ДомойХудомӯзҶой додани видео дар YouTube

Ҷой додани видео дар YouTube

Аксар маврид дар YouTube мо видеоҳои дигаронро тамошо мекунем, аммо дар ин навор Шумо чӣ гуна дар YouTube ҷой додани видеои худ ва сипас онро дар дохили мақолаи худ гузоштанро меомӯзед.

Ҳарчанд ин кор он қадар мушкил нест, аммо ба ҳар ҳол якчанд нозукиҳои худро дорад. Масалан, коди стандартие, ки YouTube барои гузоштани навор дар дохили мақола медиҳад, бар ва баландии видеоро назар ба бари аксар мақолаҳо камтар мекунад, ки намуди зоҳирии мақоларо коста мегардонад. Дар навори омӯзишии мазкур Шумо метавонед бубинед, ки ба embed-коди стандартии YouTube чӣ тағйироти хурде ворид кардан мумкин аст, ки бари видеои мо ба таври автоматӣ ба бари мақола баробар шавад.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ