ДомойМедиалентаCе роҳи босамари ҳамкории судҳо бо ҷомеа дар Литва, ки барои Тоҷикистон...

Cе роҳи босамари ҳамкории судҳо бо ҷомеа дар Литва, ки барои Тоҷикистон муфиданд.

Низоми судии Литва яке аз беҳтаринҳо ва пешрафтатаринҳо дар  қаламрави собиқ шуравӣ ба ҳисоб меравад. Ин  ҷумҳурии собиқи СССР асосан ба лутфи шафоффият дар назди ҷомеа ва робитаҳои зичи  мақомоти судӣ бо расонаҳо ба ин ноил гардид. Ҳайати иштирокдорони Тоҷикистон,  иборат аз кормандони  давлатии мақомоти судӣ ва журналистони  инъикоскунандаи  чунин мавзуъот, ки дар охирҳои моҳи май ба Вилнюс сафар карда буданд, ба “НР” дар бораи он гуфтанд, ки низоми судиии кишвар чиро метавонад аз судҳои литвагӣ истифода  кунад.

Сарфи назар аз он ки дар Тоҷикистон 53  сомонаи расмии мутааллиқ  ба навъи судҳои мухталиф-ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва сатҳи ноҳиявӣ вуҷуд дорад, журналистон ҳануз ҳам камбуди  иттилоотро эҳсос мекунанд. Маълумоти баъзе  сомонаҳо таҷдид намешавад ва  агар сари вақт нашр шаванд ҳам муҳтавояшон суолбарангез аст. Дар ниҳояти кор дар Тоҷикистон бояд чунин бошад- дар сомона маълумот оид ба  баррасӣ, номи судяҳои қазоваткунанда, ба истиснои парвандаҳое, ки ба таври пушида баррасӣ мешаванд, нашр мешавад ва ҳар шаҳрванд метавонад бо ин маълумот  шинос шавад. Воқеан, барои  ба ин идеал расидан,  Тоҷикистонро  сари ин масъала кор кардан лозим меояд, дар ҳоле ки чунин низом  барои  Литва алакай як раванди маъмулӣ шудааст. Дар аксар ҳолат  ба лутфи ошоро ва шаффоф будан, низоми судии Литва, тули солҳои истиқлол, ба яке аз беҳтаринҳо  дар собиқ  қаламравӣ шуравӣ табдил ёфт ва сазоворӣ боварии шаҳрвандони оддӣ гардид.

Бо натоиҷи ин дигаргуниҳо ҳангоми сафари омузишӣ ҳайати иштирокдорони Тоҷикистон, иборат аз кормандони  давлат ва журналистони инъиукоскунандаи чунин мавзуъҳо, шинос шуданд. Мо аз ҳакасбонамон хоҳиш намудем, ки се роҳи муфидтарини ҳамкориҳои мақомои судии Литва бо ҷомеаро номбар кунанд, ки онҳо дар ин сафар шинос шуда буданд.

 Судҳои маҷозӣ(виртуалӣ)

Дар Литва судҳои маҷозӣ аз соли 2015 амал мекунанд. Шаҳрванд метавонад дар ҷараёни судӣ иштирок кунад ва бидонад, ки раванди иҷлосияҳои судӣ чи тавр мегузаранд, иштирокчиён киҳоанд ва аз кадом ҳуқуқу уҳдадориҳо иштирокдорон бархурдор ҳастанд. Бари  шомил шудан дар судҳои маҷозӣ бояд ба сомонаи расмии  http://sale.teismai.lt ворид шуда, парвандаи маъмурӣ, шаҳрвандӣ ё ҳатто ҷиноиеро ки да назаратон муфидтар аст, интихоб намоед ва муҳокимаро шуруъ кунед..Тамошобинон ҳангоми  баррасии судҳои маҷозӣ метавонанд  намои толори суд, иштирокчиёни мурофиа-судҳо,ҳомиёни ҳуқуқ,ҷабрдидагон,шоҳидон ва даъвогаронро назорат кунанд.

Ҳамчунин,тамошобин метавонад яке аз  қаҳрамонони  суди маҷозиро интихоб намояд ва бубинад, ки чи тавр дар мурофиаҳо бояд рафтор намуд: дар куҷо нишастан,кай  аз ҷо бархостан, кай ва чи тавр ба саволҳо ҷавоб додан; ҳангоми  мурофиаи парванда тамошобин ҳатто савол додан ҳам метавонад.

Ин лоиҳаи маърифатӣ дар Литва барои он сохта шудааст,  ки роҳати равонии ҷабрдидагон ва шоҳидон беҳтар гардад; бо ёрии ҷараёни маҷозӣ, онҳо дидан метавонанд, ки мурофиаҳо дар ҳаёти воқеӣ чи тавр мегузаранд ва маънаван ба он омода мешаванд . Ба ғайр аз ин судҳои маҷозӣ барои нафороне ҳастанд, ки  раванди мурофиаҳоро  бештар донистан мехоҳанд,масалан, журналистон  ва донишҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ.

Осорхонаи таърихии низоми судии Литва

Боз яке аз лоиҳаҳои  маърифатие, ки ба лутфи он шаҳрвандони оддии Литва метавонанд бар бораи низоми судии кишварашон бештар маълумот бигиранд, осорхонаи махсусест, ки дар назди Маъмурияти  суди милли Литва  кор мекунад. Ин намоишгоҳе иборат аз 200 экспонат аст,ки  ба марҳилаҳои  гуногуни таърихи низоми судӣ дар Литва тааллуқ доранд. Силоҳҳо,ҳуҷҷатҳо, китобҳои арзишманд,намунаи ҷузъи либосҳо ,ашёҳои воқеӣ ба ҳайси  далелҳои шайӣ,парвандаҳои бо даст духташуда, қасамҳои воқеӣ- маҷмуан торихи зиндаи низоми судии кишвар. Барои дарки беҳтари осорхона дар хидмати  тамошобинон раҳбаладҳо тамоман маҷонӣ кор мекунанд. Қобили закр аст, ки меҳмонон доимии ин осорхона мактабчагон ҳастанд, ки ба онҳо ба таври муфассал мефаҳмонанд, ки низоми судӣ чи гуна фаъолият мебарад ва ба шарофати ҳамин бачагон аз хурдсолиӣ дар муҳити ҳуқуқӣ зистанро меомузанд.

Парвандаҳои судӣ дар дастрасии озод

Ҳар як журналист дар Литва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тавассути портали низоми судиро  бо суроғаи  https://eteismai.lt  дорад, Аслан, барои гирифтани маълумот ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, вале  рузноманигорон  афзалиятҳои  махсус доранд: намояндагони ВАО тибқи дархости ба маъмурияти судҳои Литва пешниҳодшуда, дар як руз метавонанд  аккаунти шахсиашонро сабт намоянд, ки ин барои дастраси ба ҳаҷми васеътари маълумот мусоидат мекунад. Намояндагони ВАО дар ин сомона метавонанд тамоми ҳалномаҳои судӣ ва ҷадвали мурофиаҳои судӣ, матни муҷозотҳо ва дигар маълумоти заруриро пайдо кунанд. Дар ҳолатҳое ки парванда дар суд  дар шакли пушида  баррасӣ мегардад, он гоҳ  шуъбаҳои робита бо ҷомеаи судҳои литвонӣ дар ҳамон руз иттилоияи кутоҳе оид ба мурофиа  нашр менамоянд, вақте дар  раванди баррасӣ ҳодисаи муҳиме рух медиҳад ё ҳукмнома содир мешавад.

Дар ҳолате ки маводи дар сомона нашршуда барои журналист кофӣ набошад , онҳо метавонанд бо дархости мувофиқ ба  мақомоти судӣ муроҷиат намоянд. Ин дархост дар давоми рузи корӣ дида мешавад. Агар  ироаи маълумот ба ВАО ғайриимкон бошад,он гоҳ кормандони мақооти судӣ вазифадоранд,ки сабабашро шарҳ диҳанд ва рузеро таъийн намоянд, ки ҷавобро хоҳанд дод. Дар омади гап, ин барои низоми судии Литва ҳодисаи истисноӣ аст,- мақомоти судӣ ва журналистон худашон дар як сатҳ барои саривақт  ба мардум иттилоот додан манфиатдоранд, зеро барои ҳарду ҷониб ҳам ин нишондиҳандаи сифати кор аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ