ДомойХудомӯз«Zamzar» –табдилдиҳии универсалии файлҳо

«Zamzar» –табдилдиҳии универсалии файлҳо

Онлайн-хизматрасонии Zamzar  дар ҳолати зарурии зуд тағйир додани формати файл ба формати дигар ба кӯмакатон меояд.

Технологияҳои иттилоотии муосир соҳаи аз ҳама зуд инкишофёфтаистодаи дониши инсонӣ мебошад, ки бо суръатнокии тез ба навшавии маҳсулоти пешниҳодшаванда ва қисматҳои барнома оварда мерасонанд. Ҳар рӯз дар бозор дастгоҳҳои нав пайдо мешаванд, системаҳои амалиётӣ ва барномаҳо  нав мешаванд, форматҳои дар шакли нав пешниҳод намудани иттилоот густариш меёбанд.

Одатан дар ин гуна ҳолат ёфтани барнома ё рамзи дар системаатон  дастнорас ва насб намудани он зарур мешавад. Аммо чун қоида ин раванд вақти муайянро мегирад, бар замми он, барномаи лозима пулакӣ буданаш мумкин аст. Бинобар ин, нисбатан осон ва зуд табдил додани маълумот ба формате, ки компютератон онро осонтар дарк мекунад, беҳтар аст. Аз ҳама воситаи оддӣ дар ин кор  табдилдиҳии универсалии онлайнии файлҳои Zamzar мебошад.

Zamzar —ин веб-замимаи махсусе мебошад, ки барои ба формати лозима табдил додани файлҳо имконият медиҳад. Арзишмандии бузурги ин хадамот ба таври ҳайратовар универсалӣ будани он мебошад. Айни замон он дигаргуншавии байни садҳо намуди форматро дастгирӣ менамояд, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳо, аудио, видео, китобҳои электронӣ ва бойгониҳо.

Аз хадамоти Zamzar истифода бурдан хеле оддӣ буда, ягон хел дониши чуқури техникиро талаб намекунад. Танҳо ба Шумо лозим аст, ки дар компютери худ мавқеи ҷойгиршавии файлро (якбора якчандто файлҳоро нишон додан мумкин аст) нишон диҳед ва формати ба он лозимаро интихоб намоед. Баъдан суроғаи почтаи худро навишта, тугмаи Convert-ро пахш намоед ва интизор шавед, ки кай ба email барои зеркашӣ намудани файли тайёр дар формати зарурӣ мактуб бо истинод меояд.

Порча аз интерфейси хадамоти zamzar

Инчунин ба имконияти зеркашӣ намудан ва тавассути қувваи хадамот табдил додани роликҳоро аз  видеохостингҳои маъруф диққат додан лозим аст. Барои ин ба замимаи DownloadVideos гузаштан лозим аст ва суроғаи саҳифаро, ки дорои клипи барои Шумо шавқовар мебошад, ворид намудан даркор аст. Мутаассифона хадамот замимаи маъруфтарини YouTube-ро дастгирӣ намекунад, аммо дар рӯйхати замимаҳо хадамотҳои ҷолиби Myspace, Dailymotion ва Metacafe мавҷуд мебошанд.

Ба ғайр аз усулҳои дар боло номбурда хадамоти Zamzarбоз як усули аҷоиби истифодабариро пешниҳод менамояд. Агар Шумо дар намуди файли форматаш номаълумбуда мактуб гиред, кофист, ки онро ба суроғаи  format@zamzar.com, ки калимаи  format-ро ба намуди лозимаи файл иваз мекунад,  фиристонед. Яъне, агар дар мактуб  файл дар формати PDF гузошта шуда бошад, пас онро ба суроғаи doc@zamzar.com фиристонед, пас аз якчанд дақиқа бо ҳуҷҷат дар формати DOC ҷавобро дастрас мекунед. Истифодабарӣ аз хизматрасониҳои табдилдиҳии универсалии онлайнӣ дар ҳолате имконпазир аст, ки агар Шумо бо файлҳои андозаашон то 100 Мбм кор мекарда бошед. Дар акси ҳол ба интихоб намудани яке аз тарофаҳои пулакии формат маҷбур мешавед.

Умедворем, ки хадамоти онлайнии Zamzar дар ҳолатҳое бароятон мадарасон мешавад, ки бароятон Шумо зуд кушодани файлҳо, коркард ё нигоҳ доштани онҳо дар формати номуайян бо сарфа кардани вақт ва маблағ лозим меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ