Шарҳу эъзоҳи қасдан таҳрикдиҳанда, хашин ва манфӣ дар интернет. Шояд, алҳол нафаре набошад, ки ба ин ё он навъ дар Шабака бо троллинг дучор наомада бошад. Донишҷуёни КИМЭП оид ба вазъи кибербуллинг дар Қазоқистон тадқиқот гузарониданд.
Кибербуллинг — ин озору азият дар интернет аст.
Маъмулан, он дар шакли маводи матнӣ,зангҳо,почтаи электронӣ ё чатҳои онлайнӣ бо истифода аз тасвир ва видеоклипҳо рух медиҳад.Тибқи омор б чунин ҳолоти тарсондани одамон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Умуман, моҳияти сайберозорӣ ба озору азияти офлайнӣ шабоҳат дорад, вале хатарноктар ба шумор меравад, зеро аз назари равоншинохтӣ ҷабрдида бештар ранҷ мекашад.
Дар Қазоқистон ҳолатҳои сайберозорӣ ҳолати гоҳ гоҳӣ нест. Дуруст аст, ки на ҳамаи онҳое, ки озору азият медиҳанд, омодаанд, ки дар ин бора сухан гуянд. Қиссаи Анел Ж ҳолати истисноӣ буд. Соли 2018 ӯ яке аз қаҳрамонони маводи телевизионӣ дар канали КТК гардид.. Духтарак бар бораи он нақл кард, ки расми ӯ дар як гуруҳи ВКонтакт нашр шуд. Ин гуруҳ “Одамони зишти Алмаато ” ном дошт. Табиист ки расм бидуни ризояти ӯ нашр шуда буд ва дар назароти хонандагон шарҳу эзоҳи манфии бисёре дар бораи сурати ин мактаббача дарҷ шуд. Дар сужети телевизионӣ аз духтарк хоҳиш карданд, ки муносибаташро ба ин вазъ шарҳ бидиҳад. Ӯ гуфт, ки ин кор боиси ғаму ғусса хурданаш шуд, вале чунин мешуморад, ки таҳқиркунандагонаш нафароне ҳастанд, ки худашон таҳқир шудаанд. Эҳтимол, маҳз барои ҳамин қассосашонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз дигарон мегиранд. Баъде чанд муддат ин гуруҳ баста шуд.
Пурсишномаи донишҷуёни КИМЭП дар мавзуи сайберозорӣ (кибербуллинг):
70 % ҳеҷ гоҳ аз иттилооте истифода накардаанд, ки ба касе озор расонад;
80 % ҳеҷ гоҳ аксҳои ногувори шиносу дустонашонро дар интернет нашр ва паҳн накардаанд;
87 % ҳеҷ вақт дар шабакаҳо дар бораи дигарон дуруғ напарокандаанд;
61,5 % ҳеҷ гоҳ одамонро тариқи онлайн наранҷондаанд.
Троллҳоро чи тавр муайян мекунанд?
Троллҳо бо номҳои ноошноанд. Аксаран номҳо нохоно ва ҷалъиро истифода мекунанд. Баъзешон дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ маълумоте ҳам намегузоранд. Онҳо суроғаҳои почтаи электронии якдафъаина доранд. Аксар платформаҳо, ки дар онҳо гузоштани шарҳу эзоҳ иҷозат аст, тасдиқ намудани почтаи электрониро талаб мекунанд. Троллҳо ин фаъолиятро тариқи почтаҳои электронии якдафъаина фиреб медиҳанд. Троллҳо барои шуморо эҳсосӣ кардан, яъне ба ғазаб овардан, вуҷуд доранд. Онҳо аз илтифоту эҳтиром дуранд. Номҳои мушаххасро зикр мекунанд,туҳматҳои иғроқомез мекунанд, ба ибораи дигар рафтори хеле дағал доранд.
Троллҳо аз проксиҳои ноошкор истифода мебаранд. Онҳо метавонанд ҳар касе бошанд, мисли шиносатон,ҳамкор ё рақиб. Онҳо касоне ҳастанд, ки намехоҳанд чеҳраи ҳақиқиашон ошкор бошад, зеро мақому манзалаташон якбора дар назди аксарият аз даст меравад.
Троллҳо аз анонимайзерҳо ё проксие истифода мекунанд, ки IP-адресҳои дигарро нишон медиҳанд. Ҳар вақт ки дар гуруҳе шарҳу эзоҳ бинависанд, ба баҳс ,одатан, чизи муфиде илова намекунанд. Ба ҷойи он шухиҳои бад мекунанд ва талош мекунанд, ки шуморо ба низоъ ҳамроҳ кунанд, дашном медиҳанд ва таҳқир мекунанд.
Чи тавр бо троллҳо бояд бархурд кард?
Дар муошират бо троллҳо дарки он муҳим аст, ки шакли муносибати “Чашм дар ивази чашм,дандон дар ивази дандон” метавонад на таҳо муассир набошад, ҳатто хатарнок буданаш ҳам мумкин аст. Шумо ҳеҷ гоҳ намедонед, ки дар пушти ин аккаунити дуруғин кӣ истодааст. Шахсе ки бо чунин кирдор дилхушӣ мекунад- одамонро ба эҳсосоти манфӣ ва низоъ таҳрик мекунад, ҳар лаҳза метавонад бозиро идома диҳад. Дар чунин ҳол стратегияи беҳтарин-саривақт муайян намудани он аст, ки шумо бо тролл баҳс доред ва уро сарфи назар .кунед. Агар ба забони муосир гуем “аз сер кардани тролл даст кашед, худаш шуморо тарк мекунад”.
Мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон, сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ бо ВАО баробар дониста мешаванд, яъне ба ҳама қонунҳои ВАО итоат мекунанд. Дар Кодекси ҷиноии ҶҚ моддаҳое ҳастанд, ки нисбати сайберозорӣ татбиқ мешаванд ва тибқи онҳо муҷозот метавонад андак набошад, яъне то 200 маъоши ҳадди аққал, ки беш аз 4 миллион танга аст ва ҳатто муҷозоти ҳабс ба муддати то ду сол (моддаи туҳмат тариқи ВАО)пешбинӣ шудааст.
Масъалаи саривақт аз ин низоъ пой берун кашидан кори осон нест, -одамон то лаҳзаи охирин бар он боваранд, ки ба троллҳо чизеро собит созанд ё шарҳ диҳанд, ки онҳо рафтори нодуруст доранд ва ин имконпазир аст. Гап сари нокифоягии дониш аст. Барои ёд гирифтани интихоби стратегияи дурусти муошират бо троллҳо, муайян намудани марзҳои майдони ҳуқуқӣ ва донистани ҳуқуқҳои худ мавод ва тренингҳо оид ба саводнокии расонаӣ кумак мекунанд. «Новый репортёр» мунтазам дар ин мавзуъ мавод нашр мекунад.
Маводи мазкур дар асоси тадқиқоти донишҷудухтарони донишгоҳи КИМЭП — Алина Риспекова, Дилда Кайшенова ва Екатерина Харламова таҳти роҳбарии Гулнар Асанбаева омода шудааст.