Барои фасли 5-ум қабули дархостҳо ба лоиҳаи «Рӯзноманигории байнисарҳадӣ»-и барномаи «Перспективаҳо» — тирамоҳи 2017 оғоз гардид. Лоиҳа ба рӯзноманигороне, ки нав фаъолияти худро дар ин соҳа оғоз карда истодаанд, барои инкишоф додани малакаи онҳо дар инъикос намудани воқеаву рӯйдодҳои байналхалқӣ, инчунин барои ба роҳ мондани алоқа бо ҳамкорон аз хориҷи кишвар имконият медиҳад.
Рӯзноманигорон, фрилансерҳо ва блогерҳо аз Русия, давлатҳои Балтия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар ҳайъати як гурӯҳ якҷоя кор карда, лоиҳаҳои ҳамҷоя ё алоҳидаи худро сохта метавонанд, ки мавзӯҳои гуногунро фаро гирифта метавонанд. Мавзӯҳое, ки ба ҷанбаҳои маълумоти асосии минтақаҳои байналхалқӣ ва байниминтақавӣ тааллуқ доранд.
Он дастае афзал дониста мешавад, ки аъзои он аз намондагони ВАО — мухталиф ва давлатҳои гуногун иборат бошад. Дар ҳолати пешниҳоди аризаҳои индивидуалӣ номзадҳои муваффақ, ки лоиҳаҳои ба ҳам монанд доранд, аз тарафи устодони барнома ба як гурӯҳ муттаҳид карда мешаванд. Барои ин, тавсия дода мешавад, ки дар аризаи индивидуалӣ номгӯй ва мавзӯи ҷуғрофие, ки муаллиф ба он ҳавасмандӣ дорад, иловатан ишора карда шавад.
Барои додани ариза тафсилоти муфассали ғояи коркардшудаи лоиҳа ва намунаи феҳрасти хароҷоти эҳтимолиро баҳри дар амал табиқгардонии лоиҳа пешниҳод кардани зарур аст.
Номзадҳое, ки бомуваффақият аз даври интихобӣ мегузаранд, ёрии касбии мураббиён пешниҳод карда мешавад, сарфу хароҷоти сафар, ки барои амалигардонии лоиҳаи онҳо зарур аст, пардохт карда мешавад. Барномаи «Перспективаҳо» мабалғгузории лоиҳаҳоро барои тайёр намудан ва нашр кардани маводҳо таҷриба намекунад. Барнома рафту омад, ҷойи зист ва хӯрдхӯроки иштирокчиёнро бо иштирокчиён ва мураббиёни лоиҳа ҳангоми вохӯрии дурӯзаи аввал ва охирин пардохт менамояд.
Чорабиниҳои асосии лоиҳа:
- 28-29-уми октябри соли 2017-ум. Семинари дурӯзае, ки дар он дастаҳо бо устодон вохӯрда, лоиҳаҳои худро пешниҳод карда метавонанд ва самтҳои боиқтидори инкишофдиҳии лоиҳа ва нақшаи дар оянда ба амал тадбиқгардонии лоиҳаро муҳокима карда метавонанд.
- 30-юми октябри соли 2017 – 15-уми декабри соли 2017-ум. Иштирокчиён ба ҷойҳои кори худ бармегарданд ва дар дурӣ аз ҳамдигар таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба ва рӯзноманигорон якҷоя аз болои сохтани маводҳо корро пеш мебаранд.
- Дар ин давра ҳар як даста дар вақти мувофиқ метавонад сафари кӯтоҳи тадқиқотиро ба минтақаҳои лоиҳа, ба Русия, давлатҳои Балтия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз анҷом диҳад, то ки маълумотҳои асосии далелнок ва дар амал инкиш додани малакаи офаридани маводи байнисарҳадии заруриро ҷамъоварӣ намояд. Хароҷоти вобаста бо иҷроиши супоришҳои лоиҳавӣ алоқамандбуда дар шакли сафари тадқиқотӣ аз тарафи барнома маблағгузорӣ карда мешавад.
- 16-17-уми декабри соли 2017-ум. Сессияи дурӯзаи ҷамъбастӣ, ки дар он дастаҳо вохӯрда, маротибаи охирин маводҳои худро бо мураббиён ва иштирокчиёни дигар муҳокима карда метавонанд.
- 15-уми январи соли 2018-ум. Санаи тақрибии баромадани маводҳо.
Макони баргузории семинарҳо дертар, пас аз аниқ шудани ҳайъати номзадҳо ва аризаи мавзӯи онҳо муайян карда мешаванд. Пешакӣ чунин эҳтимол меравад, ки семинарҳо дар Қазоқистон ё Молдова ё Гурҷистон гузаронида шаванд.
Аризаҳои барои иштирок дар лоиҳаи «Рӯзноманигории байнисарҳадӣ» — фасли 5 то санаи 1-уми октябри соли 2017-ум қабул карда мешаванд.
Барои пешниҳоди дархост аз ин истинод истифода баред>
Натиҷаҳои дида баромадани аризаҳо санаи 10-уми октябри соли 2017-ум, соати 19:00 бо вақти Маскав тавассути фиристодани огоҳиномаҳо ба почтаи электронии дар ариза нишон додашуда эълон карда мешаванд. Ташкилкунандагони барнома натиҷаи интихобро шарҳ намедиҳанд.