Интихоби сомонаҳо, шабакаҳо, лавозимотро барои мутахассисони медиа пешниҳод менамоем, ки дар масъалаи худомӯзӣ ва ташаккул манфиатдоранд.
- Вебинарҳои ройгон барои медиа-мутахассисони Internews бо забони русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва тоҷикӣ.
Беҳтарин коршиносони соҳаи медиаи байналмилалӣ, имконияти пешниҳоди савол ва гирифтани маслиҳат дар намуди вақти воқеӣ, дониши воқеии саривақтӣ ва навовариҳои таҷрибавии мушаххас – вебинарҳои Internews чанд маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд, иштирок ройгон аст.
То ба имрӯз мо дар мавзӯҳои мухталифи медиа – ахлоқ ва медиа, вебдок ва лонгридҳо, инфографика, пахши онлайнӣ ва ғайра 52 вебинар гузаронидем.
Эълонҳои вебинарҳои дарпешистода дар «Новый репортёр» ҷой дода мешаванд, Шумо метавонед ба номаи мо обуна шуда, эълонҳои вохӯриҳои онлайнии нақшавиро дар суроғаи электронӣ дастрас намоед.
- Барномаҳои онлайн ва офлайн, мавод, курсҳои Агентии консалтингии Silamedia.
Журналистикаи мултимедиявӣ ва сторителлинг, маркетинг ва менеҷменти лоиҳаҳои медиа, медиаи иҷтимоӣ ва ҷомеа, малакаҳои муаррифӣ, медиа ва ташаккул, чӣ бояд хонд, чӣ бояд тамошо кард, бо кӣ ошноӣ пайдо кард – дар ин ҷо Шумо шояд ҷавобро амалан ба ҳамаи саволҳо, ки бо медиаи нав алоқаманданд, пайдо намоед.
Муаллифи лоиҳа — Оксана Силантева, продюсери мултимедиа, тренер- мушовир дар соҳаи коммуникатсияҳои дохилӣ, берунӣ ва оммавӣ, маркетинг ва менеҷменти лоиҳаҳои медиа.
Азнавбақайдгирӣ (рамзикунонӣ), таҳияи тарзи паҳнкуниро чӣ гуна бояд ба роҳ монд, чат-бот ё сомона — вебинарҳо ва машғулиятҳои онлайнии Гармхонаҳо ба Шумо барои омӯзиши воситаҳо ва форматҳои нав кӯмак мерасонанд.
- Курсҳои онлайнӣ дар платформаҳои таълимии махсус.
Аксари коршиносони соҳаи медиа курсҳои муаллифиро пеҳниҳод менамоянд, ки барои журналистон, муҳаррирон, блогерҳо, намояндагони ТҒҲ муфид хоҳанд буд.
Мо пешниҳод менамоем, ки бо ин ҷамъоварӣ оғоз намоед.
- Вақти таҳқикот даррасид! Лавозимот барои журналистон-таҳқиқотчиёни навқаламон. Мавод аз ҷониби Ташкилоти ғайриҳукуматии Freedom House бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия омода карда шудааст.
- «Роҳбарӣ ба гузаронидани санҷиш барои журналистон-таҳқиқотчиён»-и Маркази Аврупоии журналистика (ЕЦЖ). Муалифони «Роҳбарӣ» оид ба ташкили ҷараёни тафтишоти далелҳо дар лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ҳамзамон масъалаҳои одобу ахлоқ дар рафти истифодаи мавод ҳангоми гузаронидани таҳқикот маслиҳатҳои саривақтӣ медиҳанд.
- Newmediaedu.ru — хизматрасонии онлайние, ки ба медиаи нав бахшида шудааст. Дарсҳо, таҳлили кейсҳо, маводҳои маърифатӣ.
- We Shall Burn Bright — гурӯҳи дастраси умум дар Facebook барои мутахассисони медиа. Маводҳо дар бораи намудҳо, пешкаш ва паҳнкунии мавод.
- Курси онлайнии ройгони «Муқаддима ба таҳқиқоти ҷамъиятӣ» («Введение в Общественное Расследование»). Шабакаи иҷтимоии судии «Так‐так‐так».
Агар Шумо боз дигар хизматрасониҳои онлайнии таълимиро барои мутахассисони медиа донед, аз шарҳ ва иловаҳо шод мешудем.