Имрӯз чӣ хабарнигори расонаҳои расмӣ, чӣ журналистони шаҳрвандиву блоггерон метавонанд аз дастовардҳои техника истифода намуда, дар телефонҳои ҳушманди хеш ҳодисаҳои гуногунро ҳам ба навор гиранду ҳам онро якбора дар он коркард карда, маводи видеоии тайёрро дар сомонаи худ ё канали расона дар YouTube ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир намоянд.
Аллакай ҳатто ҳоҷат барои ба сари компютер рафтан нест! Қариб тамоми корро метавонед дар телефони худ иҷро кунед.
Барои ин нармфзорҳои гуногун мавҷуд аст. Дар навори имрӯза Шумо бо нармафзори VivaVideo ва натиҷаи кори он шинос хоҳед шуд.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.