Агар мақола, сенарияҳо, реферат ё кори дипломӣ мехонда бошеду Шуморо дежавю тарк намекарда бошад, шояд ин воқеан ҳам чунин аст, на ин ки дар назаратон метобад.
Хулосаи онлайн-хадамотро нашр мекунем, ки сифатнокии матнҳоро месанҷанд. Ҳар яки онҳоро аз санҷиш гузаронидем, то ки чӣ тавр кор карданашонро фаҳмем. Ба Шумо бошад, танҳо интихоб кардани хадамоте боқӣ мемонад, ки бо он кор кардан мехоҳед.
ContentWatch сифатнокии матнҳо ва саҳифаҳои ҷойгиркардашударо дар интернет месанҷад. Дар давоми як рӯз 7 санҷиши ройгон гузаронидан иҷозат дода мешавад. Матнро санҷидан, онро ба дигар саҳифа нусхабардорӣ кардан ё ки ба истинод (ссылка) – и сомона ишора кардан мумкин аст ва ину он вариантро санҷиши дастакӣ номидан мумкин мебошад. Барои он, ки хадамот матнро санҷида барояд, ҳаҷми матн бояд аз 50 то 10 000 рамзро дарбар гирад, аз ҷумла фосилаи байни калимаҳоро низ. Матнҳои андозаи хурд ва бузург дошта аз санҷиш гузаронида намешаванд. Зеро баъдан огоҳиномаҳои воридшаванда талаб мекунанд, ки шумораи рамзҳо кам ё зиёд карда шаванд. Истифодабарии зеркашии автоматики матнҳо тавассути роботҳо бидуни пардохт имконнопазир аст. Пас аз санҷиши матн ContentWatch дараҷаи сифатнокии матни зеркашишуда, истинод ба саҳифаи интернетӣ ва фоизи мувофиқаткунии матнро нишон медиҳад.
Порча аз маводи «Блогҳо дар Тоҷикистон», sila.media
Text.ru нусхаи дуюми матнҳоро ҷустуҷӯ мекунад ва инчунин тағйирёбии бандакҳову замон, ҳилаву найранги рерайтерҳоро ба қайд мегирад ва алабатта ҳамаи ин аз диққати назар дур намемонад. Дар сомона луғати калимаҳои ҳаммаъно (синонимҳо) мавҷуд ҳаст, ки он барои дарёфтани калимаҳои ивазкардашуда ёрӣ мерасонад.
Санҷидани сифатнокии матн бидуни азқайдгузарӣ ва ройгон имконпазир мебошад. Матнро бо 15 000 рамз бидуни фосилаҳо дар шакли ҷустуҷӯӣ гузоштан мумкин аст. Агар аз ин зиёд рамз гузоштанӣ бошед, аз қайд гузаштан лозим меояд. Алгоритм плагиат мебошад, хатогиҳои имлоиро SEO-таҳлил муайян месозад. Теъдоди санҷишгузаронӣ дар давоми як шабонарӯз маҳдуд нест.
Барои санҷидани матн интизор шудан лозим меояд: хадамот матни истифодабарандагонро бо навбати умумӣ аз санҷиш мегузаронад. Чанд нафар истифодабаранда дар навбат қарор мегиранд, дар ҷойи «Санҷиши сифатнокӣ» нишон дода мешавад, он аз тарафи чап дар болои даричаи бо матни Шумо буда ҷойгир мебошад.
Порча аз маводи «Дар Якутия чӣ тамошо мекунанд ва мехонанд?», sila.media
Ба кори ҷустуҷӯи хатогиҳо 100% бовар кардан лозим нест. Система калимаҳои навро ҷудо мекунад ва вобаста ба намуди «фейк», «кликбейт», «профдеформатсия» ҳамчун калимаҳои нодуруст бароварда мешаванд.
Порча аз маводи «Проблемаи фейкҳо мавуҷуд нест», sila.media
SEO-анализ — ёрии таъҷилӣ барои муҳаррир аст. Он барои пайдо кардани калимаҳои стоп-калимаҳо, ибораҳои бардурӯғ, калимаҳо, ки маънии зиёдатӣ доранд, ифшо мекунад. Боз он шумораи калимаҳои қабеҳро дар матн нишон медиҳад.
Хадамот барои санҷидани сифатнокии мундариҷаи сомонаҳо дар интернет ва файлҳои матнии форматҳои DOC, RTF, PDF ва ғайра имкон медиҳад. Ин хизматрасониҳо пулакӣ буда, онҳо фурӯхта мешаванд. Барои соҳиби тарофаи аз ҳама арзон шудан, барои 1 000 рамз 20 танга супоридан лозим меояд, дар маҷмӯъ 50 000 рубл маблағ гузоштан даркор аст.
Агар аккаунти PRO харидорӣ карданӣ бошед, пас барои як сол 7 990 рубл бояд маблағ пардохт намоед. Сомона тамоми оптсияҳои пулакиро бароятон дастрас мегардонад ва барои санҷидани саҳифаи сомонаҳо ба миқдори на зиёда аз 50 000 рамздошта дар як шабонарӯз имконият медиҳад. Барои тарифи қоғазхалта боз маблағи зиёд супоридан лозим мешавад. Бар ивази маблағ санҷиши автоматикии маводи сомонаро фаъол кардан ва модули санҷиши API роҳандозӣ намудан мумкин аст.
Ҷиҳатҳои манфии хадамоти text.ru:
— ҳангоми санҷиши сифатнокии матн фаъолкунии истисноӣ барои сомонаҳо номумкин мебошад
— санҷиши сифатнокии сомонаҳо ва ҳуҷҷатҳо танҳо баъди азқайдгузарӣ ва бар ивази маблағ имконпазир мебошад;
— чун ContentWatch, маводҳоро рақамгузорӣ намекунад, муқоисакунии маводҳо дар readymag.com.
Antiplagiat.ru
Антиплагиат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ азқайдгузарӣ ё авторизатсияро талаб мекунад. Дуюмаш қулайтар, фикр кардани боз як парол лозим намешавад.
Барои санҷиши сифатнокӣ матнро ба дигар дарича нусхабардорӣ кардан ва интизор шудан лозим аст, то даме, ки система онро сканер мекунад. Баъдан файли матниро пурра зеркашӣ кардан мумкин аст. Хадамот форматҳои DOC, DOCX, RTF. PDF, ODT мефаҳмад. Муддати азсанҷишгузаронӣ ба теъдоди рамзҳои матн вобаста мебошад. Сарсатре, ки аз 600 рамз иборат буд, система дар давоми якчанд сония санҷида баромад, барои санҷиши 3 000 рамз бошад 2 дақиқа вақт лозим омад. Таърихи ҷустуҷӯҳо дар дафтари шахсӣ сабт мешавад.
Порча аз маводи «Воситаҳо барои рӯзноманигории мобилӣ», sila.media
Дар тарофаи ройгон маҳдудият гузошта шудааст. Санҷиши як ҳуҷҷат дар давоми 6 дақиқа. Дар ҳисобот маълумоти асосӣ дар бораи дараҷаи бо ҳам мувофиқаткунӣ, аслӣ ва иқтибосорӣ дарҷ карда мешавад, амали ҷустуҷӯ танҳо аз рӯи модули «Интернет» гузаронида мешавад. Модулҳои дигар
ройгон мебошанд. Модули ҷустуҷӯиро аз автореферҳо ва корҳои илмии RGB истифода бурдан мумкин аст. Ҷустуҷӯи санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ё дигар маҷмӯъ имконпазир аст. Дар тарофаи пулакӣ суръатнокии санҷиш нисбтан баландтар мебошад, маҳдудият барои мавод аз байн меравад ва ба ҳисоботи пурра дастрасӣ пайдо мешавад.
Ҳама ҳаловат дар шумора аст: 10 ҳисобот дар як шабонарӯз 150 рубл, 50 ҳисобот дар як ҳафта — 600, 100 ҳисобот дар як моҳ — 1100 рублро ташкил медиҳад. Роҳ гум задан хеле осон аст, беҳтараш саҳифаи тарофаҳоро бодиққат хонед. Мо тарофаи ройгонро санҷидем ва 5 адад маводи сомонаҳои гуногунро зеркашӣ намудем: sila.media, wikipedia.org, gold.batenka.ru, kompotique.ru, newmediaedu.ru. Хадамот танҳо бо порчаҳои Википедия мувофиқатро пайдо кард. Вале дар манбаҳо мувофиқати маводҳои худи Википедияро наёфт. Антиплагиат аз 5 чор ҳолати мувофиқатро дар интернет дарёфт карда натавонист:
Ҷиҳатҳои манфии Антиплагиат:
— шумораи рамзҳо ва калимаҳоро танҳо пас аз таҳлил намудани матн дидан мумкин аст;
— маводҳоро рақамгузорӣ намекунад ва онҳоро дар readymag.com муқоиса намекунад;
— дар тарофаи ройгон алгоритми ҷустуҷӯӣ самарнок натиҷабахш нест ва имконияти тамошо кардани рӯйхати сомонаҳое, ки матнҳояшон бо ҳамдигар мувофиқат мекунанд, мавҷуд нест.
Қоидаи муқаддаси иқтибосориро фаромӯш насозед— ин гузоштани нохунак аст.
Манбаъ: http://sila.media/plagiarism/