критерияҳои зерин баҳо дода мешаванд:
-Контент на бояд ба қонунгузории кишварҳо мухолиф бошад
-Контент ҳаргуна нуқтаҳои назарро пешниҳод менамояд
-Контент ба манфиатҳои пешравии сиесӣ, динӣ ва дигар тарафҳою шахсиятҳо мусоидат намекунад
-Контент ба мавзӯҳо ва жанрҳои аз тарафи Internews пешниҳод карда шуда муносиб мебошад
Коргузории эҷодӣ истифода бурда шудааст
-Имконияти татбиқи лоиҳа дар якчанд забонҳо
Аризаҳои грантӣ (шакли замима дода мешавад)дар дохили худ бояд тавсия, мақсад, натиҷаҳои назардошт (чи тавр ин лоиҳа диққати ҷомеаро ҷалб карда метавонад), барномаи корӣ, бюджет (шакли замима дода мешавад), мактубҳои кафолатии ҳамкоронро дошта бошад. Аудиторияи потенсиалӣ ва қаламрави фарогирии лоиҳа ҳатман бояд нишон дода шавад.
Аризаҳо дар шакли электронӣ бо забони русӣ қабул карда мешаванд ва бояд ахбороти зеринро дошта бошанд:
-номгӯи лоиҳа (ба номгӯи барнома бояд мувофиқат дошта бошад);
-жанри иҷроиши лоиҳа;
-забонҳое, ки бо он барнома бароварда мешавад;
-ном ва тавсифи ҳамкорони потенциалӣ аз кишварҳо (Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) барои истеҳсоли муштараки барномаҳо.
-тавсифи лоиҳа (муҳимияти масъала, номгуи мавзӯҳо ва иштирокчиен, тавсифи равандҳои бизнес ва технологияҳои амалисозии лоиҳа, кадом масъалаҳо бардошта мешаванд);
— шарҳи эҷодӣ (нақшаи сценарӣ е ин ки тавсифи деталии формати барномавӣ);
-бюджети лоиҳа;
-тавсифи он, ки чи тавр лоиҳа баъди анҷоми гранти хурд аз Internews, дар оянда пеш бурда мешавад.
Баъди баровардани қарори ҳакамон, дар давоми 10 рӯз, танҳо ғолибони озмун аз тарафи Internews хабардор сохта мешаванд.
Аризаҳоро то санаи 1 декабри соли 2016 ба координаторони лоиҳа, ба суроғаҳои зерин бояд фирист:
Дар Қазоқистон: Оксана Осадчук — oossadchuk@INTERNEWS.ORG
Дар Қирғизистон: Валентина Галич — vgalich@INTERNEWS.ORG
Дар Тоҷикистон: Джамшед Шоев — jshoev@INTERNEWS.ORG