ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмун барои журналистони Тоҷикистон: «Якҷоя бо тағйирёбии иқлим мубориза мебарем»

Озмун барои журналистони Тоҷикистон: «Якҷоя бо тағйирёбии иқлим мубориза мебарем»

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ, аз тарафи Бонки Аврупоии рушду таҷдид (БАРТ) ва Фондҳои Сармоягузорӣ оид ба иқлим маблағгузори мешавад, намояндагони ВАО ва фрилансерони Тоҷикистонро барои иштирок дар озмуни ЕБРР Климадапт журналисти соли 2017 – бо тағйирёбии иқлим мубориза мебарем, даъват менамояд.

Мақсадҳои озмун:

  • Баланд бардоштани фарогирии маводҳо оиди кам кардани оқабатҳои офатҳои табии дар васоити ахбори омма;
  • Пешбурди ҳамкории зич бо ВАО дар мавзӯи тадбирҳои коҳишдиҳии оқибатҳои офатҳои табии;
  • Баланд бардоштани огоҳӣ аз тадбирҳое, ки ба устувории иқлим мусоидат мекунанд.

Ҷоизаҳои озмун:

Беҳтарин маводҳо дар чунин ҷоизаҳо:

  • ВАО-и чопӣ;
  • Интернет (онлайн);
  • Радио ва ТВ

Мавзӯҳои озмун:

  • Технологияҳо барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим — пешбурди таҷҳизот ва тадбирҳое, ки беҳбудии идоракунии нерӯи барқ /об/ заминро дар Тоҷикистон беҳтар мегардонанд;
  • Афзалиятҳои технологияи устувории иқлим барои хонаводаҳо, деҳқонон ва ташкилотҳои хурду миёна (бизнеси хурд) дар Тоҷикистон.

Меъёрҳои асосии арзёбии маводҳои журналистӣ:

  • Инъикоси касбии ҷавобгӯй ба меъёрҳои журналистикии байналхалқӣ ва товоногии баланд бардоштани огоҳи оид ба устувори ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон
  • Сифати баланди маводҳои тасвири ва овозӣ
  • Хотирасони ё ҳамроҳ намудани мавзӯи гендерӣ

Шартҳои озмун:

  • Иштирокчии озмун намояндагонӣ радио, телевизион, ВАО-и чопӣ ва интернет-ВАО шуда метавонанд
  • Барои иштирок дар озмун чунин маводҳо қабул мешаванд: эссе, мақолаҳо, мукотибот, ҳисобот, мусоҳиба, болог ва аудио сабт, ки дар дилхоҳ нашрия, интернет, ТВ ва радио чоп ё пахш шуда бошад – аз ҳар иштирокчи на кам аз 2 ва на зиёда аз 3 мавод қабул карда меашвад
  • Маводҳо бо забони тоҷики ё русӣ бояд пешниҳод шаванд
  • Давомнокии озмун – 21 июли соли 2017 – 31 декабри соли 2017
  • Барои иштирок дар озмун журналистон бояд маводҳои худро дар ВАО (ТВ ва радиомаводҳо, мақолаҳои газети ва интернетӣ) аз июли соли 2017 то 31 декабри соли 2017 ҷой намоянд. Баъдан маводро тариқи почтаи электронии info@climadapt.tj ё дар намуди мактуби махкам ба суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, 802 то 12 январи соли 2018 пешниҳод намоянд
  • Ғолибон моҳи феврали соли 2018 муайян мегарданд.

Ғолибони озмун бо сертификат ва тӯҳфаҳои қимматбаҳо қадрдони карда мешаванд.

Охири моҳи августи соли 2017 барои журналистони шавқманд семинари омӯзишӣ ба мавзӯи «Устуворӣ барои тағйирёбии иқлим ва нақши муассисаҳои молиявӣ» баргузор мегардад.

Лутфан хоҳиши худро тариқи почтаи электронии z.homidova@int.fs.d тасдиқ кунед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ