ДомойОзмунҳо/ГрантҳоБарои иштирок дар семинар оид ба журналистикаи низоъ, ки дар Исроил баргузор...

Барои иштирок дар семинар оид ба журналистикаи низоъ, ки дар Исроил баргузор мегардад, дархост қабул карда мешавад

Журналистони аз 21 то 35-солаи саросари ҷаҳон барои иштирок дар семинар оид ба журналистикаи низоъ, ки дар Исроил гузаронида мешавад, метавонанд дархост пешниҳод намоянд.

Олимон ва журналистони касбӣ мушкилоти кор дар минтақаҳои низоъро дар конференсияи «ВАО дар низоъ», ки аз 3 то 7-уми сентябр дар Герслия, Исроил баргузор мегардад, муҳокима менамоянд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Мактаби идоракунӣ, дипломатия ва стратегияи ба номи Лаудер ташкил карда мешавад.

Конференсия лексияҳои коршиносон, сафар ба Исроил бо боздид аз минтақаҳои низоъ, семинарҳои амалиро дарбар мегирад. Ташкилкунандагон будубоши ҳамаи иштирокчиёнро дар Исроил ба пуррагӣ пардохт менамояд, вале маблағи чиптаи ҳавопайморо пардохт намекунад.

Мӯҳлати охирин — 7-уми июн.

Барои гирифтани маълумоти бештар ин ҷоро пахш намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ