ДомойMedia and Social Innovation LabИштирокчиёни Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимоӣ - Media and Social Innovation Lab...

Иштирокчиёни Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимоӣ — Media and Social Innovation Lab 2017 интихоб шуданд

Санаҳои 21-23-юми май дар шаҳри Душанбе Лабораторияи сеюми Медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимоӣ — Media and Social Innovation Lab 2017 баргузор мегардад.

Лоиҳаҳоеро, ки аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ҷониби ҳакамон интихоб шуданд, пешниҳод менамоем.

Тоҷикистон:

Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» (Душанбе). Таҳияи сомонаи иттилоотӣ барои муҳоҷирони баргашта.

Филиали миллии ШБТР «Мир» дар Тоҷикистон (Душанбе). Ташкили хизматрасонии Huber, барои дарёфти одамоне кӯмак мерасонад, ки омодаанд мусофиронро ройгон бо роҳи таҳқиқотии худ мебаранд, якҷоя чунин ихтиёриёнро ҷамъ ва ихтиёриёни навро ҷалб менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» (Душанбе). Таҳияи портали иттилоотӣ барои ҳунармандон.

Қазоқистон:

Фонди ҷамъиятии «Нұрлы Қоғам» (Остона) ва намояндаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо сомонаи «Сұрақ Жауап» (Алма-ато). Гузаронидани маъракаи иттилоотӣ оид ба хайрия.

Оҷонсии иттилоотии «Семей Айнасы» (Семей) дар ҳамкорӣ бо намояндагии «Хадамоти иттилоотии ҷавонони Қазоқистон «MISK»» (Семей). Таҳияи хизматрасонии интерактивӣ оид ба назорати буҷети давлатӣ.

Сомонаи 101tv.kz (Қарағанда) ва ТҒҲ «Посади дерево» (Қарағанда). Ташкили мактаби медиавии экологӣ барои фаъолони ТҒҲ.

Қирғизистон:

Capacity Building Foundation (Бишкек). Ташкили платформаҳои интернетӣ барои сайёҳони хориҷӣ бо маълумоти зарурӣ дар бораи Қирғизистон.

Ташкилоти ихтиёриёни ҷавони «Лидерство», (Қарокӯл, вилояти Иссиқ-кӯл). Ташкили платформаҳои интернетӣ дар бораи мероси таърихии шаҳри Қарокӯл.

«KIDS in IT», (Бишкек). Коркарди барномаи маърифатии IT барои тарбиятгирандагон ва хатмкунандагони хонаҳои бачагон бо минбаъд таъминкунӣ бо ҷойи кор.

Менторҳои Лаборатория:

Иван Печищев — дотсенти кафедраи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Донишгоҳи давлатии Перм мебошад, Русия.

Гулим Амирхонова — медиатренери дорои сертификат, коршиноси соҳаи медиаи нав, журналистикаи мултимедиявӣ мебошад.

Ӯ дар ташкил ва рушди Интернет-маҷаллаи Репортёри нав.org (Новый репортер.org) иштирок ва чун ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди медиаҳои нав дар Осиёи Марказӣ», Internews Network кор кардааст. Муҳаррири минтақавии лоиҳаи «ЛИВЕНЬ. Living Asia», Internews мебошад.

Журналист ва муҳаррири телевизион. Муаллифи тренингҳо оид ба журналистикаи телевизионӣ ва интернетӣ мебошад. Қазоқистон

Ҷаҳонгир Ҷалолов — роҳбари ширкати Colibri, лоиҳаи медиавии Digital Shom, асосгузори ҳамёни электронии HAMYON, ҳаммуаллиф ва роҳбари лоиҳаи SmartyMenu мебошад. Тоҷикистон

Николай Пихота — коршиноси касбии IT, дорои таҷрибаи 7-солаи корӣ дар медиа мебошад. Дар соли 2015 барои коркарди барномаи беҳтарин дар OpenDataHackathon Kyrgyzstan соҳиби мукофот гардид. Гурӯҳи порталҳои vb.kg, zanoza.kg, ки дар байни васоити ахбори оммаи онлайнӣ пешсафанд, омода кардаааст. Қирғизистон.

Ринат Тухватшин — ҳаммуассиси kloop.kg ва Viximity. Муаллифи курс оид ба асосҳои барномасозӣ барои системаи оператсионии «Андроид» мебошад. Қирғизистон.

Михаил Кишкарёв — арт-директор, ороишгари студияи Amlinsky Creative Strategies, хатмкунандаи Мактаби Олии Дизайни Британияи аз рӯи барномаи «Коммуникатсияи визуалӣ» мебошад. Русия

Ташкилкунандагон: Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРҶШ — AРГО) (Қазоқистон), Академияи ВАО-и Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар Тоҷикистон.

Бо дастгирии Агентии ИМА оид ба Рушди байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ (USAID) ва Innovation for Change.

Шарикон: Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»,  Клооп Медиа.

Шарикони техникӣ: Tcell, Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» (ТШСИ-ГИПИ) дар Тоҷикистон.

Тибқи нақша лоиҳаҳои мукаммал ба шарикони медиа дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон барои рушди минбаъда, пешбурд ва таъмини устувории онҳо супорида  мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ