ДомойМедиалентаВебинар дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузорӣ оид ба реклама”

Вебинар дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузорӣ оид ба реклама”

28 декабри cоли 2017 соати 16.00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузорӣ оид ба реклама” баргузор хоҳад шуд. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.

Вебинари мазкур мавзӯъҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳад:

  • Реклама чист?
  • Объекти рекламашаванда чӣ шуда метавонад?
  • Мафҳуми нав
  • Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама
  • Намудҳои реклама.
  • Талаботи умумӣ барои реклама
  • Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
  • Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ
  • Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ
  • Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ
  • Мӯҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад
  • Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур

Вебинарро ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Ранжет Ятимов мегузаронад. Барои иштирок дар вебинар ба суроғаи зерин гузаред: https://pruffme.com/landing/u430/reklama

Ранжет Ятимов аз соли 2012 дар ташкилоти номбурда фаъолияти меҳнатӣ намуда, соҳиби собиқаи беш аз 10-солаи кор дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва вакили мудофиа аст.

Ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос ва  намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Барномаи давлатии рушди телевизиони рақамӣ дар Точикистон барои солхои 2010-2015 ” ва Қонуни ҶТ “Оид ба телевизион ва радио” иштирок кардааст. Ранжет Ятимов муаллифи силсилаи мақолаҳо доир ба ғайриҷиноӣ кардани тӯҳмат ва таҳқир, бекор намудани ичозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, гузариш ба пахши рақамӣ ва дигар масоили мубрами соҳаи ВАО мебошад.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ