ДомойОзмунҳо/ГрантҳоГрант: Internews дар Тоҷикистон барои гузаронидани медиакампанияҳои иҷтимоӣ шарик меҷӯяд

Грант: Internews дар Тоҷикистон барои гузаронидани медиакампанияҳои иҷтимоӣ шарик меҷӯяд

Internews дар Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани шарик барои гузаронидани медиакампанияҳои иҷтимоӣ бахшида ба санаҳои муҳими миллӣ ва байналхалқӣ озмун эълон менамояд.

Дастгирии медиакампанияҳои иҷтимоӣ иборат аст аз:

  • мусоидат дар тартиб додани тақвими медиакампания
  • мусоидат дар гузаронидани медиакампания дар мавзӯи муайян
  • мусоидат дар истеҳсоли маводи видеоӣ ва чандрасонаӣ
  • Мусоидат дар гирд овардани маводи зарурӣ ва омода сохтани бастаҳо доир ба мавзӯи медиакампания

Дар оянда ширкатҳои радио/телевизионӣ ва расонаҳои онлайнии Тоҷикистон метавонанд аз ин бастаҳои маводҳои чандрасонаии таҳияшуда озодона истифода истифода кунанд.

Талабот ба шарикони эҳтимолӣ:

  • ВАО ё созмони ҷамъиятии устувор, ки барои амалӣ сохтани чунин лоиҳаҳо штати кормандон ва таҷҳизоти зарурӣ дошта, дар Тоҷикистон сабти ном шудааст
  • Доштани таҷрибаи кофии амалсозии лоиҳаҳои шабеҳ
  • Доштани муносибатҳои корӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳалливу байналхалқӣ ва мақомоти давлатие, ки оиди мавзӯи интихобшуда салоҳият ва маълумоти зарурӣ доранд
  • Доштани таҷрибаи баҳогузории ҳуқуқии маводҳои нашршаванда
  • Доштани таҷрибаи кофӣ барои муайян намудани мавзӯъҳои доғи ҷомеа

Дар натиҷаи озмун ба шарики интихобгашта гранти хурд пешниҳод мегардад.

Дархостҳоро дар шакли озод (бо нишон додани мувофиқат кардани довталаб ба талаботи дар боло зикршуда) то санаи 30 сентябри соли 2018 ба суроғаи почтаи электронии apopovanews@gmail.com ирсол намоед.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи Internews “Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот” бо мусоидати Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ