ДомойMedia and Social Innovation LabКонфронси байналхалқии Internews #MediaCA

Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA

Санаи 27-28-уми сентябри соли 2017-ум Internews дар шаҳри Алматои Қозоқистон Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA-ро баргузор менамояд.

Иштирокчиён – намояндагони ВАО ва медиаширкатҳое, ки дар соҳаи рушди медиасохтор ва рӯзноманигорӣ кор мекунанд, аз  Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия иштирок карда метавонанд.  Дар раванди конфронс 20 – ҷамъомад, баҳсҳои илмӣ ва дарсҳои сатҳи олӣ бо иштироки мутахассисони байналхалқии соҳаи медиа гузаронида мешавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи конфронс бо рӯйхати спикерҳо, иштирокчиён, ҳамкорон, воситаҳои алоқа Шумо дар ин истинод пайдо карда метавонед.

Дар ин ҷо ҳамчунин шакли азқайдгузарӣ барои иштирокчиёни Алмато ва минтақаҳое, ки аз ҳисоби худ ба конфронс омаданиянд, дастрас мебошад. Internews стандартҳои кори эҳтиёткоронаи эко-идораро риоя мекунад. Аз тарафи иштирокчиён гирифтани дастгоҳҳои техникаи шахсӣ ё дафтар барои қайдҳо ва зарф барои гирифтани об бо худ хуш пазируфта мешавад.

 

Конфронс дар Толори рақсии меҳмонхонаи «Рахат Палас» гузаронида мешавад. Суроға: кӯчаи Академик Сатпаев 29/6, Алмато, Қазоқистон.

Конфронси байналхалқии Internews #MediaCA –  маросими лоиҳаест, ки дар доираи барномаи Internews «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот», дар якҷоягӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналхалқии (USAID) тадбиқ карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ