ДомойСаводи Расонаӣ7 захира барои далелсанҷӣ

7 захира барои далелсанҷӣ

Дар донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирел семинару маърузаҳоро омузгорони донишгоҳи Адам Митскевич(Лаҳистон) гузаронданд. Достсенти риштаи сиёсатшиносӣ ва рузноманигорӣ Рафал Вишневский (Rafał Wiśniewski) ва омузгор Агнешка Филипяк (Agnieszka Filipiak) ба донишҷуён роҳҳои тафтиши иттилоотро омузонданд.

— Ҳангоми омода намуни мутахассисони соҳаи журналистика дар донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирел ба саводнокии раснаӣ диққати махсус медиҳанд То  вақтҳои наздик дар барномаи таълимӣ курсҳои мустақилонаи «Fact Checking» ва «Media Literacy» буданд. Алҳол ин курсҳоро дар фанни «News Literacy» якҷоя намуданд. Барои бо донишҷуён фаъолият бурдан нахустин бор ба сифати меҳмонони маърузачӣ омузгорон аз Лаҳистон даъват шуданд, -гуфт мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсози барномаи «Журналистика» — донишгоҳи мазкур Мадияр Саудбаев.

Дар ин омузиш муаллимони лаҳистонӣ ва донишҷуён бо ёрии сервисҳои муфид иттилоотро тафтиш намдуданд .

whois.domaintools.com

Бо ворид шудан ба ин портал, шумо метавонед маълумоти расмиро оид ба ҳар сомонае ба даст оваред. Чи қадар боз вуҷуд дорад? Дар кадом кишвар сабти ном шудааст? Чанд бор номи домен иваз шудааст? Ҳамаи ин саволҳо ва боз дигар маълумоти муфид имкон медиҳанд, ки боэътимодии манбаи интернетиро муайян намоед.

liveuamap.com
Дар ин хиритаи интерактив
ӣ ҳодисаву воқеаҳои олам бо ишорапайванд ба сарчашма нишон дода мешаванд. Шумо метавонед хабарҳоро аз кишварҳо ва минтақаҳои гуногун интихоб намоед ё тибқи мавзуъ тақсимбандӣ кунед ва ниҳоят дурустии онҳоро тасдиқ ё инкор намоед. Норасоии ин сервиз он аст, ки минтақаи Осиёи Миёна, мутаассифона, фаро гирифта нашудааст. Аз тарафи дигар хабарҳои дуруғин метавонанд аз дигар кишварҳо ҳам омада бошан, магар на?

 mapchecking.com
Сервисе, ки имкон медиҳад ғунҷоиши толор, майдон, варзишгоҳ ва умуман ҳар обеъктро дар харита ҳисоб кард. Шумо метавонед бо даст шаклро барои ҳисобкунӣ муайян кунед ва теъдоди одамонро дар метри муаккаб интихоб ва дурустии хабареро тафтиш кунед, ки дар бораи ҳамоишҳо, гирдиҳамоиҳо ва ҳодисаҳои ҳаҷман бузург нақл мекунад

gkstill.com
Иловаи беҳтарин ба сервиси қаблӣ аст : порталест, ки нишон медиҳад ки объек бо шумораи муайяни одамон дар як метри муаккаб то кадом андоза ғунҷоиш дорад .

tineye.com
Барои иттилооти тарғиботӣ,ғолибан аз триггерҳои визуалӣ истифода мебаранд, ки аз эҳсосбарангезандагони қавӣ ҳастанд
Tineye.com на танҳо нахустманбаъи аксро муайян мекунад,балки ҳамчунин назорат мекунад, ки чи тавр,кай ва дар кадом манбаҳои интернетӣ акс тағйир дода шудааст .

DownloadHelper  ва  Nimbus Screen Capture

Иттилоот дар интернет хусусияти гум шудан дорад. Агар ба кадом як сарчашмае такя мекунед, беҳтараш бехатариатонро бо ҳифз намудани он маводе,ки истифода хоҳед бурд, таъмин кунед. . DownloadHelper имкони ҳифз намудани ҳама гуна видео аз дилхоҳ порталро дорад ва Nimbus Screen Capture бошад барои скринкаст кардани маводи матнӣ ё лонгридҳо имкон медиҳад.

pipl.com ё  webmii.com
Инҳо абзорҳои барои санҷидани одамон дар интернет ҳастанд . Навиштани ном,насаб ва кишвар кофист, ки сервис саҳифаи ин шахсро дар шабакаҳои иҷтиомӣ ба шумо нишон диҳад. Ин сервисҳо гузинаи беҳтарини тайид ва тасдиқ барои коршиносон ва мутахассисонанд

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ