ДомойОзмунҳо/ГрантҳоТренинг: «Чихел маводҳои эклогиро бояд фурӯхт ё барои чӣ ба панда бамбук»

Тренинг: «Чихел маводҳои эклогиро бояд фурӯхт ё барои чӣ ба панда бамбук»

Internews барои иштирок дар тренинги «Чихел маводҳои эклогиро бояд фурӯхт ё барои чӣ ба панда бамбук», ВАО, медиаташкилотҳо, истеҳсолгарони мавод ва намояндагони ТҒД-и экологиро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват мекунад.

Тренинг аз 10 то 20 августи соли 2017 бо навбат дар сез давлат баргузр мегардад:

  • Душанбе – 11-12 август;
  • Алмаато – 14-15 август;
  • Бишкек – 17-18 август

Дар ин тренинг бояд ҳатман иштирок кунед, агар инҳоро омӯхтан хоҳед:

  • Фурӯши маводи мураккаб барои рекламадиҳандагон (аз он ҷумла – мултимедиявӣ);
  • Ҳамкории мутақобила бо рекламадиҳандагон ва сарпарастон дар фазои нави иттилооти барои онҳо;
  • Коркарди пешниҳодҳои тиҷоратии фурӯхташаванда ва татбиқи он аз оғоз то анҷом;
  • Даромад аз рекламаи аслӣ ва лонгридҳо;
  • Донистани фарқияти лоиҳа аз силсилаи нашрияҳо ва даромадгири аз ҳарду намуд;
  • Ташкили чорабиниҳои соҳавӣ ва маблағкоркунӣ аз он;
  • Истифодаи PR-стратегия ва СММ дар фурӯш ва татбиқи минбаъдаи лоиҳа.

Дар тренинг иштирок карда метавонанд:

  • Муҳаррирон;
  • Директорони тиҷоратӣ;
  • Сардорони шуъбаҳои маркетингӣ/рекламавӣ;
  • Истеҳсолгарони маводҳои эклогӣ

Дар омӯзиш аз як ширкат то 2 намоянда иштирок карда метавонанд.

Мақсади тренинг – муаррифии абзорҳои нав барои тиҷори намудани маводҳои экологӣ.

Роҳбари медиалаборатория: Анастасия Снигерева – дорандаи собиқаи 15-сола дар соҳаи фурӯши рекламаи фаъол ва  истеҳсоли реклама дар ҳаргуна паҳнкунандагони иттилооти-дилхушӣ. Дар ҳаргуна матабаҳо, дар ҳайси сардори шӯбаи реклом кор кардааст.   Айни замон медиаспикер, PR-директори маҷмӯаи тарабхонаҳо, дорандаи тиҷорати шахсӣ.

ДИҚҚАТ! Ҳамкорони калидӣ ва гирандагони суб-грантҳои лоиҳаҳои Internews «ВАО барои тавзеҳи самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табии дар Осиёи Марказӣ»  бо баробарии холҳо, афзалият доранд.

Internews хароҷоти роҳкиро, хӯрок ва зисти ҳамаи иштирокчиёнро ба зиммаи худ мегирад.

Шакли дархостро инҷо метавонед зеркаши намоед.

Шакли пуркарда ва ҳуҷҷатҳои иловагиро ба постаи электронии centralasia@internews.eu ирсол намоед. Дархостҳо то 2 августи 2017 сол қабул карда мешаванд.

Тренинги «Чихел маводҳои эклогиро бояд фурӯхт ё барои чӣ ба панда бамбук» дар доираи лоиҳаи «ВАО барои тавзеҳи самараноки масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табии дар Осиёи Марказӣ» Internews, бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо амали мегардад.

Манбаъ: livingasia.online.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ