ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews барои гузаронидани маъракаҳои иттилоотии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шарик меҷӯяд

Internews барои гузаронидани маъракаҳои иттилоотии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шарик меҷӯяд

Internews дар Тоҷикистон барои интихоби шарик дар гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ бахшида ба санаҳои муҳими милливу байналхалқӣ озмун эълон менамояд.

Маъракаҳои иттилоотии иҷтимоӣ фаъолияти зеринро дар бар мегиранд:

  • Тартиб додани нақшаи тақвимии чорабинихо дар якҷоягӣ бо Internews;
  • Ҳамоҳангсозии ҷараёни маъракаи иттилоотии мушаххас дар якҷоягӣ бо Internews;
  • Истеҳсоли маводи видеоӣ ва чандрасонаӣ;
  • Ҷамъоварии мавод ва таҳияии бастаи ягона оид ба мавзӯи мушаххас.

Дар оянда бастаи омодагашта барои истифодаи озод аз ҷониби радиову телевизион ва дигар ВАО-и интернетиии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

Шарики эҳтимолӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • ВАО ё созмони ҷамъиятии устувор, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст ва барои амалисозии ин лоиҳа корманд ва таҷҳизоти зарурӣ дорад;
  • Таҷрибаи кофӣ дар амалигардонии лоиҳаҳои шабеҳ дорад;
  • Бо созмонҳои маҳалливу байналхалқӣ ва мақомоти давлатии бо мавзӯи матраҳшаванда алоқаманд шиносоӣ дорад;
  • Таҷрибаи кофӣ оиди таҳлили ҳуқуқии маводи иттилоотиро дорад;
  • Таҷрибаи кофӣ дар муайянсозии мавзӯъҳои муҳими ҷомеаро дорад.

Internews барои гузаронидани чунин маъракаҳои иттилоотӣ гранти хурд ироа хоҳад кард.

Дархостҳо (маълумоти зарурӣ барои исботи мувофиқати дархосткунанда ба талаботи фавқуззикр дар шакли озод оварда мешаванд) то санаи 31 октябри соли 2017 ба суроғаи почтаи электронии apopova@internews.org бояд ирсол карда шаванд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи Internews “Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот” бо кӯмаки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ