ДомойМедиалентаБо интернети масдуд дар Тоҷикистон рузноманигорон чи ҳол доранд?

Бо интернети масдуд дар Тоҷикистон рузноманигорон чи ҳол доранд?

Дар давоми сол сомонаи яке аз нашрияҳои пешбари Тоҷикистон –гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар  қаламрави кишвар масдуд аст, вале редаксия  болидаруҳӣ ва корбаронашро аз даст надодааст.

Қиссаи мо дар бораи он аст, ки чи тавр бояд мухотабонро аз даст надод, агар шуморо масдуд мекунанд ва  оё  редаксияи муосир метавонад умуман бидуни сомона корашро идома диҳад.

Дар аввалҳои моҳи май боз як бори дигар, натанҳо  шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва Ютуб, балки низомҳои ҷустуҷугар -Гугл ва Яндакс ҳам баста шуданд  Ҳамчунин дар ин “басташавиҳо” аксар  сомонаҳои иттилоотӣ ва ҳатто агрегаторҳои хабарсоз шомил шуданд; аслан танҳо  ба ВАО-давлатӣ  дастрасии озод монду халос. Ин маҳдудсозии сартосарӣ тахминан як моҳ идома ёфт ва баъдан дастрасӣ ба ҳама манбаъҳо таъмин шуд. Ба ҳама, вале ба истиснои сомонаи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ки бо сабабҳои  номаълум дар саросари кишавар тақрибан як сол боз масдуд аст ва тули ин муддат барои нигоҳ доштани аудиторияш бо муаваффақият талош мекунад.

Дурустараш, мо ним сол боз дар  вазъияти куллан масдуд қарор дорем ва гоҳ гоҳ басташавиҳо бошад аз 30 июли соли 2018 ба инҷониб идома доранд,-мегуяд директори иҷроияи нашрия Зебо Тоҷибоева, мутахассиси  асосии диҷитол дар редаксия.- Аммо ба ҳар ҳол барои қиёс муддати як солро мегирам, зеро дар ним соли аввал чунин буд: барои чанд рузе сомонаи моро мекушоданд ва боз чанд рузе масдуд мекарданд, мебастанду мекушоданд. Ва акнун расо шаш моҳ аст, ки сомонаамонро тақрибан намекушоянд. Як ду соатеро, ки гоҳо  бо сабабҳои ба мо номаълум мекушоданд,  ба ҳисоб намегирем.

Зебо, дар бораи омори сомона чи гуфтан метавонед: як сол  қабл, то масдуд кардан, чанд кас муроҷиат мекард ва чанд нафар алҳол?

Бубинед, то моҳи июли соли 2018 омори мо  устувор буд: 41-45 ҳазор муроҷиатунандаи мунҳасир ба фард дар  якшабонаруз, баъдан ҳодисаи Данғара рух дод  (манзур амали терористиест,ки  чор сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд-эзоҳи муҳаррир), ки мо хеле дақиқкорона ин  фоҷиаро пайгирӣ менамудем, дар бораи тамоми ҷузъиёт муфассал нақл мекардем ва аудиторияи мо дар як шабонаруз  то 70 ҳазор боло рафт. Дар  худи ҳамон вақт сомонаи моро бастанд. Шумораи муроҷиаткунандагон ба сомона якбора ба 20 ҳазор фуромад. Дар ибтидо  мо ба ин чандон таваҷҷуҳ накардем,чун мутмаин будем, ки сомнаро мекушоянд ва  мухлисонамонро бармегардонем. Вақт мегузашт ва сомонаро намкушоданд ва мо дарк  кардем, ки  метавонем аз мухотабонамон  абадан маҳрум шавем. Дарк мекардем, вале коре ҳам намекардем, зеро ба ҳар ҳол умедворона мунтазир будем, ки  маҳдудиятро мебардоранд.

редаксия АП

Дар натиҷа воқеан ҳам дастрасӣ ба сомонаро кушоданд.-дар рузи кушодашавии агрегати нахустини НБО-и Роғун-16 ноябри соли 2018. Мо- саршор аз хушнудӣ- ин  ҳодисаи барои кишвар муҳиммро дар тамоми саҳфаҳоямон инъикос намудем, матне  бо номи “ Роғун-сулҳофар” омода карда,дар он зикр намудем ки ба лутфи кушодашавии ин пойгоҳи барқӣ  сомонаи монро низ кушоданд, вале 17 ноябр бори дигар моро масдуд карданд. Ҳатто “ Роғун- сулҳофар” моро наҷот надод.

Маҳз ҳамон лаҳзаҳо мо дарк кардем, ки бе зарурате  нияти кушодани сомонаи моро надоранд; фаҳмидем, ки дар реҷаи муқаррарӣ мо алакай кор кардан наметавонем ва бояд, сарфи назар аз маҳдудиятҳо, аудиторияи худро баргардонем.

Ва тамоми ин муддат омори шумо дар ҳудуди 20 ҳазор буд?

— Оре, ҳангоми  масдуд буданамон шумора наафзуд, дар як сатҳ қарор дошт. Мо корро гоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома медодему  гоҳо матни пураи хабарро дар постҳоямон мегузоштему гоҳо пайванди сомонаи басташударо мегузоштем, вале табиист ки омори сомона   зиёд намешуд. Ва дар моҳи ноябр қарор додем,ки чандплатформагӣ мешавему аз  «Яндекс Дзен» шуруъ намудем. Маводро пурра дар ин платформа ҷойгир менамудем,яъне амалан як майдончаи алоҳидаро инкишоф медодем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба контенти “Дзен” пайвандҳоро ирсол менамудем. Ин платформа бо он роҳат аст,ки  «Яндекс Метрика» имкони муттаҳид намудани омори муроҷиатҳоро ҳам дар “Дзен” ва ҳам дар сомона медиҳад ва ҳам дидани шумораи корбаронеро, ки муҳтавои пешниҳодшударо мебинанд. Кори мо  ба лутфи “ Яндекс Дзен” беҳтар шудан гирифт ва на танҳо шумораи мухотабонро ба 45 , балки то 52 ҳазор расондем. Ин ба мо дар муддати се сор моҳ даст дод. Ҳаммаш хуб буд,то даме ки мо аз муваффақиятҳо худ ба таври оммавӣ гуфтему баъди он  дар Тоҷикистон дастрасӣ ба онро ҳам масдуд карданд. Омори мо  боз то сатҳи 20 -25 ҳазор  нузул кард.

Чи тавр аудиторияро бояд нигоҳ дошт?

Ба ғайр аз рушди майдон «Яндекс Дзен»  кори дигаре ҳам кардед?

Кардем,албатта, мо серверамонро барои иттилоияҳои кутоҳ иваз намудем, аз манбаи sendpulse.com истифода кардем, вале он  чандон бо Chrome  мутобиқат намекунад, мо онро  бо  push.worldм иваз намудем. Қабл аз масдудшавӣ ва баъди он ҳам иттилоияҳои кутоҳ  то 20 %  трафики умумиро тавлид мекунанд, аз ин ру муносибатамон ба онҳо хеле ҷиддист. Ҳануз дар лаҳзаҳои инъикоси ҳодисаи терористии Данғара, мо ногаҳон вориди  «Google новости»  ва  «Google Discovery» шудем. Ман чандон мантиқи Google –ро намефаҳмам, ки барои чи мо ба серверҳои онҳо ворид шудаем? Барои  ба он ҷо ворид шудан оптимизатсия хуби сомона зарур аст, дар ҳоле ки сомонаи мо  дар ин маврид “мелангад” ва алҳол мо устуворона  дар  он қарор дорем ва   Google то 40% трафикро тавлид мекунад. Ба лутфи ин “воридшавӣ” омори муроҷиатҳо аз кишварҳои Осиёи Миёна, ба ҳисоби миёна аз Қазоқистон,Қирғистон ва Узбекистон дар як шабонаруз то 15 ҳазор корбар афзуд. Қаблан чунин набуд,қаблан сари ҳар яке аз ин кишварҳо беш аз 2 ҳазор  рост намеомад. Чун пай бурдем, ки соҳиби аудиторияи нав мешавем  фавран муҳтаворо барои онҳо мувофиқ гардондем, яне кор бо матнҳои минтақавиро шуруъ кардем.

— Вақте хидматрасонҳои Google  масдуд шуданд,чи кор кардед?

— Дар рузҳои аввали масдудкиниҳои Гугл дар моҳи май  мо 70 % трафикамонро гумкардем, аммо як ду руз баъд омор бештар шудан гирифт, зеро корбарон роҳҳои берун омаданро аз бунбастҳоро пайдо карданд.

Аммо пас аз бастан «Яндекс Дзен» чи шуд?

— Мо ба платформаи дигар- Телеграма – «Telegraph» гузаштем.  Он  албатта бароямон чандон роҳат нест, ки «Дзен», пеш аз ҳама барои он, ки мақолаҳо дар як ҷой ҷамъ намешаванд, онҳо танҳо тариқи пайвандҳо дастрасанд ва дидани  омори умумии ҳам телеграф ва ҳам сомона  имконпазир нест, аммо тоқатпазир аст . «Telegraph» барои мо ду се ҳафта “хидмат” кард ва онро ҳам бастанд .

Барои рузи мабодо ду варианти дигар дорам, вале дар мавриди онҳо .беҳтараш , ҳоло чизе нагуям. Чун  аз онҳо истифода бурданро шуруъ кунем, фикр мекунам ки онҳоро ҳам мебанданду мо бошем гузинаҳои дигар пайдо мекунему ҳамин тавҷр то беохир.

газета «АП»

Мутаассифона, барномасоз нестам ва дар ихтиёри худ барномасоз ҳам надорам, вагарна ман ба аз худ кардани   «Яндекс Турбо» машғул мешудам, ки ба сарфи назар намудан аз масдудкуниҳо қодир аст. Дар нақша ҳамчунин сохтани сомонае дорем, ки  одамон вақташонро барои гирифтани расмҳо зоеъ накунанд.алҳол сомонаи мо барояшон гарон меафтад,яъне онҳо ҳини фаъол намудани VPN  трафикро гум мекунад.

— Аз кадом вақт шумо каналатонро  дар Телеграм интишор намудед?

— Соле бештар,дар ибтидо ба ҳайси сарчашмаи иловагӣ, ки аз он чандон умедвор набудем, вале минбаъд барои мо ва хонандагонам наҷотдиҳандаи асосӣ шуд :  алҳол роҳи масдуд кардани Телеграм-ро ёд нагирифтаанд, трафикро зиёд намегирад, матнро дар набудани интернет ҳам хондан мешавад. Канали мо алҳол дар байни тоҷикистониён машҳуртарин аст,зеро 7.5 ҳазор муштарӣ дорем ва аудитория дар ҳоли афзоиш аст. Фаҳмост, ки он трафикро тавлид намекунад, вале моро мехонанд.

— Шумо ҳеҷ вақ дар бораи хориҷ шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва даст кашидан аз сомона андеша накардаед ва оё ин имконпазир аст?

— Медонед, мо бе ин ҳам тамоми маводро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва  Youtub мегузорем ва ба лутфи ҳамин, аудиториямон афзоиш меёбад. Ҳамаи ин майдонҳоро ҳам гоҳ гоҳ мебанданд, вале одамон дар ҳар сурат, аз онҳо дидан мекунанд, аммо аз сомона метавонанд даст кашанд.Ҳарчанд барои мо хурсандиовар аст, ки барои аксар хонандаи мо воридшавӣ ба сомона чун одати хуб боқӣ мондааст.

Чи тавр хушбовариро нигоҳ дошт?

— Муҳтаворо бо сабаби маҳдудкуниҳо тағйир додед?

— Фикр мекунам ки  қисман тағйир додем, зеро худсензура ба кор даромад. Вақте моро гоҳ мебастанду гоҳ мекушоданд, ҳар як ҳолатро  мо дар идора баррасӣ мекардем ва кушиш мекардем бифаҳмем,   кадом  мақола боиси он гардидааст.Табиист ки рузноманигорон намехостанд сабабгори бастани сомона шаванд, навиштаҳои худро назорат мекарданд, вале ин наҷот намедиҳад.

— Чаро сомонаатонро масдуд мекунанд?

— Мо намедонем, ба ин саволи мо ҳеч кас ҷвоб надодааст, ҳарчанд мо таваҷҷуҳ зоҳир намудаем. Гап сари он аст, ки тамоми тарафики мо аз тариқи ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» мегузарад, ки онро Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар назорат мекунаду баъд ба дасти провайдер мерасад. Ба Хадомоти алоқа мактуб навиштем, онҳо ҷавоб доданд, ки дастрасӣ ба сомона бо сабабҳои техникӣ вуҷуд надорад, ки гунаҳкор ё шумоед ё провайдерҳо.. Сипас  мо ба провайдерҳо муроҷиат намудем ва онҳо ҷавобҳои равшан надоданд ва танҳо «Билайн»  расман дар мактубаш хабар дод, ки сомона дар сатҳи провайдери болотар-“Тоҷиктелеком” масдуд карда мешавад. Мо бо нусхаи ҳамон мактуб ба Прокуратураи генералӣ ариза барои ҳаллу фасли мавзуъ навиштем.Прокуратура ба Хадамоти алоқа дархост дод, Хадамот ҷавоб гардонд, ки гуё ба ин масъала рабте надоранд, мо  барои дархости такрорӣ исрор  намудем  ва Хадамот  ҳам ба мо ва ҳам ба Прокуратураи генералӣ такроран рабт надоштанашро ба ин масъала  гуфт. Дар Прокуратура чунин шумурданд, ки  ин ҷавоб кофист ва аз идомаи ҳаллу фасли мавзуъ худдорӣ намуданд.

Эҳтимол, боз ариза навиштан лозим бошад, вале ман фоидаашро намебинам.

— Редаксия  дар ин бора фарзияҳои худро дорад?

— Оре дорад,  соли гузашта сармуҳарриамон дар ин бора ошкоро гуфта буд.

Гап сари он аст, ки баъзе сохторҳои давлатӣ ба мо пешниҳоди нашр намудани мақолаҳоро доданд ва мо рад кардем . Дар мо синдроми муҳаррирӣ бедор шуд-матнҳо ҳам аз чиҳати муҳтаво ва ҳам сифатан хеле  заъиф буданд ва мо онҳоро қабул накардем. Воқеан  вақте мо дар ин бора нақл кардем, корбарон моро дилбардорӣ мекарданд, ки боке нест шумо нашр кунед, мо дар шарҳу тафсирҳоямон мавзуъро баррасӣ мекуенем. Оре, корбарон  баррасӣ кардан метавонанд. Вале мо табиист ки  аз ин кор даст кашидем.

Бехруз Насриддинов ва Искандар Мирзоганиев

Дар натиҷаи масдуд карданҳо дар редаксия чи тағйирот рух дод?

— Тамоми редаксия аз қаринаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба фикр кардан шуруъ намуд ва шадидан оморро назорат мекунад. Қаблан омор танҳо мавриди назари муҳаррирон буд, акнун рузи кории ҳама аз дидани рақамҳо дар сомона шуруъ мешавад. Ин тағйироти мусбат аст ва ҷиҳати манфӣ, шояд, он бошад, ки баъзан  ба сабаби ин  бастанҳо дилмонда мешавем. Дар айни замон, дар Тоҷикистон дар бастани интернет хеле пеш рафтаанд, ман кушиш кардам, ки “ойинаи” сомонаро созам, ки Гугл ба ин ин дар низоми абрӣ имкон медиҳад, вале барномасозони русе,ки ман ба онҳо  барои кумак муроҷиат кардам, гуфтанд ки илоҷи ёрӣ додан надоранд, зеро дар кишвари мо интернет дар сатҳи  DNS-канал масдуд мешавад, на  тибқи суроғаҳо ё доменҳо. Айнан чунин ҷавобро барномасозони амрикоӣ  ҳам доданд . Зиёда аз ин  масдуд намудани интернетро ҳатто дар сатҳи  корхонаҳои алоҳида медонанд, масалан , сомонаҳое ки дар идораи мо кушода намешаванд, метавонанд дар дигар қисматҳои шаҳр дастрас бошанд. Баъзан чунин ҳам мешавад.

— Метавонед ба он редаксияҳои Осиёи Миёна, ки барояшон масдуд шудан, метавонад  воқеият бошад, се маслиҳати муфид бидиҳед?

— Маслиҳати аввал ҷиддан рушд додани Телеграм-каналашон аст, зеро алҳол барои кишварҳое, ки интернаташон масдуд мешавад, ин роҳи наҷот аст. Маслиҳати  дуюм инкишоф додани  «Яндекс Дзен»,  ба ҳайси платформаи алоҳида, яъне гунҷонидани тамоми мавод, бе интиқол ба сомона ё аз худ намудани  «Яндекс Турбо» ва маслиҳати сеюм-рушди самти реклами табиист, зеро дар шароити масдуд будан-ин ягона навъи рекламаи самаранок  аст. Мутаассифона, мо рекламадиҳандагонамро ҳеҷ наметавонем ба рекламаи табиӣ одат кунонем ва онҳо пиар матнҳоро  тарҷеҳ медиҳанд, ки мо метвонем ҳар руз аз чунинҳо  барояшон панҷтоӣ бинависем. Аммо  дар ҳар сурат алакай намунаҳои хуби рекламаи табиӣ дорем ва ҳар касе, ки чунин навъи рекламаро санҷида бошад, талош мекунад, ки фақат аз он кор бигирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ