Predictiveworld.watchdogs.com – хизматрасонии интерактивии содда, ки чи тавр истифода шудани маълумотҳои кушоди шуморо нишон медиҳад.
Он иттилооти шахсие, ки дар фейсбук ва дигар чунин хизматрасониҳо ҷой дода шудаанд, ба назар гирифта мешавад. Роҳандози хело содда мебошад, шумо ба аккаунти худ иҳозат медиҳед ва акси тамоми ҳаётатонро мегиред – қад, вазн, давомнокии шартии умр, сабаби марг дар садама, вазъи оилавӣ, хусусиятҳои характерӣ.
Пешгӯи бо ёрии алгоритми пешгӯии тадқиқотҳои Марказӣ психометрии донишгоҳи Кембридж, ҳисоб карда мешавад. Бо чи қадаре, ки мавод шумо дар фейсбук ҷой дода бошед, ҳамон қадар пешгӯии рафтору кирдори шумо осон мегардад.
Маҳзан барои дастгирии бозии WATCH DOGS 2 созмон дода шудааст, лекин алгоритми ҳисоб ва натиҷа албатта воқеи мебошад.
“Барномаи таҳлилии Predictive World, ки дар асосӣ системаи оператсионии ctOS 2.0 аз WATCH DOGS 2 тартиб дода шуда, метавонад акси рақамии инсонро тартиб дода ояндаи ёро пешгӯи менамояд. Мақсади он – нишон додани он, ки чихел иттилои кӯчак, дар замони муосир то кадом дараҷа таҳлил ва истифода бурда мешавад”.
“ҳамарӯза мо аз худ зиёда аз 5 миллиард гигабайт маълумот мегузорем. Онлайн-мубодилаҳо, нуқтаҳои GPS, нишониҳои «Нравится» дар шабакаҳои иҷтимои, sms-паёмакҳо ва ҳатто варақаҳои истгоҳу терминалҳо – миллионҳо нуқтаҳои ҷамъоварии иттилоот дар бораи мо вуҷуд дорад. Ин маводҳо хариду фуруш, таҳлил шуда барои донистани худи мо истифода мешавад.
Дар Predictive_World қисми хурди иттилооти мо тариқи алгоритми таҳлилгарони Маркази психометрии донишгоҳи Кембридж, ки дар асоси корҳои 30 сола сохта шудааст, таҳлил карда мешавад. Лекин алгоритмҳои монанд, ки дар асосӣ таҳлили маводи бисёр аллакай ояндаи шуморо пегӯи мекунанд, дар амал кор карда истодаанд.”
Оид ба оне, ки чихел маводҳо истифода мешаванд дар филми кӯтоҳ тамошо кунед:
[youtube youtubeurl=»wYB9e1p7SJY» ][/youtube]