ДомойХудомӯзИстифодаи Google Calendar дар сомона ва сохтани ҷадвалҳои кушод

Истифодаи Google Calendar дар сомона ва сохтани ҷадвалҳои кушод

Google Calendar ба мо имконият медиҳад, ки тақвиму чадвалҳои кории кушодеро омода созем, ки он дастраси омма бошад. Дар метавонед, масалан, ҷадвали қабули шаҳрвандонро омода намуда, дар сомонаи худ ҷой диҳед ва тамоми хонандагони Шумо аз он огоҳ буда метавонанд.

Мактабу донишгоҳҳо дар Google Calendar метавонанд ҷадвали дарсҳояшонро ҷойгир кунанд ва тамоми донишҷӯён дар телефони мобилии худ бубинанд, ки ҷадвали дарс чӣ гуна аст ва чӣ тағйирот ба он ворид шудааст. Редаксияи нашриёт метавонад дар он ҷадвали нашри рақамҳои навбатии рӯзномаи худро, телевизион ва радио — ҷадвали барномаҳояшонро ҷойгир кунанд.

Тақвимҳое, ки дар Google Calendar сохта мешаванд, интерактивӣ буда, ҳар як истифодабаранда метавонад ба он обуна шавад. Агар, масалан, ба ҷадвали барномаҳои Шумо обуна шаванд, пас ҳар дафъа пеш аз оғози ин ё он барномаатон ба почтаи электрониашон паёмаки хотиррасон меояд, ки барномаи дӯстдоштаашон ҳоли ҳозир оғоз меёбад. Ин наворро тамошо кунед, то ки чӣ гуна сохтани тақвимҳоро дар Google Calendar омӯзед.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ