ДомойМедиалентаЧӣ гуна аудиторияи худро бояд муайян сохт

Чӣ гуна аудиторияи худро бояд муайян сохт

Дар шаҳри Душанбе конфронси байналхалқии “Интернет‑технологияҳо барои дастгирии реформаҳои идоракунии самаранок” гузаштаистодааст. Яке аз мутахассисони конфронс Иван Печишев, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика ва васоити алоқаи оммаи Донишгоҳи давлатии Перм (Руссия) маслиҳатҳои муфид оид ба муайян намудани аудиторияи лоиҳаро манзури иштирокчиён намуд. Маслиҳатҳо на фақат барои хабарнигорон, балки ба кормандони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ муфид хоҳанд буд. Дар поён баъзе маслиҳатҳои Иван Печишевро, ки дар муайян намудани аудиторияи газета, маҷалла ё лоиҳаи иҷтимоӣ хизмат мекунанд, меорам:

  • Вақте ки шумо ба шабакаи Интернет мебароед, рақибатон ҳама мебошанд! Дар соҳаи медиа ҳама да ҳамдигараш рақиб аст, чунки истеъмолкунандаи контенти шумо интихоб дорад – пости шуморо дар шабакаи иҷтимоӣ хонад, ба сомонаи ягон ташкилот дарояд, кино ё телевизор тамошо кунад, радио гӯш кунад ё дар смартфону компютери худ бозӣ кунад.
  • Аудитория – ин мафҳуми абстрактӣ нет, балки нафарони алоҳида бо хусусиятҳои мушаххас мебошанд.
  • Шарҳҳои абстрактӣ ба шумо намегӯяд, ки чӣ гуна контентро бояд истеҳсол намоед.
  • Худмуайянкунӣ – раванде, ки барои муайян кардани аудитория ёрӣ мерасонад.
  • Кормандони соҳаи реклама солҳои зиёд хусусиятҳои иҷтимоӣ‑демографиро истифода мебаранд (синну сол, ҷинс, вазъи иҷтимоӣ ва ғ.), аммо онҳо низ аллакай барои мушаххасан муайн намудани аудитория кифоя нест.
  • Хусусиятҳои иҷтимоӣ‑демографӣ метавонанд усули хуби муайян намудани аудитория мебошанд, агар онҳоро бо арзишҳо, ҳавасмандиҳо ва шавқи истеъмолкунандаи эҳтимолии контенти шумо ва каналҳои гирифтани иттилоот пурра кунед.
  • Контентро «барои ҳама» сохтан мумкин нест. Бояд гурӯҳҳои алоҳидаи аудиторияи эҳтимолии худро ба назар гирифт.
  • Усули «Қаҳрамонҳо» ‑ яке аз беҳтарин усулҳои муайян намудани аудитория мебошад. Ҳар як захираи онлайнӣ метавонад якчанд қаҳрамонро муайян кунад. Ҳангоми истифодаи ин усул истифодаи акси қаҳрамон шарт аст.

Иван Печишев усули «Қаҳрамонҳо»‑ро хубтар фаҳмонд. Моҳияти ин усул аз он иборат аст, ки бояд хислатҳои якчанд қаҳрамонҳоро – нафаронеро, ки метавонанд контенти шуморо истеъмол кунанд, ‑ нависед. Масалан, қаҳрамони мо Ирода аст, ки модари ҷавон буда, аз ҳолату саломатии фарзанди худ хавотир аст ва истироҳати худро дар дачаи волидайнаш мегузаронад. Аллакай аз ҳамин хислатҳои Ирода хулоса кардан мумкин аст, ки ба ӯ маводҳои оид ба маҳсулот барои кӯдакон ва тарбияи онҳо, истироҳати арзон писанд меояд. Ва лоиҳаи ҳумо метавонад якчанд чунин қаҳрамон дошта бошад.

Конфронс дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаббусҳо барои дастгирии идоракунии самаранок»‑и Фонди «Евразия – Осиёи Марказӣ» мегузарад. Иштирокчиёни асосӣ – кормандони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муаллифони лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Баромадкунандагон Иван Печишев (Руссия), Гулим Амирханова (Қазоқистон), Николай Пихота (Қирғизистон) ва Маҳмудхон Сараев (Тоҷикистон) мебошанд. Чорабинӣ санаҳои 24‑26 апрели соли 2018 дар толори меҳмонхонаи «Атлас» дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон мегузарад.

Rustam Gulov
Rustam Gulov
Медиа-тренер ва мушовир, блоггер, асосгузор ва муаллифи сомонаҳои "ALIFBO.MEDIA" бахшида ба технологияҳои чандрасонаии нав ва Блогплатформаи "Blogiston.TJ".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ