ДомойНақди РасонаӣРӯзноманигорон бо забони тоҷикӣ чӣ мегӯянду чӣ менависанд?

Рӯзноманигорон бо забони тоҷикӣ чӣ мегӯянду чӣ менависанд?

Таблиғи ҳукумати феълӣ, кофтукоби душманони миллат ва ифшои “фабрикаи ҷавоб”-и Тоҷикистон ва тафсилоти зиндаги пушти саҳнаи мансабдорони маҳаллӣ – ин ва мавзуъоти бисёри дигаре аст, ки расонаҳои тоҷикзабон онҳоро матраҳ мекунанд ва инҳо расонаҳое ҳастанд, ки мухотабони хориҷӣ дар бораи онҳо тақрибан чизе намедонанд.

Мо барои шумо шарҳи асоситарин расонаҳои тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ омода кардем.

 Телевизион

Дар Тоҷикистон телевизиони мустақили умумиҷумҳурявӣ нест. Талошҳои  ташкил кардани телевизионҳоии мустақили сартосарӣ то ин дам ба нокомӣ анҷомидаанд ва бо ҳар баҳонае номнавис кардани онҳо рад шудааст. Ҳоло 6 телевизиони ҷумҳуриявии давлатӣ:

Телевизиони Тоҷикистон”(ТВТ), “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Шаҳнавоз” бозигари аосии дар майдони телевизиони кишвар мебошад ва муассиси ҳамаи онҳо Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи ин шабакаҳо (ба ҷуз “Шаҳнавоз”) тариқи маҳвора дастрас мебошанд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи телевизион ва радио дар ҳоли ҳозир ин телевизионҳо дар ҳудудҳои зерин кишварро фаро гирифтаанд: Телевизиони Тоҷикистон– 99,72%,  «Сафина» – 99,7%, «Баҳористон» – 89,01%, «Ҷаҳоннамо» – 78,96%, “Варзиш”- 60,01%.

Шабакаҳои умумиҷумҳурявӣ (ба истиснои “Варзиш” ва “Баҳористон” ва “Шаҳнавоз”) ба таблиғу тарғиби ҳукумати феълӣ машғуланд, аз чорабиниҳои гуногун, сафарҳо ва мулоқоте, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат мекунад гузориш нашр мекунанд. Дар ин гуна ҳолатҳо тамоми мавҷи ин шабакаҳо аз ин гуна чорабиниҳо наворҳо нашр мекунанд ва агар ин маъракаҳо бисё муҳим бошанд – масалан, оғози кори НБО “Роғун”,- шабакаҳо ширкати Раҳмонро дар маросими оғози кори он чандин рӯз намоиш доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар шабакаҳо телевизиони танқид, хусусан дар баробари хидматчиёни давлатӣ тақрибан вуҷуд надорад. Рӯзноманигорон фикру назари танқидии худро танҳо нисбат ба  мавзуъҳои дувуму севумдараҷа ва ҳукуматҳои хориҷӣ баён мекунанд.

Яке аз вижагиҳои дигари хоси шабакаҳои телевизионии давлатии Тоҷикист ҳузур надоштани онҳо дар  дар шабакаҳои иҷтимоӣ (ба ҷуз “Варзиш”) мебошад. Телевизиони “Варзиш” ягона шабкаи давлатӣ аст, ки ба таври фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, YouTube, ВК, ОК ва бархе паёмрасонҳо) кор мебарад.

Сарчашмаи асосии хабарҳои ин телевизионҳо мақомоти давлатӣ ва мансабдорони давлатиянд. Хабарҳои берун аз кишварро аз интернет ва шабакаҳои телевизоинии хориҷӣ мегианд. Зеро танҳо ТВТ дар Маскав хабарнигор дораду халос.  Дар аксари маврид ба наворҳо ва маълумоти аз дигар шабакаҳо гирифта ишора намекунанд.

Телевизионҳои мустақил, ҳамаашон маҳаллӣ буда, аксари онҳо дар вилояти Суғд мебошанд. Сабаби асосӣ бисёр будани шабакаҳои мустақили маҳаллӣ дар шимоли кишвар нисбат ба дигар минтақаҳо аз лиҳози иқтисодӣ рушдёфтатар будани он мебошад. Ҳамчунин  замони хуб набудани муносибот бо Узбекистони ҳамсоя барои соҳибкорони маҳаллӣ имкони боз кардани шабакаҳоро бисёр осон карда буданд, то ин шабакаҳо таъсири телевизионҳои узбекиро камтар кунанд, зеро мавҷи онҳо дар ин минтақа ба содагӣ дастрас буд.  Формати ин телевизионҳо фароғатӣ-иттилоотӣ буда, бештар фаъолияти тиҷоративу фароғатӣ доранд. Ин шабакаҳои ба мавзуъҳои сиёсӣ ва мушкилоти калони иқтисодиву иҷтимоӣ намепардозанд, ва аксаран барномаҳои саргармкунанда доранд.

Asia-Plus

Дар фазои телевизионии Тоҷикистон нақши телевизионҳои Русия, телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон ва гуруҳи телевизионҳои шабакаи GEM таъсири калон доранд. Афкори оммавӣ асосан таҳти таъсири телевизионҳои Русия қарор дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам тариқи шабакаҳои кабелӣ, ҳам маҳвора қобили дарёфт мебошанд. Масалан соли 2017 гуруҳи расонаии “Азия плюс” дар пайрави ба «Левада-центром» -и  Русия  миёни сокинони Тоҷикистон назарпурсӣ гузаронида буд, ки чеҳраҳои пештози муосирро ном бибаранд.  Сегонаи пештози «Левада-центром» инҳо буданд: Иосиф Сталин, Владимир Путин ва Александр Пушкин.  Аз “Азия плюс”  бошад инҳо: Иосиф Сталин, Владимр Путин ва Абуабдулло Рӯдакӣ.

Матбуот

Сол то сол нақши матбуот дар фазои иттилоотии Тоҷикистон заъифтар мешавад. Ин чанд далел дорад.

Ҳоло мешавад 6 нашрия: ду давлатӣ ва як ҳизбӣ ва се мустақилро аз бозигарони аслӣ ва таъсиргузортаринҳо донист.

Нашрияҳои давлатӣ тиражи аз ҳама баландарро доранд, ки аз ҳисоби  обунаи маҷбурии кормандони давлатӣ ва буҷавӣ ҳосил шудааст. Масалан, нашрияи  “Ҷумҳурият”  — 48 000, нашрияи расмии Тоҷикистон, муассис Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон, даврияти нашр ҳафтае 5 маротиба, “Садои мардум” — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тираж 33 120 даврияти нашр ҳафта се маротиба ва “Минбари халқ” — нашрияи ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон, тираж 64 000, ҳафтанома.

Барои муқоиса: ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз ҳама сертиражтарин нашрияи мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад – 14 ҳазор нусха. Чунин тиражи баланд (барои нашрияҳои мустақил) барои “Тоҷикистон” ба содагӣ ба даст наомадааст. Ин ҳафтанома то чанд сол пеш шомили рӯйхати обунаи маҷбурӣ буд, ки Дастгоҳи иҷроияи президент тасдиқ менамуд.  Ҳоло ҳам, ба гуфти сардабири он Усмон Ниёзов обуначиёни асосии он ниҳодҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо мебошанд.

Asia-Plus

Ҳафтаномаҳои дигари мустақил, аз ҷумла “Фараж” ва “СССР” бо шумораи 1-1,5 ҳазор нусха (маълумоти ғайрирасмӣ) нашр мешаванд.

Дар Тоҷикистон нашрияҳои давлатӣ аз нашрияҳои мустақил хеле фарқ мекунанд. Нашрияҳои давлатӣ, ки “Минбари халқ”-ро мо дар ин категория ворид кардаем, бештар мисли телевизионҳои давлатӣ ба ташвиқу тарғиби ҳукумату президент машғул буда, бештар мақолаҳои маърифатӣ менависанд ва танқид, хусусан танқидҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодӣ, ё мақолаҳои таҳлилиии нишондиҳандаи камбуду норасоӣ хеле кам доранд.

Муҳтавои асосии ин нашрияҳоро асосан маводи тарғиботӣ, бархе масъалаҳои севуму чорумдараҷаи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ин нашрияҳо ба таври ҳамешагӣ мақолаҳои танқидиву ҳатто таҳқиромез нисбати мухолифин ва дигар озодандешон ба нашр мерасонанд, ки аксаран муаллифони гумном доранд ва дар Тоҷикистон ба номи “Фабрикаи ҷавоб” маъруф аст. Бештари муаллифони ин матлабҳо барои доираҳои журналистӣ ноошно мебошанд ва тибқи тадқиқоти ахири Радиои Озодӣ муаллифони онҳо кормандони ба истилоҳ “Фабрикаи ҷавоб” мебошанд.

Нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар боло номбар шуданд, асосан ҳафтаномаҳои ҷамиятӣ сиёсӣ мебошанд. Ин нашрияҳо ҳам зери таъсири омилҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар бештари маврид аз нашру пайгири масоили доғи иҷтимоӣ, хусусан масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии марбут ба доираҳои болоии ҳукуматӣ худдорӣ мекунанд. Ҳоло мазмуну мундариҷаи ин нашрияҳо ҳатто ба ду се сол пеш муқоисашаванда нест,  чӣ расад ба 5-7 сол пеш. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар Фейсбук саҳфаҳои худро доранд, вале онҷо танҳо матолиби нашршуда дар нашрияҳо ва сайтҳояшонро бознашр мекунанду халос. Маводи хос барои шабакаҳои иҷтимоӣ омода намекунанд. Дар ин нашрияҳо ҳам матолиби “Фабрикаи ҷавоб” нашр мешаванд. Хусусан дар нашрияи “Фараж” ин гуна матолиб дар ҳар шумора то 25-40%-ро ташкил медиҳанд. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳам ин гуна матолибро зиёд нашр менамояд.

Asia-Plus

Дар ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “СССР” сармуҳаррирон сутун менависанд ва “лидеры мнения” ба ҳисоб мераванд, ки ин онҳоро аз нашрияҳои давлатӣ фарқкунанда кардааст. Асосан матлабҳои сербаҳстари ҳафтаномаҳо  ҳамин навиштаҳои сардабиранд ва муаллиф дар аксари навиштаҳо бархурди миёна ба ҳаводис дорад. Бештар ҳаводисро яктарафа – танҳо аз нигоҳи худи муаллиф баррасӣ мекунад. Дар ин нашрияҳо матлабҳои тиҷоративу тарғиботии пулакӣ бо мақолаҳову гузоришҳои таҳлилӣ омехтаанд ва аз ин рӯ шубҳаи зиёде хонанда дар бораи воқеият ва ҳақиқати навиштаҳо дорад, ки кадом матлаби супоришӣ ҳаст ва кадоме заҳмати рӯзноманигор ва ё хабарнигор.

Ин нашрияҳо аз имконоти фанновариҳои технологӣ, ҳарчанд ба андозаи лозим набошад ҳам, вале истифода мекунанд. Бештар дар нашрияи Тоҷикистон. Тадқиқоти журналистиро ҳафтаномаи “Фараж” бештар нашр мекунад. Бештари ин тадқиқотҳо дар доираи озмуну бурсияҳои созмонҳои минтақавӣ ва журналистӣ ҳастанд.

Расонаҳои онлайн

Дар бозори расонаҳои онлайнии Тоҷикистон бозигарони бисёр ва гуногуне вуҷуд дорад. Расонаҳои милии онлайнӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бисёр пешрафта нестанд. То чанд соле пеш хабаргузориҳои “Тоҷнеюс” ва “Озодагон” аз пешгомони расонаҳои онлайни кишвар буданд. Вале аввалӣ соли 2016 ва дувумӣ 2017 баста шуданд, ки далели аслӣ нофаҳмиҳои муассисони онҳо бо мақомот буд.

Ҳоло аксари расонаҳои Тоҷикистон сайтҳои худро доранд ва фаъолияти онлайниро ҳам роҳандозӣ кардаанд. Ин шабу рӯзҳо се расона khovar.tj – Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, ozodi.org(tj)-сайти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва akhbor.com – сайти мустақили рӯзноманигори муқими Прага Мирзо Салимпур таъсири бештар ва пешгомӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистонро доранд.

Радиои Озодӣ

“Ховар” ба далели ин ки дар дарёфт ва пахши хабару рӯйдодҳои муҳими давлатӣ ҳаққи истисноӣ дорад, то имрӯз ин мақоми худро ҳифз кардааст.  Вале фаъолияти он ҳам комилан монанд ба телевизион ва нашрияҳои давлатӣ аст. Аз имконоти фаровони технологӣ ва  равандҳои нави рӯзноманигорӣ дар ин расона бисёр кам, ҳатто метавон гуфт, ки тамоман истифода намебаранд. Датажурналистика, тадқиқоти журналистӣ, имконоти чандрасонаӣ дар “Ховар” тақрибан вуҷуд надорад. Аз рӯйи ҳисобкунаке, ки дар поёни матлабҳои ин сомона гузошта шудааст, дида мешавад, ки матолибаш хонандаи зиёде надорад. Танҳо матолиби серхонандааш  ба ҳисоби миёна ҳудуди 800-1000 боздидкунанда доранд.

“Озодӣ” таъсиргузортарин расона дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аст, ҳарчанд расонаи миллӣ ба шумор намеравад. Аксари нашрияҳо ва расонаҳои дигари Тоҷикистон дар бештари маврид “Озодӣ”-ро ба сифати манбаи хабар истифода мебаранд ва матолиби онро хеле бисёр бознашр мекунад. Баъд аз он ки “Eurasianet” матлабе дар мавриди фаъолияти ин расона навишт ва дар он раҳбарияти пешини Радиои Озодиро дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон муттаҳам кард, раҳбарияти он барканор шуданд ва муҳтавои матолиби он бисёр тағйир карду мавзуъоти муҳим дар он бештар пайдо шуданд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ин шеваи кори “Озодӣ”-ро барои кутоҳмуддат медонанд.

“Akhbor.com” аз пурбаҳстарин ва ҷанҷоломезтарин расонаи онлайнии тоҷикзабон аст. Он аз сӯйи рӯзноманигори тоҷики муқими Чех, корманди собиқи “Озодӣ” Мирзои Салимпур роҳандозӣ шудааст ва дар нашру пахши хабарҳои доғ пештадастӣ дорад. Мирзои Салимпур то соли 2016 корманди Радиои Озодӣ дар Прага буд ва ба гуфтаи худаш соли 2016 ӯ бар пайи дасисаву хусуматҳои Соҷидаи Мирзо- раҳбари пешини бахши тоҷикии ин расона аз кор ронда шуд.  Салимпур мегӯяд, ки “Ахбор” як пойгоҳи мустақили аст ва фаъолияти худро аз ҳисоби дарёфти бурсияҳ аз ниҳодҳову созмонҳои байналмилалӣ таъмин мекунад.  Пойгоҳи “Ахбор” борҳо хабарҳои муҳимтарини марбут ба радаҳои болои ҳукумат дар Тоҷикистонро аз ҳама пештар нашр кард, вале мавридҳое ҳам шудааст, ки баъзе хабарҳои ин сомона таъйид нашудаанд.  Хусусан баъди нашри ахбори коғазпечи маъруф ба парвандаи кормандони..

Akhbor.com

Ба ҷуз Радиои Озодӣ расонаҳои дигари номбурда аз матолиби чандрасонаӣ бисёр кам истифода мебаранд ва бештар ба фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаноат кардаанд. “Озодӣ” имрӯз намунаи хубтарини як расонаи муосир аст ва аз имконоти нави фанновариҳои иттилоотӣ ва равандҳои нави журналистӣ фаровон истифода мебарад. Хусусан матолиби чандрасонаии “Озодӣ” аз пурхонандатрин матолиби расонаии тоҷикзабон мебошанд.

Ба ҳамин тартиб, расонаҳои бисёри тоҷикзабон дар кишвар табъан гуногунанд ва ҳаводисро аз нуқтаи назарҳои гуногун матраҳ мекунанд.  Мутаассифона, барои расонаҳои тоҷикзабон  мавзуъоти гуногуни муҳим, шеваҳои нави матолиби журналистӣ намерасад. Ба истинои мавридҳои хос (бештар дар “Озодӣ”) ҳамоно як муҳтаво аст, вале дар бастабандии гуногун.

Муаллиф: Иршод Сулаймонӣ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ