ДомойХудомӯзЧӣ гуна ба воситаи SoundCite сабти овозиро дар дохили мақола бояд ҷой...

Чӣ гуна ба воситаи SoundCite сабти овозиро дар дохили мақола бояд ҷой дод?

SoundCite ба Шумо имконият медиҳад, ки сабти овозии худро новобаста дар дохили матн ҷойгир намоед. Намуди зоҳирии матн дар ин маврид танҳо каме тағйир меёбад — пасманзари якчанд калимаҳо ранги хокистарранг гирифта, дар аввалаш секунҷаи оғози гӯш кардани сабт пайдо мешавад.

Шумо метавонед калимаҳоеро, ки дар пасманзари онҳо аудиоплеер намудор гардад, интихоб намоед.
Новобаста аз он, ки мақолаи Шумо ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст, бо захираи SoundCite ҳам ҷойро дар мақола сарфа намоед, ҳам ба намуди зоҳирии он бо плеерҳои калон рахна наоред. Хусусан, дар мавридҳое, ки бояд якчанд сабтҳои овозиро пайдарпай ҷой диҳед. Масалан, агар дар мақолаатон иқтибоси якчанд мусоҳибро оварданатон зарур бошад, метавонед дар шакли матн онҳоро нависед ва илова бар ин ба воситаи SoundCite сабти овозии онҳоро низ дар дохили ин иқтибосҳо биёред, то ки эътимоди хонандагонро ба дурустии иттилои овардаатон боз ҳам зиёдтар намоед.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ