ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Климадапт рӯзноманигори соли 2017 -...

Озмуни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Климадапт рӯзноманигори соли 2017 — бо тағйирёбии иқлим якҷоя мубориза мебарем

Лоиҳаи Климадапт, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) маблағгузорӣ карда мешавад, намояндагони васоити ахбори оммаро ва фрилансерон барои иштирок дар озмуни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Климадапт рӯзноманигори соли 2017 — бо тағйирёбии иқлим якҷоя мубориза мебарем.

Мақсади озмун:

  • Афзудани фарогирӣ дар васоити ахбори омма оиди чорабиниҳо барои паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим;
  • Мусоидат ба ҳамкории наздик бо васоити ахбори омма дар мавзӯи паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим;
  • Баланд намудани сатҳи огоҳӣ оиди чорабиниҳо, ки ба паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

Категорияҳои озмун:

Беҳтарин нашриёт дар категорияҳои зерин:

  • Чопӣ;
  • Интернет (онлайн);
  • Радио ва Телевизион.

Мавзӯи озмун:

  • Технологияҳои устувор ба тағйирёбии иқлим – мусоидат ба пешбарии таҷҳизот ва чораҳое, ки идораи барқ​​/об /хокро дар Тоҷикистон беҳтар менамояд;
  • Манфиатҳои технологияҳои устувор ба тағйирёбии иқлим барои хонаводаҳо, кишоварзон ва соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон.

Меъёрҳои асосии баҳогузорӣ ба маводҳои рӯзноманигорон:

  • Фарогирии касбӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалии рузноманигорӣ ва қобилияти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оиди чорабиниҳое, ки ба паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон равона карда шудаанд;
  • Сифати баланди маводҳои аёнӣ (визуалӣ) ва аудио;
  • Ишора ё дарҷ кардани масъалаҳои гендерӣ.

Қоидаҳои озмун:

  • Дар озмун намояндагони радио, телевизион ва воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва рақамӣ метавонанд иштирок намоянд;
  • Барои иштирок дар озмун маводҳои зерин қабул карда мешаванд: иншо/эссе, мақолаҳо, мукотибот, ҳисобот, мусоҳибот, блог ва маводҳои аудио, ки дар ягон намуди нашриёти даврӣ ва дар Интернет нашр шудааст, дар телевизион ва радио пахш шудааст — на камтар аз 2 ва на бештар аз 3 корҳо аз ҳар як иштирокчӣ;
  • Ҳамаи маводҳо бояд бо забони русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд;
  • Давомнокии озмун – 21 июли соли 2017 — 31 декабри соли 2017;
  • Барои иштирок дар озмун, рӯзноманигорон бояд маводҳои худро (телевизион ва радио, рӯзномаву мақолаҳои интернетӣ), дар васоити ахбори омма аз давраи моҳи июли соли 2017 то 31 декабри соли 2017 нашр намоянд. Баъдан маводҳоро тариқи почтаи электронӣ ба info@climadapt.tj ё дар лифофаи мӯҳрдор/имзошуда ба суроғаи ш.Душанбе, кӯч. Бохтар 37/1, 802 равона намоянд;
  • Ғолибони озмун моҳи феврали соли 2018 муайян ва эълон карда мешаванд.

Ғолибони озмун бо сертификатҳо ва тӯҳфаҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар охири моҳи августи соли 2017 барои рӯзноманигорони хоҳишманд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ» ташкил карда мешавад. Лутфан, хоҳиши иштироки худро тариқи почтаи электронии z.homidova@int.fs.de тасдиқ намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ