ДомойХудомӯзСохтани канал дар Telegram

Сохтани канал дар Telegram

Ҳарчанд ин барнома дар байни аҳолии мамлакати мо ба мисоли Viber машҳур нест, аммо дар байни як қатор истифодабарандагон он паҳн гаштааст. Хусусан, нафароне, ки дар бораи амнияти рақамии мукотиботи худ фикр мекунанд, чунки Telegram аз ин ҷиҳат хеле амнтар аст.

Илова бар ин, дар муқоиса бо Viber сохтани чатҳои оммавӣ, ки дар Telegram онҳо «канал» ном доранд, хеле осон аст. Ба ҳайси намуна метавонед ба канали сомонаи ман даромада, онро аз назар гузаронед ва, агар писандатон омад, ба он обуна шавед: t.me/alifbomedia

Дар ин навори омӯзишии имрӯза Шумо метавонед худатон дар баробари ман канали худро созед, истифодабарандагонро ба он обуна намуда, маводҳои худро дар он нашр кунед.

Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ