ДомойХудомӯз4 онлайн-абзори ройгону оддӣ барои танзими видео ва тайёркунии аниматсия

4 онлайн-абзори ройгону оддӣ барои танзими видео ва тайёркунии аниматсия

Видео – имрӯз яке аз форматҳои самароникӣ пешниҳоди мавод ба ҳисоб меравад. 4 абзори оддӣ  ва  ройгон, ки барои сохта танзим намудани роликҳои босифат, аниматсия ва ғайраҳо, давоми якчанд дақиқа ёри мерасонанд, муаррифи менамоем.

Biteable — онлайн аниматсия дар дақиқаҳои бошумор.

Арзиш: тарофаи ройгон вуҷуд дорад

Biteable худро чун «соддатарин видеотанзимгар дар ҷаҳон» муаррифи менамояд. Он дорои интихоби саҳнаҳои тайёр, бо аниматсия ва видеосабтҳои зинда мебошад. Агар зоҳиш дошта бошед, метавонед сабтҳои худро низ ҷой диҳед.

Дастрасӣ: танҳо дар браузер.

Дастурамал барои истифода:

Biteable.com — хизматрасонӣ барои сохтани видеороликҳои аниматсионӣ

Spark Video by Adobe — видеои боваринокро давоми дақиқаҳои бошумор созед.

Арзиш: ройгон.

Ин замимаи ройгон дорои тавоногии хуб аст. Мавзӯи тайёрро гиреду бо хоҳиши худ ранг, тарҳ ва навиштаҳоро тағйир диҳед. Аксу видеои худатон ё ин ки аз бойгонии азим интихоб кунед, видеои худро бо матни аниматсиядор хотима бахшед.

Метавонед овози худ ё аз мусиқии пешниҳодшуда интихоб кунед. Маводи тайёр шударо тариқи шабакаҳои иҷтимои метавонед паҳн кунед.

Дастрасӣ: браузер ё iOS.

Ripl —  маводҳои диққат ҷалбкунанда созед ва онро тариқи Facebook, Twitter бо Instagram бо як ангуштзани паҳн кунед.

Арзиш: гузинаи ройгон мавҷуд аст.

Дар ин – видеозамима, ба миқдор – то ҳашт акс бо матнаш барои сохтани видеои аниматсиони, ки онро метавонед тариқи Facebook, Instagram или Twitter паҳн ё сабт (танҳо дар тарофаи Pro) кунед. Тезу оддӣ, видеои диққатҷалбкунанда аз аксҳо, асоси танзими видеоро талаб намекунад.

Дастрасӣ: iOS ва Android.

Animoto —  аксҳо ва видеосабтҳо дар видео-слайдшоу, тезу осон.

Арзиш: Тарофаи касбӣ аз 26 доллар барои як моҳ, муддати истифодаи ройгон 14 рӯз.

Animoto имкон медиҳад, ки дар асоси тахта барои ҷойбаҷойгузории қисса аксу видеои худро ҳамроҳ намоед. Аз абзори коллаж ва экрани ҷудокардашуда, барои ҷой додани якчанд акс ё аксу видео паи ҳам истифода бурдан мумкин.

Садои худ ё аз 2000 сурудҳои пешниҳод шуда ҳамроҳ кунед.

Дастрасӣ: дар браузер, iOS ва Android.

Дастурамал барои истифодабарӣ:

Animoto — хизматрасонӣ барои сохтани босуръати видеоролик аз акс

Захираҳои муфид:

Журналистика в эпоху онлайн-технологий: мастер-класс Абдужалила Абдурасулова, Би-би-си

Манбаи акси пешомад: maxpixel.freegreatpicture.com.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ