Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ барои кишварҳои Аврупо ва ИДМ дастури таълимиро оид ба журналистикаи маълумотӣ «Чун журналисти маълумотдеҳ фикр намо» пешниҳод намуд.
«Ин модул Шуморо бо фаҳмиши истилоҳи «маълумот» ва бо он ки барои омодасозии гузоришҳои аҳамияти ҷамъиятидошта, аз ҷониби журналистон онҳо чӣ тавр истифода бурда мешаванд, шинос мекунад…
…Пас аз ба итмомрасии модули мазкур Шумо метавонед:
- бигӯед, ки маълумот, маълумоти кушода ва маҷмӯи маълумот чӣ аст
- давраҳои таҳияи гузориши маълумотии муҳими иҷтимоиро дар асоси маълумот номбар намоед
- барои таҳияи гузоришҳо ғояҳоро аз маҷмӯи маълумот пайдо намоед
- барои таҳияи гузоришҳои проблемавӣ маълумотро аз соҳаҳои гуногун истифода намоед», — муқаддимаи китоб.
Дар мавод на танҳо вазифаҳои назариявӣ, балки супоришҳои амалӣ низ мавҷуданд.
Мундариҷа
Дарси 1: Барои таҳияи гузоришҳое, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудаанд, маълумотҳо чӣ тавр истифода бурда мешаванд.
Дарси 2: Ҳодисаро аз маълумотҳо чӣ тавр пайдо кардан мумкин аст
Дарси 3: Гузориши маълумотӣ аз рӯи соҳаҳо
Соҳа: идораи давлатӣ ва амният
Соҳа: иқтисодиёт ва буҷет
Дарси 4: Муқаддима ба журналистикаи таҳқиқотӣ
Дастурро аз рӯи ин истинод зеркашӣ намудан мумкин аст.
Китоби таълимии мазкур кори аслии модификатсионие мебошад, ки барои барномаи Бонки умумиҷаҳонии Sudan Evidence Base Programme, ки дар суроғаи https://www.sudandata.org/learning/2 воқеъст, омода карда шудааст.
Муаллифи дастур — Ева Константарас (Eva Constantaras), коршинос оид ба журналистикаи маълумотӣ.
Дар ин ҷо Шумо метавонед бо дастури дигаре оид ба журналистикаи маълумотӣ шинос шавед, ки Маркази минтақавии Барномаи рушди СММ барои кишварҳои Аврупо ва ИДМ баровардааст.