ДомойХудомӯзКор дар захираи Time.Graphics

Кор дар захираи Time.Graphics

Дар забони англисӣ калимаи Timeline хатеро ифода мекунад, ки дар он ҳамчуноне, ки болои ҷадвал масофаҳо нишон дода шудаанд, давраҳои вақт ишора шудаанд. Ба забони русӣ онро ҳамчун «хроника» тарҷума карда, ба забони тоҷикӣ мо метавонем «хати вақт» ё «хати замон» ном гузорем.

Аммо, новобаста аз ин, сохтани Timeline ба мо имконият медиҳад, ки маълумоти зиёдро оид ба ягон ҳодисаҳо, ки ба вақти ба вуқуъ пайвастани онҳо алоқаманд аст, дар шакли хеле базебу ҷолиб ҷойгир карда, онро дар сомонаи худ ҷой диҳем.

Дар навори омӯзишии имрӯза Шумо бо захираи Time.Graphics шинос хоҳед шуд, ки маҳз барои сохтани хроникаҳо омода гаштааст.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ