ДомойMedia and Social Innovation LabТарзи қулайи дизайни онлайнӣ

Тарзи қулайи дизайни онлайнӣ

Маводҳои мултимедиявӣ таваҷҷӯҳи истифодабарандаро ҷалб менамоянд — оид ба хизматрасониҳои онлайнии оддӣ, қулай ва ройгон Гулим Амирханова, коршиноси медиа, муҳаррири минтақавии лоиҳаи «ЛИВЕНЬ. Living Asia», Internews барои иштирокчиёни Лабораторияи Медиа ва Навовариҳои Иҷтимоӣ нақл мекунад.

Storymap.knightlab.com

Ин восита ба Шумо имкон медиҳад, ки харитаи интерактивӣ бо нишон додани роҳи ҳаракат — слайд-шоу бо пайвандӣ ба нуқтаи ҷуғрофии алоҳида таҳия карда шавад. Шумо бевосита ба слайдҳо бо матн — лоиҳаи махсуси мукаммали мултимедиявӣ метавонед аксҳо, видеоҳо, аудиотрекҳо, харитаҳои алоҳида ва тайнлайнҳоро илова намоед.

Хизматрасонӣ барои таҳияи «сафар» бо тамғаҳо дар манзараҳо дастрас аст.

Timeline.knightlab.com

Дар ҳолатҳое, ки маводи Шумо бо бисёр санаҳо сахт пайваст аст, таҳияи хроникаи муваққатӣ ё тайм-лайн (timeline) варианти хуб мебошад.

«Тайм-лайнро танҳо барои якчанд сана истифода кардан мумкин нест. Агар Шумо танҳо ду-се ҳодисае дошта бошед, ки аз рӯйхат фаҳмидан осонтар аст, он гоҳ онҳоро дар рӯйхат нишон диҳед», — гуфт Гулим Амирханова.

Дар айнан ҳамон ҳолатҳо, вақте ки Шумо мехоҳед маводи худро дар шакли хроника пешниҳод намоед, пас хизматрасонии TimelineJS — варианти беҳтарин аст.

Juxtapose.knightlab.com

Ҳолатҳое мешаванд, ки муаллифони мавод айнан аз як маҳал ё объект ду акс доранд ва муқоиса кардани онҳо зарур аст — аз JuxtaposeJS истифода намоед. Барои муқоиса истифодабаранда бо кӯмаки муши компютер бояд нуқтаи ҳаракаткунандаро интараф-онтараф барад ва ба таври возеҳ (ошкоро) бубинад, ки баъд аз чанд вақт шахс, объекти алоҳида ё тамоми шаҳр чӣ тавр тағйир ёфтаанд.

 

Easel.ly

Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад инфографикаи статикӣ, ки дар формати расм ё ҳуҷҷати PDF зеркашӣ кардан мумкин аст, сохта шавад. Хизматрасонӣ шумораи зиёди қолабҳои тайёрро пешниҳод менамояд. Барои кор бо он дониши техникӣ талаб карда намешавад — танҳо аз маҷмӯи пешниҳодшуда нишон ва аломатҳоро интихоб намудан, ҳарфҳоро дуруст кардан, онҳоро ба мавқеи зарурӣ бурдан ва нигоҳ доштан зарур аст.

Infogr.am

Дар Infogr.am диаграммаҳои анимистиро сохтан мумкин аст. Хизматрасонӣ шартан ройгон ба ҳисоб меравад, зеро дар тафсири ройгон то ба 10 диаграмма сохта метавонед. Барои васеъкунии фаъолият ва баланд бардоштани маҳдудият дастрасиро ба аккаунти пулакӣ харидан мумкин аст. Диаграммаҳои тайёрро метавонед дар сомона ҷой диҳед.

Canva.com

Барои дизайни графикӣ барномаи хеле оддӣ мебошад. Хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки постерҳо, баннерҳо, инфографикаҳо сохта шаванд. Онҳоро ҳамчунин аз рӯи андозаи стандартии постерҳо ва баннерҳои шабакаҳои иҷтимоии машҳур ба монанди Facebook ва Twitter ба таври автоматӣ сохтан мумкин аст.

Thinglink.com — тасвири интерактивии амалан аз аксҳо ё расмҳо (тасвир) мебошад. Он имкон медиҳад, то нишонҳои интерактивие, ки дар онҳо қобилияти мустаҳкамкунии блокҳои матнӣ, аксҳо, ҷобаҷогузории видеороликҳо мавҷуд аст, илова карда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ