ДомойМедиалентаБрендҳои рӯзномавӣ: бо роҳи «Смешарикҳо» ва Супермен

Брендҳои рӯзномавӣ: бо роҳи «Смешарикҳо» ва Супермен

Воситаҳои ахбори оммаи пешсаф аз ҳисоби брендикунонии молҳо маблағ кор мекунанд. Молистеҳсолкунандагон ба муҳаррирон маблағ медиҳанд, то ки бренди худро дар рӯзноваму маҷаллаҳо ҷой диҳанд ва ин амал як чизи муқаррарӣ мебошад. Аммо ин гунааш ҳоло нав аст, ки барои ба моли молистеҳсолкунандагон гузоштани бренди рӯзнома ба муҳаррирон  маблағ медиҳанд. Бояд гуфт, ки аллакай 10 сол боз ВАО барои молистеҳсолкунандагон барои бренд маблағгузорӣ мекунад. Пештар ВАО дар ин бора фикр накарда буд. Ҳоло бошад, ҳаёт маҷбур мекунад. Чанде пеш Playboy бо даромади литсензиявии худ фахр карда буд. Зери бренди гӯшкалон дар соли 2016-ум ба маблағи 1,5 миллиард доллар мол фурӯхта шуда буд.

Литсензиадори бузург албатта Disney боқӣ мемонад. Он бо брендҳои худ дар соли 2016-ум ба ҳаҷми 57 миллиард доллар мол фурӯхтааст ва аз фурӯши ҳар як мол фоизи худро гирифтааст. Дар байни ноширон Meredith маблағи калон дорад, ки  Better Homes and Gardens and Gardens-ро чоп мекунад. Молҳо бо ин бренд ба маблағи 22 миллиард доллар фурӯхта шудаанд. Зери бренди Hearst молҳо бо маблағи 350 миллион доллар ба фурӯш рафтааст, таҳти бренди Condé Nast бошад, ба маблағи 150 миллион  доллар мол ба фурӯш рафтааст.

10 сол пеш агенти литсензиявӣ Гарри Каплан бо пешниҳоди гузоштани бренди рӯзнома ба зарфҳои сирдор ва тобаҳо ба New York Times омада буд. Аммо он замон дар нашриёт ӯро нафаҳмида буданд.  Сабаб дар он буд, ки бо чунин пешниҳод ӯ нахустин нафаре буд, ки ба нашриёт омад ва муҳаррирон ҳоло барои дарки ин хоҳиши аҷиби ӯ дар он давр тайёр набуданд. Акнун NYT чун  GQ ва дигарон ба ин бозӣ шомил шуд. Hearst директори махсусро оид ба литсензиякунонӣ киро кард. Бо бренди National Geographic бошад, молҳо ба маблағи 360 миллион доллар ба фурӯш рафтаанд.

Барои брендикунии медиявӣ молҳои  life style бештар мувофиқ меоянд, аз ҷумла варзиш, боғу полез ва монанди инҳо

Тиҷорати литсензиякунонидашуда албатта аз литсензиякунонии медиявӣ душвортар аст ва бо маҷмааи бисёрсола арзи ҳастӣ дорад. Аммо агар бренд бренди боқувват бошаду тиҷорати шахсӣ таҳти он кам бошад, пас фурӯши литсензия барои истифодабарии бренд воситаи хуби ёрирасон шуда метавонад.

Акс аз: shutterstock.com

Манбаъ: http://jrnlst.ru/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ