ДомойХудомӯзЧор роҳи гирифтан ва хондани оффлайн-сомонаҳо

Чор роҳи гирифтан ва хондани оффлайн-сомонаҳо

Агар Шумо сомона ё саҳифаи алоҳидаро зеркашӣ карданӣ бошед, дар ин кор бароятон якчанд роҳи санҷидашуда ва боваринокро тавсия медиҳем.

  1. Берунории вед-саҳифаҳои алоҳида ба компютери шахсӣ

Дар системаҳои Windows, Mac ва Linux ҳангоми кор кардан дар браузер тугмаи Ctrl+S –ро пахш кунед, то ки дар он «Save page» пайдо шавад. Дар  «Save page» саҳифаро аз зерфеҳрасти интихобшуда сабт мекунед. Сипас  HTML-файл ва папка, ки дорои тамоми ахборот мебошад, нигоҳ дошта мешаванд. Шумо барои бидуни зарурати пайвастшавӣ ба интернет гирифтани веб-саҳифаи сабткардаатон дар браузер HTML-файлро кушода метавонед.

Дар смартфонҳо

Хондани вебсомона дар оффлайн ҳам дар замимаи мобилии Chrome барои Андроид ва ҳам дар замимаи мобилии Chrome барои iOS имконпазир мебошад. Дар Chrome барои Андроид саҳифае кушоед, ки барои онро дидан дар оффлайн нигоҳдорӣ кардан мехоҳед ва тугмаи асосии дар канори рости қисмати болии номгӯй (меню) мавҷуд бударо пахш кунед. Дар ин ҷо нишонаи «Зеркашӣ» (Загрузка) ва саҳифа ба дастгоҳ зеркашӣ мешавад. Шумо онро барои тамошо кардани веб-саҳифаатон дар браузери муқаррариатон кушода метавонед.

 

Дар Chrome барои iOS функтсияи «Рӯйхат барои хондан» мавҷуд аст ва он барои нигоҳ доштани  веб-саҳифаҳое, ки дертар хондан мумкин аст, имконият медиҳад. Барои ин дар браузер ба номгӯйи «Тақсим кардан» (Поделиться) ва интихоб кардани варианти «Дертар хондан» гузаштан лозим меояд. Тамоми мақолаҳои нигоҳдоришударо бо осонӣ тавассути пункти «Рӯйхат барои хондан» дар номгӯйи роҳандозии Chrome гирифтан мумкин аст. Истифодабарандагони iOS инчунин функтсияи «Рӯйхат барои хондан»-ро дар Safari истифода бурда метавонанд, то ки барои дертар хондани маводи дар веб-саҳифаҳо мавҷудбуда ва инчунин барои мувофиқ гардонидани ин саҳифа ба дигар дастгоҳҳо онро нигаҳдорӣ карда тавонанд.

  1. Истифодаи HTTracks (барои Windows, Linux ва Android)

Httrack.com – воситаи маъруф барои зеркашӣ намудани тамоми маълумотҳои асосии сомона ва дарасӣ ба он дар оффлайн мебошад. Ин восита бо рақами ибтидоӣ мебошад, ки онро дар пойгаҳҳои Windows, Linux ва Android истифода бурдан мумкин аст. Он аз истинод (ссылка) ба истинод гузашта, сомонаро пурра зеркашӣ менамояд ва инчунин бойгониро дар шакле вонамуд мекунад, ки гӯё Шумо сомонаро дар онлайн тамошо карда истода бошед.

Агарчанде HTTracks роҳандозиҳои зиёд дошта бошад ҳам, дар он ичунин мададрасони оддӣ низ мавҷуд аст, ки ба истифодабарндагони бетаҷриба барои бо осонӣ зеркашӣ намудани  вебсомонаҳо имконият медиҳад.

Ана ин тавр онро истифода мебаранд:

HTTracks-ро васл кунед ва сар диҳед ва барои ба кор даровардани мададрасон тугмаи «Next»-ро пахш кунед. Аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки номи лоиҳаеро нависед, ки офаридан мехоҳед. Ин ном дар оянда барои бо зудӣ рақамикунонии маълумот ёрӣ мерасонад. Бино бар ин номро чунон интихоб кунед, ки маънӣ дошта бошад.

Дар саҳифаи дигар тугмаи «Add URL»-ро пахш кунед (истинод илова кардан) ва истиноде, ки зеркашӣ кардан мехоҳед, онро дар сомона нависед. Агар маълумоти асосии зиёда аз як вебсомонаро зеркашӣ карданӣ бошед, якчанд сомнаро илова карда метавонед.

Инчунин дар ин ҷо тугмаи «Set options» (роҳандозӣ) мавҷуд аст, ки тавассути он дарёфтани гузинаҳои (опции) мувофиқ барои бо талаболтҳои худ роҳандозӣ кардан осон аст. Вале пеш аз ягон чизро дар роҳандозиҳо тағйир додан тарзи корбариро оид ба HTTtracks хондан лозим аст. Пас аз ин барои зеркашӣ намудани маълумоти сомона тугмаи «Next» ва баъдан тугмаи «Finish»-ро пахш кунед.

Ин раванд вобаста ба ҳаҷми хурд ё бузург доштани манбаъ вақти зиёдро гирифта метавонад. Барои зеркашӣ кардани сомонаҳои калон ҳатто якчанд рӯз лозим меояд.

Бар замми он ин маълумот бо осонӣ фазои якчандгигабайтаи диски сахтатонро гирифта метавонад. Бино бар ин пеш аз оғоз намудани амали зеркашӣ он бояд ҷойи зиёди холӣ дошта бошад. Пас аз анҷоми амали зеркашӣ Шумо лоиҳаатонро кушода, сомонаҳоро дар браузери муқаррарии худ тамошо карда метавонед.

Маслиҳат: HTTtracks зеркашии маълумотро аз навсозиҳои охирин сар мекунад ва ба оқиб ҳаракат карданро давом медиҳад. Агар ба Шумо на ин ки тамоми сомона, балки танҳо хабарҳои охирин лозим бошанду зеркашии маълумоти бароятон лозима ба охир расида бошад, раванди амали зеркашикуниро боздоштан мумкин аст. Ҳатто агар раванди зеркаширо боз доред ҳам, ба маълумоти асосие, ки аллакай зеркашӣ шудаанд, дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст.

  1. Истифодабарии SiteSucker (барои Mac OS X ва iOS)

SiteSucker –алтернативаи олӣ HTTracks барои истифодабарандагони  Mac OS X ва iOS мебошад. SiteSucker чун HTTracks кор мекунад ва аз истинод ба истинод гузашта, сомонаҳоро ба пуррагӣ зеркашӣ менамояд. Барои тамошо кардани вебсомонаҳои зеркашишуда Шумо инчунин амали зеркаширо дар байни кораш боз дошта метавонед ва дар вақти дилхоҳ он амалро давом дода метавонед.

  1. Васеъ кардани браузерҳо барои хондани оффлайн

Якчанд роҳи васеъкунӣ барои браузер мавҷуд мебошад, ки тавассути он маълумоти асосии вебсомонаро зеркашӣ кардан мумкин аст ва онро дар Оффлайн тамошо кардан имконпазир мебошад.

PageArchiver (барои Chrome) барои нигоҳ доштан ё сабт кардани вебсомонаҳои бисёр ва аз интерфайси худ ба онҳо дастрасӣ пайдо кардан мебошад. Ҳамаи он веб-саҳифаҳоеро, ки айни замон дар браузер кушода мебошанд, зеркашӣ кардан мумкин аст. Саҳифаеро боз кунед, ки ба Шумо лозим аст ва онҳоро бо ёрии PageArchiver зеркашӣ намоед.

ScrapBook (барои Firefox) барои зеркашӣ намудани саҳифаҳои алоҳида ё тамоми сомона имконият медиҳад. Ичунин ин васеъкунӣ дар интерфайси худ манбаҳои зеркашишударо ба тартиб медарорад ва мавҷудияти сатри қулайи ҷустуҷӯӣ амали ҷустуҷӯи маводи заруриро осон мегардонад.

Mozilla Archive Format (барои Firefox). Ин васеъкунӣ амалан тафсири беҳтаргардонидашуда барои нигоҳ доштани саҳифаҳо мебошад. Он кафолат медиҳад, ки саҳифа айнан дар шакли аслиаш зеркашӣ карда шудааст ва файлро барои васеъ кардани фазои холи диск мефишурад. Илова бар ин Mozilla Archive Format тамоми аудио ва видеофайлҳоро аз саҳифаҳо зеркашӣ менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ