Журналистон аз Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия дар ин озмун метавонанд иштирок намоянд.
Бонки рушди Авруосиё озмуни «Ҳамгироӣ (интегратсия)-и Авруосиё ва рушд — асри XXI»-ро барои нашри беҳтарин маводи ВАО оид ба мушкилоти минтақавии ҳамгироӣ (интегратсия)-и иқтисодӣ доир менамояд.
Озмун аз рӯи шаш шарт (номинатсия): барои оҷонсиҳои иттилоотӣ, интернет-нашрияҳо, ВАО-и чопӣ, телевизион, радио, ва филмҳои мустанад гузаронида мешавад. Барои иштирок маводҳое, ки аз 1-уми октябри соли 2016 то 30-юми сентябри соли 2017 нашр ё ба мавҷ бароварда шудаанд, қабул карда мешаванд.
Ғолибони озмун аз рӯи ҳар як номинатсия бо диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд.
Дархостҳо то 30-юми сентябр қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти бештар инро пахш намоед.