ДомойMedia and Social Innovation LabҒолибони Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои иҷтимои муайян шуданд

Ғолибони Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои иҷтимои муайян шуданд

Давоми се рӯз 9 даста таҳти роҳбарии менторҳо – мутахассисони байналхалқи, аз болои онлайн лоиҳаҳои иҷтимои кор карданд. Дар охири рӯзи сеюм иштирокчиён натиҷагири карданд – муаррифии лоиҳаҳо, ғояҳо ва ғайра.

Ғолибони Лабораторияи Медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимои-2017-ро муаррифи менамоем:

  • Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» (Душанбе). Таҳияи портали иттилоотӣ барои ҳунармандон.
    • Грант ба маблағи 2000 доллар.

  • Фонди ҷамъиятии «Нұрлы Қоғам» (Остона) ва намояндаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо сомонаи «Сұрақ Жауап» (Алма-ато). Гузаронидани маъракаи иттилоотӣ оид ба хайрия.
    • Грант ба маблағи 2000 доллар.

  • Ташкилоти ихтиёриёни ҷавони «Лидерство», (Қарокӯл, вилояти Иссиқ-кӯл). Ташкили платформаҳои интернетӣ дар бораи мероси таърихии шаҳри Қарокӯл.
    • Грант ба маблағи 2000 доллар.

Лоиҳаҳои аз ҳама технологи бино ба пешниҳоди шарики Лаборатория – ширкати Tcell –

  • Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» (Душанбе). Таҳияи сомонаи иттилоотӣ барои муҳоҷирони баргашта.

Ғолиби онлан-овоздиҳи дар Новый репортер —

  • «KIDS in IT», (Бишкек). Коркарди барномаи маърифатии IT барои тарбиятгирандагон ва хатмкунандагони хонаҳои бачагон бо минбаъд таъминкунӣ бо ҷойи кор.

Тамоми лоиҳаҳоро тариқи ин иснод дида метавонед.

Лабораторияи медиа ва Инноватсияҳои Иҷтимои дар доираи лоиҳаи Internews «Дастгирии дастраси ба иттилоот» ва барномаи АРГО «Ҳамкори барои инноватсия» бо ҳамоҳангсозии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Innovation for Change – амали мегардад.

Ташкилкунандагони чорабини – Академияи ВАО-и Тоҷикистон, МОО Фидокор, намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ ва Ассосиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (АРГО), Қазоқистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ