ДомойМедиалентаТамоюли истифодашавии иттилоот дар тамоми ҷаҳон: тадқиқоти Digital News Report

Тамоюли истифодашавии иттилоот дар тамоми ҷаҳон: тадқиқоти Digital News Report

Ijnet.org маҷмӯи трендҳои аҷоибро аз тадқиқоти ҳарсолаи Digital News Report, ки аз тарафи Донишкада оид ба омӯзиши рӯзноманигорӣ  Reuters дар донишгоҳи Оксфорд ба табъ расонида мешавад, намоиш дод.

[youtube null=»YwEecEKElAU» ][/youtube]

Тадқиқоти соли 2017-ум дар ҳаҷми 133 саҳифа дорои маълумоти муфассал оиди 36 давлатҳои мухталиф мебошад (дар тадқиқоти соли 2012-ум шумораи давлатҳо ҳамагӣ 5 адад буд).

  1. Малайзия – пешвои ҷаҳонӣ дар истифодабарии иттилооти WhatsApp

Нисф зиёди истифодабарандагони иттилооти рақамӣ дар ин давлат (51 фоиз) хабарҳоро аз ин мессенджер мегиранд. Дар ин минтақа WhatsApp баъд аз Facebook дар ҷойи дуюм меистад (58 фоиз). Барои муқоиса – дар ИМА танҳо 3 фоизи истифодабарандагони иттилооти рақамӣ барои ҷустуҷӯи хабарҳо аз WhatsApp истифода мебаранд, ки боиси бавуҷудоии тамоюли зиёди минтақавию ҷаҳонии истифодабарии ин хадамот мегардад.

  1. Одамони Юнон ва Куриёи Ҷанубӣ ба иттилоот камтар бовар мекунанд.

Дар ин ду давлат танҳо камтар аз чор як ҳиссаи одамони (23 фоиз) пурсиш шуда ҷавоби «Ман фикр мекунам, ки дар бисёр ҳолатҳо ба аксарияти хабарҳо бовар кардан мумкин аст»-ро доданд. Баракси чунин ҳолат дар Финляндия ва Бразилия ин нишондод то ба 60 ва 62 фоиз расид. Танҳо дар шаш давлат ба ин савол нифс зиёди пурсидашавандагон ҷавоби мусбӣ доданд. Гуфтанд, ки хабарҳо инъикосгари проблемаҳое мебошанд, ки бо боварии   аудитория алоқаманд мебошанд, проблемаҳое, ки рӯзноманигорон ва ташкилотҳои иттилоотӣ дар тамоми дунё ба онҳо дучор меоянд.

  1. Одамон дар Юнон ва Туркия нисбат ба аҳолии дигар давлатҳо аз хабару навигариҳо бештар дурӣ меҷӯянд.

Дар ин давлатҳо аз нисф зиёди истифодабарандагони иттилооти рақамӣ (57 фоиз) эътироф намуданд, ки аз хабарҳо фаъолона мегурезанд. Тадқиқот тахмин мекунад, ки шояд ин бо он алоқаманд бошад, ки давлатҳои чун Юнон ва Туркия бо «проблемаҳои ҷидии иқтисодӣ ва сиёсӣ» мушавваш мебошанд.

Аҷиб, агарчанде Куриёи Ҷанубӣ ба рӯйхати давлатҳое шомил мешаванд, ки аҳолиашон нисбатан камтар ба хабарҳо бовар мекунанд, танҳо аз  чор як ҳиссаи пурсишшудагон (26 фоиз) ҷавоб доданд, ки аз хабарҳо дурӣ меҷуянд. Дараҷаи аз ҳама пасти ин нишондод дар байни аҳолии Ҷопон мебошад. Дар ин ҷо танҳо 6 фоиз одамон ҷавоб доданд, ки аз пайи хабарҳо дунболагирӣ накарданро беҳтар медонанд.

  1. Аҳолии Скандинавия аз ҳама бештар тайёранд, ки барои гирифтани хабарҳо маблағ пардохт намоянд.

Фоизи обунашудагони доимӣ ба хадамоти иттилооти рақамӣ дар давлати

Норвегия (15 фоиз) аз ҳама зиёд мебошад. Дар Шветсия (12 фоиз) ва Дания (10 фоиз) мебошад. Дараҷаи хароҷотҳои дигар барои маводи иттилоотӣ, ба монанди харидории нашриёти алоҳида, хайрот ва ғайра хароҷот барои мукотибот дар тамоми давлатҳое, ки тадқиқот гузаронида шудааст, аз хама калон будааст. Ин рақамҳо инъикосгари вазифаи пешистодаи ширкатҳои иттилоотие мебошад, то ки истифодабарандагоне, ки ба маҳсулоти хабарӣ вақт сарф мекунанд ва маблағ пардохт менамоянд, ба муштариёни доимиашон табдил ёбанд. Дар Бритонёи Кабир, ки BBC манбаи асосию муҳими иттилоотӣ маҳсуб меёбад ва барои одамон манбаи иттилооти ройгонро дастрас мегардонад (аммо тамоми аҳолии ин кишвар барои иттилоот бо дигарон қариб баробар маблағ пардохт менамоянд), танҳо 3 фоизи пурсишшудагон дар соли гузашта барои иттилоот мунтазам маблағ пардохт намудаанд. Дигар шакли пардохт барои хабарҳо низ нисбати дигар давлатҳо дар ин кишвар арзонтар аст.

  1. Apple News дар Австралия нисбатан маъруф гардида истодааст

Танҳо аҳолии Бритонёи Кабир, ИМА ва Австралия ба хадамоти Apple News дастрасӣ доранд (барномаи Spotlight дар бисёр давлатҳои дигар низ дастрас аст) ва нуфузи он дар ИМА ва Австралия бо суръати баланд боло меравад.

Байни истифодабарандагони iPhone дар ИМА маҳбубияти ин хадамот дар соли 2016-ум қариб ду баробар зиёд шуда буд (аз 13 то 25 фоиз). Дар  Австралия бошад, истифодабарандагони iPhone дар соли 2016-ум ва 2017- ум аз 8 фоиз то ба 25 фоиз зиёд шуд. Фаҳмидан шавқовар аст, оё зиёдшавии  ин тамоюл дар ин давлатҳо ва дигар кишварҳои дунё идома меёфта бошад ё не.

  1. 6. Агрегаторҳо чун воситаи асосии таъминкунандаи иттилоот дар минтақаи Осиё ва баҳри Ором боқӣ мемонанд.

Хадамоти чун Apple News ва Snapchat Discover агрегаторҳои насли навро пешкаш менамоянд. Ин агрегаторҳо барои истифодабарандагони воситаҳои мобилӣ пешбинӣ шудаанд ва доираи аудиторияи мақсадноки онҳо васеъ шуда истодааст.

Агрегаторҳои нисбатан муқаррарӣ бошанд,  дар минтақаҳои рушдкардаистода маъмул боқӣ мемонанд. Масалан, аз хадамоти Google News ҳар ҳафта зиёда аз 21 фоизи иштирокчиёни  пурсиш аз давлатҳои Осиё ва Амрикои Лотинӣ, ки аз Амрико Шимолӣ зиёд мебошанд (13 фоиз), истифода мебаранд. Дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ин нишондод  10 фоиз аст. Шояд дар Осиё агрегаторҳо воситаи асосии таъминкунандаи иттилооти рақамӣ гарданд.

  1. Минтақаи Осиё-баҳри Ором ва Амрикои Лотинӣ аз рӯйи васегии доираи аудиторияи мобилӣ пешсаф мебошанд.

Огоҳиномаҳои мобилӣ чун воситаи дастрас намудани хабар дар Тайван (32 фоиз) нисбатан маъруф мебошанд. Ин нишондод дар Гонконг (27 фоиз) ва Туркия (24 фоиз) баланд мебошад. Ҷойи чорумро дар ин сатҳ Шветсия ишғол менамояд, ки 22 фоизро ташкил медиҳад.

Гонконг аз рӯйи шумораи аудиторияи мобилӣ, аз ҷиҳати истифодабарии иттилоот, пешсаф мебошад. Ҷойи сеюмро ба сифати дастгоҳи асоси барои дастрасӣ ба иттилоот смартфон ишғол менамояд. Дар Сингапур ин нишондод нисбатан паст аст.

Қариб аз чор се ҳиссаи иштирокчиёни тадқиқот дар Гонконг (31 фоиз) смартфонро ягона дастгоҳе номиданд, ки онҳо барои гирифтани иттилоот истифода мебурдаанд. Малайзия (27 фоиз), Сингапур (26 фоиз), Чили (25 фоиз) ва Мексика (24 фоиз) тамоюли ба ҳам шабеҳро нишон медиҳанд. Муҳаққиқон ва ширкатҳое, ки ба корбарии истифодабарандагони иттилооти мобилӣ ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд, бояд ба ин бозорҳо диққат диҳанд.

  1. Бренд, манбаи иттилоотие, ки дар тамоми ҷаҳон шумораи зиёди истифодабарандагонро дорад, ин Yahoo?

Бале, ин Yahoo. Дар ҳолати гуфтушуниди мунтазам дар бораи хадамоти Facebook (аз ҷумла Facebook, FB Messenger, WhatsApp ва Instagram) азнавсозии кори ин гуна брендҳои бузурги муқаррарӣ чун BBC, CNN ва The New York Times, ичунин пайдоиши брендҳои нави пурқудрат чун Huffington Post, Vice ва BuzzFeed барои баъзеҳо шояд ногаҳонӣ бошад, ки ҳанӯз ҳам Yahoo мавқеи худро ба касе намедиҳад.

Дар саҳифаи 49-умини тадқиқоти феҳраст дарёфтан мумкин аст ва дар он нишон дода шудааст, ки чӣ тавр то ҳол Yahoo ба худ кашидани диққати аудиторияи иттилоотиро идома медиҳад. Аз ҷумла 25 фоизи истифодабарандагони иттилооти рақамӣ дар ИМА ( ки онро дар муқоиса бо дигар брендҳои бузург ба ҷойи аввал мегузорад), 53 фоиз, дар Ҷопон ва Тайван 48 фоиз аз иттилооти рақамии Yahoo истифода мебаранд.

Ҳатто дар давлатҳои ба монанди Бразилия, Австралия ва Олмон Yahoo чун бренди пешсафи иттилоотии байналхалқӣ боқӣ мемонад. Он танҳо пас аз Huffington Post-и Фаронса  дар ҷойи дуюм қарор дорад. Сабабҳои ин гуна ҳолат одатҳои кӯхнашудаи истифодабарии иттилоот, муносибатҳои ҳамкорӣ (махсусан дар Осиё), инчунин хадамоти қулайи ҷустуҷӯӣ ва почтавӣ мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ