ДомойОзмунҳо/ГрантҳоInternews дар Тоҷикистон барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дархост қабул менамояд

Internews дар Тоҷикистон барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дархост қабул менамояд

Internews дар Тоҷикистон барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» дархост қабул менамояд. Дар чорчӯбаи ин чорабинӣ шумо метавонед оиди мавзӯъҳои зерин иттилоъ пайдо кунед:

  • Равандҳои ахир дар журналистикаи онлайнӣ;
  • Мутобиқгардонии маводи видеоӣ барои паҳн кардан дар Интернет;
  • Равандҳои нав дар менеҷменти ВАО;
  • Имконоти нав барои даромади ВАО

ва ҳамчунин ба саволи

  • Журналистикаро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст?

ҷавоб пайдо хоҳед кард.

Дар «Ҳамоиши журналистон» метавонанд менеҷерон ва журналистони ВАО-и чопиву онлайнӣ, радиову телевизион ва ҳамчунин блоггерон аз ш. Душанбе, Ноҳияҳои Тобеи Марказ, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Кӯҳӣ иштирок намоянд.

Мутаассифона, Internews барои пардохти хароҷоти сафар аз минтақаҳои дурдаст имкон надорад.

Барои гузаронидани чорабинии мазкур мутахассисони Internews дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони варзидаи соҳаи ВАО аз Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.

Маълумоти зарурӣ:

Санаи баргузории чорабинӣ: 21 декабри с. 2017

Макони баргузории чорабинӣ: Толори конфронс, ошёнаи 11, бинои «Tcell-плаза»

Вақт: 9:30 – 17:30

Забони чорабинӣ: тоҷикӣ ва русӣ

Қабули дархостҳо: то 18 декабри с. 2017, соати 18:00.

Барои иштирок дар «Ҳамоиши журналистон» лутфан қолаби дархостро дар зер пур кунед.

P.S.: Барои дӯстони мо аз вилояти Суғд чунин як чорабинӣ дар моҳи январи с. 2018 ба нақша гирифта шудааст.

Internews дар Тоҷикистон «Ҳамоиши журналистон»-ро дар ҳамкорӣ бо ширкати Tcell ва Институти “Ҷомеаи кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот» бо кӯмаки Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) баргузор менамояд.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ