ДомойОзмунҳо/ГрантҳоСеминар оид ба масъалаҳои таъйирёбии иқлим ва мутобиқвашии минтақаҳои кӯҳии Осиёи Миёна

Семинар оид ба масъалаҳои таъйирёбии иқлим ва мутобиқвашии минтақаҳои кӯҳии Осиёи Миёна

Медиамутахассисон ва кормандони ВАО (рӯзноманигорон, хабарнигорон, муҳаррирон) аз давлатҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) метавонанд  дар семинари экспертӣ оид ба масъалаҳои таъйирёбии иқлим ва мутобиқшавии минтақаҳои кӯҳии Осиёи Миёна, ки аз 19-21 декабри соли 2016 дар Алмаато, Қазоқистон баргузор мегардад, ширкат варзанд.

Санаҳои 19-21 декабри соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон семинари коршиноси минтақавӣ оиди таъғирёбии иқлим ва мутобиқсозии манотиқи кӯҳии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки аз ҷониби Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) дар ҳамкорӣ бо GIZ, лоиҳаи RMCCA ва Медиа Интернюс» оид ба масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи марказӣ амалӣ карда мешавад.

 

Дар семинар  афзалиятҳои миллӣ ва минтақавӣ, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст муҳокима хоҳад шуд.

 

Илова бар ин, дар кори семинар намояндагони калидии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҷонибҳои манфиатдор, сиёсатмадорон ва коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар ноҳияҳои кӯҳистони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат  хоҳанд варзид.

Иштироки намояндагони мазкур ҷиҳати амалишавии натиҷаҳои семинар дар равандҳои сиёсии минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Семинар дар формати намоишҳои муаррифӣ аз тарафи коршиносон ва муҳокимаҳои интерактивии  мавзӯъҳои афзалиятнок (ба монанди гуногунии биологӣ, захираҳои об, энергетика ва ғайра) дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар доираи баргузории семинар 21 декабри  соли равон  бо иштироки коршиносон сафар ба Чимбулак ба нақша гирфта шудааст (25km аз Алмато, дар қаторкӯҳи Алатау , дар марзи Боғи миллии Иле-Алатау,ки  дар баландии 2200-2500 м вокеъ аст). Дар рафти сафар хабарнигорон оид ба вазъият, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он метавонанд бо коршиносон суҳбат ороянд.

 

Барои иштирок дар семинар номзадҳо бояд:

  • журналисти ВАО, онлайн медиа, ШТР, нашриёт бошанд;
  • мактуби дастгирӣ аз ҷониби муҳаррир, истеҳсолкунанда ё продюсер оид ба розигии ба нашр ва ё пахши мавод. Журналистони озод низ метавонанд бо ин гуна мактуб муроҷиат кунанд.

Интернюс мустақилии таҳририяи журналистонро пурра эҳтиром мекунад. Дар рафти семинар иштирокчиён барои тайёр кардани мавод озод мебошанд. Бо вуҷуди ин, журналистон бояд нусхаи маводеро, ки аз рафти семинар омода мекунанд, ба ташкилкунандагони семинар супоранд, то ки он дар бойгонии Интернюс ҷой дода шавад.

Семинар  дар шаҳри Алмаато санаҳои 19-21 декабри соли 2016 баргузор мегардад.

Барои иштирок дар Семинар интихоб карда мешаванд:

  • 2 нафар аз Қазоқистон,
  • 2 иштирокчиён аз Қирғизистон,
  • 2 нафар аз Тоҷикистон.

Хароҷоти сафар, хӯрок ва истиқомат барои иштирокчиёни интихобшуда аз ҷониби ташкилкунандагони Семинар пардохт карда мешавад.

Барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зерин ирсол карда шавад:

  • маълумотнома (CV);
  • мавод, мақолаҳо ва ғайраҳо;
  • номаи ҳавасмандӣ доир ба он, ки чаро шумо иштиёқманди иштирок дар ин семинар ҳастед ва шарҳи таҷрибаи фарогирии мавзўъҳои экологӣ, аз ҷумла масоили дахлдор ба тағйирёбии иқлим, экосистемаи куҳӣ, идоракунии устувори захираҳои табиӣ;

ДИҚҚАТ !!! Мӯҳлати ирсоли дархост 6 декабр то соати 18.00 (вақти Алмаато!!!)

Дархостҳоро ба нишонии зерин ирсол намоед: centralasia@internews.eu. Ҳатман навиштаҷоти

«Семинар оид ба тағйирёбии иқлим дар манотиқи кӯҳии Осиёи Марказӣ» дарҷ намоед.

Интернюс оид ба рад намудани иштироки номзадҳо тавзеҳот намедиҳад. Танҳо номзадҳое, ки аз озмун гузаштаанд  огоҳ карда мешаванд . Ташаккур  барои ҳамдигарфаҳмӣ.

Оид ба масъалаҳои иштирок дар семинар лутфан тамос гиред:

Қазоқистон: Nazim Toganbaeva, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қазоқистон, почтаи электронӣ: ntoganbayeva@internews.eu

Қирғизистон: Тимур Oganov, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Қирғизистон, почтаи электронӣ: toganov@internews.org

Тоҷикистон Фирӯз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон, почтаи электронӣ: fbarotov@internews.org

 

Манбаъ: livingasia.online.

Манбаирасм дар пешнамоиш: commons.wikimedia.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ