ДомойНақди Расонаӣ“Ҳамааш кори колхоз”: блогерҳои тоҷик дар YouTube ба чи кор машғуланд?

“Ҳамааш кори колхоз”: блогерҳои тоҷик дар YouTube ба чи кор машғуланд?

Пас аз он ки «Тоҷикфилм» ба рузноманигорон дар бораи муроҷиаташ ба Youtube  бо хоҳиши минбаъд нагунҷондани маҳсули блогерҳои тоҷик бидуни иҷозати онҳо, яъне «Тоҷикфилм», нақл кард ва баъди он ки  кормандони андоз  тасмим гирифтанд, ки аз онҳо андоз руёнанд, бинандаҳои тоҷикистонӣ ба дидани муҳтавои маҳаллӣ мароқ зоҳир намуданд. Мо ҳам истисно набудем ва барои худ машҳуртарин каналҳои Youtube-ро интихоб намудем, ки метавон тавассути онҳо дар ин платформа оид ба тамоми фазои тоҷикии ин контент тасаввурот ҳосил кард .

«Роликҳои корбарони  дигар кишварҳо истеҳсол намударо дар Youtube  дида ҳаловат мебарӣ. Дар мо бошад «ҳамааш кори колхоз»- шикоят мекунад Носири Раҳмон-сардори дирексияи давлатии «Тоҷикфилм» дар «Радиои Озодӣ ва дар бораи он нақл мекунад, ки онҳо расман ба Youtube муроҷиат намудаанд, ки имконияти пешакии модератсия кардани маҳсулоти блогерҳои тоҷикро ба даст оваранд ва дуруст аст, ки онро алҳол ба баст наовардаанду интизоранд.

Дар айни ҳол Youtube , шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто хадамоти Гугл ва Яндекс дар Тоҷикистон масдуданд, аз ин ру,  VPN-ро фаъол намуда, ба дидани маҳсулоти блогерҳои тоҷик меравем, ки боиси озурдахотирии “Тоҷикфилм” шудаанд.

Носири Раҳмон, Тоҷикфилм

Даъвои мақомти тоҷик бо YouTube: касбӣ, иқтисодӣ ё сиёсӣ?

Аз рӯйи иттилои сайти xp.tj  10-гонаи сермуштаритарин (обунаи аз ҳама зиёд) каналҳои ютуби тоҷикӣ инҳоянд, ки ҳеч 90 дар сади онҳо марбут ба блогнависон нестанд.

Р/т Номи блог Шумораи обуначиён Теъдоди бинандаҳо
1 Ozodivideo 705 173 439 115 133
2 Tamoshow 587 313 280 614 784
3 Zifostudio 359 666 130 066 606
4 Muhsin Production 270 247 67 174 946
5 Musiqi Tj 284 840 77 818 594
6 Darvoz Show 271 167 71 912 438
7 Panjsher media 282 313 100 752 981
8 Positive Production 239 334 96 244 983
9 BARAKAT MEDIA 206 694 140 440 673
10 Hamsado 222 466 119 034 347

Дар ин даҳгона, ба ҷуз Ozodivideo, ки пойгоҳи Радиои Озодист, тақрибан боқимондаи каналҳо бештар суруду клипҳои овозхонҳои тоҷик, мусиқиҳои тоҷикиву дигар кишварҳо ва видеоҳои ҳаҷвиро мегузорад.

Дар Ютуб дар ин охирҳо шумораи блогерҳҳои тоҷик хеле зиёд аст. Бар асоси ҷустуҷӯйҳои мо дар Ютуб яке аз сермуштаритарин каналҳо “Ҳамнаво”-и блогнавис Алиакбар Қурбонов (168 878 обуна) мебошад. Ин шабака бо фарқ аз шабакаҳои сермуштаритарин муаллифи худро дорад ва ин муаллиф дар мавриди мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва мавзуъоти динӣ матолиб пешниҳод мекунад. Бештари матолиби Алиакбар Қурбонов таблиғотиянд, мавзуъоти проблемавиро камтар матраҳ мекунад. Аз ҷумла баъзе матолиби он дар мавриди нархи наво ва мушкилоти муҳоҷирон ҳам ҳаст, аммо хеле сатҳӣ онҳоро матраҳ мекунад. Дар шабака аз мавзуъоти ҷолиби дунё гирифта то манзараҳои диданиву сайёҳии Тоҷикистон зиёд аст. Ҳамчунин дар шабака суханрониҳои гуногуни Эмомалӣ Раҳмон ҳам зиёд гузошта мешаванд. Яке аз матлабҳои Алиакбар Қурбонов чунин ном дорад: “Дар бораи президенти кишвар чи медонед?”. Дар оғози ин видео мегӯяд, ки “ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар бораи президенти кишвари худаш донад” ва шарҳи ҳолу сурудҳои тавсифиеро, ки овозхонҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон хондаанд нашр мекунад. Ҳамчунин бархе аз эълонҳои тиҷоратӣ низ нашр менамояд.

Канали “Dushanbe life” аз дигар каналҳои пурбинанда дар Ютуб ҳаст, ки барномаҳои ҳаҷвӣ (саҳнаҳои ҳаҷвӣ) ва барномаҳои фароғативу маърифатӣ бо иштироки ҳунармандон омода ва нашр мекунад. Ҳамчунин барномаҳои вижаро низ пешниҳод менамояд. Ба назар мерасад, ки ин шабака дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мебелфурӯшӣ омода мешавад ва ба таври пӯшида ин ширкатҳоро реклом мекунад. Муаллифони гуногуне дорад. Ин блонависон пранкҳои зиёде  бо иштироки ҳунармандону овозхонҳо ҳам вориди бозор мекунад.

Имшаб Channel (30 084 обуна) марбут ба ровӣ ва шоумен Мубриз Усмонов ҳаст. Бештари наворҳои ин канал ба таври ҳирфаӣ дар студияҳои махсус омода мешаванд. Дар матолиби ин канал хидматрасонҳои ширкати Мегафон реклом мешаванд. Дар ин канал барномаҳои “Радиои нав” ҳам нашр мешаванд ва асосан фарогири мусиқӣ ва ҳолу ҳавои ҳунармандон аст. Ҳамчунин матолибу барномаҳои Мубориз Усмонов дар ин канал гузошта шудаанд.

FOND TJ (53 866 обуна). Ин канал аз ҷолибтарин шабакаҳои тоҷикӣ дар Ютуб аст. Дар муаарифи он навишта шудааст, ки “Фонди хайриявии Саховат”. Муаллифи он, блогнавис ҷавоне бо номи Сиёвуш аз мардуми хайрхоҳ, асосан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия пул ҷамъ оварда ба шахсоне, ки дар Тоҷикистон ниёзмандии сахт доранд кӯмак мерасонад. Дар чанд навори охири ин канал дида мешавад, ки Сиёвуш ба ду тифли ятиммондаи Гулбегим Раҳмонова (ҷавонзане, ки дар Русия даргузаш ва ё кушта шуд ва сару садоҳои зиёде ҳам дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба бор овард) ду дучарха ва қисме маводи хӯрокворӣ бурдааст. Аз ҷумла дар як навори дигар дида мешавад, ки ӯ ба суроғи модаре рафтааст, ки дар яке аз сохтмонҳо бо ду фарзанд (яке духтари 17-сола ва писари 5-сола) зиндагӣ мекунанд. Сиёвуш ба онҳо ду матоъ барои дӯхтани курта ва 400 сомонӣ пул медиҳад. Ин зан мегӯяд, ки 12 сол шуд дар ба дар аст ва дар иҷораву вагон ҳар куҷое, ки рост омадааст, зиндагӣ кардаанд. Ҳамин тариқ Сиёвуш ба суроғи ниёзмандтарин мардум меравад ва ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Dfilm tj (143 950 обуна). Моли блогнавис Диловар Сафаров. Яке аз фаъолтарин блогнависони тоҷик, ки дар канали худ масоили доғи иҷтимоиро матраҳ мекунад. Баъзе аз мазуъоти муҳим он: мувофиқати мазуъҳои блогнависон бо минталитети мардуми Тоҷикистон, чаро маҳсулоти ватанӣ харидор надорад, ришвахорӣ, қарза карда тӯй кардан, чоплусӣ, риояти тозагӣ дар шаҳрҳо, зарари сигор, маҳалгароӣ, дар хиёбонҳо ба занҳо гаппартонӣ накардан, хушнат нисбат ба занон, ҷудошавии оилаҳо ва  ғайра.

Дар баъзе аз ин матлабҳо блогнавис ба таври касбӣ ба мавзуъ бархӯрд мекунад. Аз ҷумла дар матлаби “Чаро маҳсулоти ватаниро намехарем?” миёни харидорон дар маркази савдои “Ашан”  назарпурсӣ гузаронида, баъдан ба яке аз фабрикаҳои навсохти қаннодӣ мераваду мавзуъро дунболагирӣ мекунад. Ин блогер ҳатто ба мавзуъоти сиёсиву амниятӣ – мушкилот ва низоъи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба масоили марзӣ дахл кардааст ва ба хуб шудани равобити дӯстиву муносиботи хуби сиёсии Тоҷикистону Узбакистон низ пардохтааст.

Ин блог яке аз иҷтимоитарин каналҳо дар Ютуби тоҷикӣ мебошад ва бештар мушкилотро баррасӣ мекунад. Баъзе аз ин мушкилот хеле ҷиддӣ мебошанд, ки ниёз ба кори дастаҷамъӣ доранд. Ин блогнавис миёни ҷавонон ҳам хеле маъруф мебошад.

Аз тамошо ва мушоҳидаҳои мо дар Ютуб чунин хулоса ҳосил шуд, ки блогнависони тоҷик бештар ба мавзуъоти сатҳӣ, ҳаҷвӣ, фароғатӣ ва мусиқавӣ сару кор мегиранд. Мавзуъоти иҷтимоӣ ва мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон хеле кам мавзуъи кори блогнависон қарор гирифтааст. Ҳатто миёни блогнависон як нафаре ҳам нест, ки дар мавзуъоти сиёсӣ матлаб пешниҳод кунед. Ҳатто дар хориҷ аз кишвар ҳам. Аммо ҷавонони тоҷик ба ин гуна блогҳо бисёр таваҷҷуҳ доранд ва аксари онҳо дар Ютуб аз амалкарди блогнависи маъруфи чечен Тумсо Абдураҳмонов, ки мухолифи сарсахти Рамзан Қодиров мебошад, ситоиш кардаанд.

Яке аз умдатарин мушкил ва ё камбуди блогнависони тоҷик надонистани забони тоҷикӣ – забони адабӣ (меъёр) ва бисёр бо забони омехтаи русиву кӯчабозорӣ барнома пешниҳод кардани онҳо мебошад. Ҳатто онҳое, ки тасаллути хубтар бар забон доранд, аз лиҳози забони барномаҳояшон бисёр хатоҳои дағал дорад. Чизи дигар, ба мавзуъот бисёр сатҳӣ, танҳо аз нуқтаи назари худ ва дар бештари маврид камсаводона бархӯрд мекунанд. Сатҳу кайфияти видеоҳо дар бештари блогҳое, ки муаллифи фаъол доранд ва ё аз сӯйи муаллиф омода мешаванд паст аст. Вале видеоҳое, ки аз сӯйи ширкатҳо ва ё гуруҳҳои эҷодӣ омода мешаванд босифаттаранд. Аз шарҳҳои зери матолиби блогнависон дида мешавад, ки онҳо миёни насли ҷавон баҳсҳои гармро ба бор меоранд, аммо баҳсҳо дар бештари маврид ғайриахлоқӣ ва хеле дур аз доираи муоширати инсониянд. Вале аз сӯйи дигар аксари блогнависон бо матолиби худ дар ҷалби сайёҳон, бо нишон додани табиату боду ҳаво ва манзараҳои сайёҳии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Блогерон бо забони русӣ чӣ кор мекунанд?

Манзараи мӯҳтавои русзабони сегменти тоҷикии Youtube, аз он чи дар боло сухан рафт,чандон тафовут намекунад. Дар ин ҷо канали бештар машҳур ва хушсифат ба гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” тааллуқ доард. Аз маҳсули блогерон наметавон чизе ёфт, ки аз чорчӯба берун барояд, баръакс, ҳамаи муаллифони машҳур мӯҳтавое намесозанд, ки на бо мундариҷа ва  на бо дизайн ,чӣ дар корбарони маҳаллӣ ва чӣ хориҷӣ ягон эҳсосоти қавиеро бедор кунанд. Инҳо мусоҳибаҳои ба қадри кофӣ “суфташудае” ҳастанд, ки дар онҳо шахсони машҳури Тоҷикистон дар бораи  чиро афзал донистанашон,дар бораи муваффақиятҳои худ, нақшаҳои оянда ва муҳаббаташон ба Ватан гап мезананд.

Масалан, пайрави  Юрий Дуд дар Тоҷикистон – блогер Ёдгор Исломбековро  дар канали Iron King зиёда аз якуним миллион нафар тамошо кардааст. Канал аз соли 2014 фаъолият мекунад, аммо шуруъ аз  соли 2017 Ёдгор танҳо ба мусоҳиба бо одамони машҳур ва на он қадар машҳури Тоҷикистон машғул аст. Мӯҳтавои ба он монандро  Furug Channel месозад , ки он ҳам аз мусоҳибаҳо иборат аст,танҳо дамомнокиашон кутоҳтар аст, бештар ба пурсишҳои кутоҳ монанд ҳастанд.

Боз як шабакаи машҳури дигар бо забони русӣ – “Бги Дега” аст;  ки соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 2 сол дар ин канал  хеле кам видео партофта шудааст, аммо онҳоро аллакай 1.1 миллион нафар тамошо кардааст, ки барои каналҳои тоҷикии Youtube нишондиҳандаи чандон бад аст. Муҳтавои он комилан баро дилхушӣ аст – шухиҳо бо шаҳрвандони оддии шаҳри Душанбе, видеороликҳое, ки чӣ тавр хориҷиён сурудҳои тоҷикиро гӯш мекунанд ва кушиш мекунанд, ки дар бораи чи  сурудани  овозхононро муайян намоянд .

Ана,ҳамааш ,ҳамин аст,тамом каналҳои машҳури қисмати тоҷикии Youtube, ки “Тоҷикфилм” нияти таҳти контрол гирифтан дорад. Албатта, сифати ин муҳтаво аз маводи дар дигар кишварҳо истеҳсолшаванда пасттар аст, аммо дар ҷое, ки сифати мӯҳтавои маҳсули блогерон баланд аст, сифати телевизион ва кинематография низ баланд аст. Дар ҳолати  Тоҷикистон – ҳамааш табиист,яъне телевизионҳо, кинематографҳо ва блогерҳо, қариб ки дар як сатҳ муҳтаво месозанд.

Дуруст аст, ки ба ҳар ҳол маҳсули блогерҳо тару тозатар аст.

— «Тоқикфилм» бояд  ғами сифати маводи истеҳсолшавандаи худро хурад, — мегӯяд мутахассиси расонаҳои нав, тренери расонаҳо- Рустам Гулов. – Солҳои охир ягон филми дар ин студия истеҳсолшударо наметавон зикр кард, ки даромад оварда бошада  ва хароҷоти худашро пӯшонда бошад. Маҳз ҳамин хароҷотҳоро, эҳтимол, онҳо мехоҳанд аз ҳисоби видеоблогерон пӯшонанд. Зеро, агар аз як тараф онҳо дар бораи он мегӯянд, ки блогерон кишварро шарманда мекунанд, аз тарафи дигар, онҳо  мехоҳанд ин фаъолиятро литсензионӣ кунанд. «Тоқикфилм» фикр мекунад, ки блогере, ки дар смартфони худ видеоролик ба навор мегирад, метавонад барои литсензия пул супорад. Тамоми  суханҳое, ки гӯё ин роликҳо кишварамонро паст мезананд, аз ҳангомаҷуие бештар нестанд ва мактубҳое, ки гуё ба роҳбарияти Youtybe навишта шудаанд,  бори дигар ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳад, ки то чӣ андоза баъзе мансабдорони Тоҷикистон  номуносиб ва дур аз воқеият фикр мекунанд ва воқеан, ин чиз дар ҳақиқат миллати моро паст мезанад.”

Муаллиф: Лилия Гайсина, Иршод Сулаймонӣ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ