Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографии ба номи С.А. Герасимов донишҷӯёни хориҷиро барои иштирок дар 9-умин Мактаби кинои байналхалқии тобистонаи Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография даъват мекунад.
Мактаби кино ҳамаи онҳоеро, ки донишҷӯёни факултаҳои режиссёрӣ, оператории мактабҳои кинои ватанию хориҷӣ мебошанд ё фанҳои рассомӣ, мултимедиа, графикаи компютериро меомӯзанд, интизор аст.
Барномаи мактаби кино имсол аз чунин қисмҳо иборат аст:
Қисмати ҳуҷҷатии мактаби тобистона дар шаҳри Саранск (Ҷумҳурии Мордовия), гузаронида мешавад. Ин шаҳри қадимаи русиягӣ бо таърихи бой, меъморию манзараҳои нотакрор ва инчунин мероси мадании худ хеле маъруф мебошад.
Қисмати аниматсионии мактаби тобистона дар факултаи Аниматсия ва Мултимедиаи Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографии ба номи С.А. Герасимов, дар шаҳри Москав гузаронида мешавад.
Шарту шароити рафту омад ва зист:
Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба зиммаи худ чунин хароҷотро мегирад:
ҷойи зист ва хӯрдухӯроки иштирокчиёни мактаби тобистона
таъмин кардан бо таҷҳизоту маводҳо барои филмбардорӣ дар формати mini-DV
рафтуо ба самти Москва – Саранск – Москва, инчунин рафтан ба ҷойи наворбардорӣ
баровардани маҷмӯаи DVD бо сабти филмҳои наворбардоришуда ва ба ҳар як иштирокчии мактаб додани он
Иштирокчиёни мактаби кинои тобистона инҳоро пардохт менамоянд:
чиптаи парвоз ба Маскав ва бозгашт аз он ҷо
хароҷот оид ба тартиб додани раводид ба ҳудуди Федератсияи Русия
суғуртаи тиббӣ
Сана ва вақти баргузорӣ: аз 3-юм то 21-ум июли соли 2017- ум.
Макони баргузорӣ: Шаҳри Саранск (Қисмати ҳуҷҷатӣ)
Маскав (Қисмати аниматсионӣ) аз 10-ум то 21-уми июли соли 2017- ум.
Мӯҳлати супоридани ариза то санаи 10-уми майи соли 2017-ум.
Барномаи 9-умин Мактаби кинои байналхалқии тобистонаи Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография аз семинарҳо, дарсҳо ва машқҳо оид ба наворбардорӣ, ки аз тарафи кинематографистони соҳибтаҷрибаю шинохатаи аврупоию русиягӣ гузаронида мешаванд, дар бар мегирад.
Аризаро ба сомона супорида, аз он ҷо маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Манбаи акс дар пешомад: flickr.com.