ДомойМедиалентаМаркази омӯзиш барои журналистон аз Google News Lab

Маркази омӯзиш барои журналистон аз Google News Lab

Лабораторияи иттилоотии Google – барои мутахассисони медиа мактаби онлайнӣ мебошад, ки дар ҳақиқат аз он метавон иттилооти муфид ва рӯзмарраро дастрас намуд. Ба силсилаи дарсҳои Google News Lab таваҷҷӯҳ намоед.

Дарсҳо бо забони англисӣ гузаронида мешаванд, вале ҳатто ба онҳое, ки ин забонро ба дараҷаи паст медонанд, фаҳмо хоҳанд шуд. Ҳамзамон Шумо метавонед забонҳои олмонӣ, испанӣ ва ғайраро интихоб намоед — рӯйхати забонҳои дастрасро дар кунҷи рости болоӣ бубинед.

Маркази омӯзишии Лабораторияи иттилоотӣ чиро пешниҳод менамояд?

  1. Кор бо дархостҳои ҷустуҷӯӣ, трендҳо
  2. Имконияти монетизатсияи мавод бо кӯмаки воситаҳои Google
  3. Журналистикаи таҳқиқотӣ
  4. Журналистикаи маълумотҳо
  5. Сторителлинги мултимедиявӣ
  6. Амният

Ва дигар.

Албатта манбаъро дар браузери хеш илова кунед — дар як рӯз ҳамагӣ чанд дақиқаи омӯзиши ин дарсҳо ба Шумо барои ба таври назаррас баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣ кӯмак мерасонад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ