ДомойНақди РасонаӣРейтинги мавзуъҳои моҳи июни соли 2019 дар Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон

Рейтинги мавзуъҳои моҳи июни соли 2019 дар Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон

Мақолаҳои серхонанда ва мавриди мубоҳиса бештар қароргирифтаи моҳи июн дар сомонаҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон. Рейтинг дар  асоси хидматрасонҳои  MediaMetrics.kz и MediaMetrics.ru тартиб дода шудааст.

Қазоқистон

Қазоқистониҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ  бештар ба маҷмуи навигариҳои асосии ҳафтаи аввали моҳ дар  Zakon.kz таваҷҷуҳ намуданд, ки аз рузи интихобот, курси танга, андешарониҳои мансабдорон дар мавриди иқтисодиёт, ҷинояткорӣ ва  фассод иборат буд.

Умуман,  дар ин моҳ ҳодисаҳои бисёре дар Қазоқистон рух доданд. Танҳо дар нимаи аввали он интихоби президенти  нави кишвар, тағйироти кадрӣ, гирдиҳамоӣ, масдудкунии   алоқа ва боздошти одамон рух дод. Бо вуҷуди ҳама  мавзуи сербаҳстарин ҳодисаи фавқулоддаи охири моҳ буд: 24  июн дар шаҳри Арис анбори маводи таркандаи  ҳарбӣ инфиҷор ёфт. Сокинони шаҳр  таъҷилан аз минтақаи хатарнок кучонда шуданд. Одамон бидуни ҳуҷҷат, пулу мол ва чизҳояшон мегурехтанд. Қазоқистониҳо ҳодисаро пайгирӣ намуда, ба  сокинони Арис фаъолона кумак мекарданд

Аз 15 хабари рейтинг чортоаш ба вазъият дар Арис бахшида шудааст: ба афсаре, ки пешопеш бо волидонаш хайрухуш мекунад, аз ҷониби шахси номаълум пул ворид мешавад ва ӯ он маблағро ба хазинаи хайриявӣ медиҳад; видеои таркиши анбори қисми ҳарбӣ, иттилоот дар бораи кучондани аҳолӣ ва талаботи сокинони Арис баъд аз ҳодиса.

Дигар мавзуи муҳим гузаронидани гирдиҳамоӣ буд. Токаев гирдиҳамоӣ дар Нур-Султонро,намояндагони МВД аз ҷониби хориҷиён идора шудани онро   ва огоҳӣ оид ба  масъулияти ҷиноӣ доштанро шарҳ доданд. Айнан дар ҳамин рузҳо мушкилоти мунтазам кор накардани интернет буд ва дар ин бора ҳам  менавиштанд.

Корбарони сомонаҳои интернетӣ ба мақолаи начандон калони  Zakon.kz — «Муроҷиати Аблязов ба  Елбаси», аз 12 июн, дар рузи гирдиҳамоӣ таваҷҷуҳ намуданд. Аз сармақола фаҳмида намешавад, ки муроҷиатнома  аз кай аст, вале дар асл сухан дар бораи сабти соли 2003 аз маҳбасе меравад, ки Аблязов  адои ҷазо мекунад. Дар мақола баҳонаи хабари нишон дода нашудааст, шарҳ дода нашудааст, ки маҳз чаро ҳамин руз пайдо шуд, номи муаллифи  мақола ҳам нест, ки дар он пешгуйиҳо мекунад.

Zakon.kz

Аз навигариҳои дигар ба рейтинг руйхати шахсоне , ки дар кофтукови полиси Нур- Султон ҳастанд , қоидаҳои нави хариди билетҳои роҳи оҳан, ба ҳабс гирифтани муовини вазири илм ва маъориф ва бозёфти хеле нодир дар Медео- китоби имзои шахсони воломақоме, ки дар майдони яхмолакбозӣ омадаанд, ворид шуданд.

Тамоми навигариҳои рейтинг ба забони русӣ дар қолаби хабар навишта шудаанд.

Узбекистон

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон дар моҳи  июн бештар аз ҳама ҳодисаҳоро (аз 15 то шашатоаш) дар мавзуҳои зерин муҳокима карданд: зане  се наврасро бо мошин пахш кард, ба ҳабси хонагӣ муҷозот шуд, дар садамаи нақлиётӣ панҷ мошин  уфтод, ду кас аз доруҳои зидди нонхуракҳо фавтиданд, ронандаи маст корманди бозрасии нақлиётро дар баданаи мошинаш  кашола кард, шавҳари маст занашро бераҳмона  латукуб кард ва панҷ зане, ки талош карданд кортеҷи президентиро боздоранд.

Ду хабари дигар аз  ТОП-15 — тадқиқоти журналистии комиланд. Яке ба сабаҳои муҳоҷират аз Узбекистон  бахшида шудааст ва муаллифони  мақолаи дуюм талоши маълум намудани он аст, ки Тошканд аз дасти кӣ “кайф” мекунад, яъне дар  кадом дорухонаҳо бидуни дорухат доруҳои муходир мефурушанд.

Дар  ТОП-15-и моҳи июн дар Узбекистон  мусоҳиба  бо модари Муҳаммад Раҳимов ҷо гирифт. Ин наврасро дар пиёдагузар мошин зада кушт. Муҷрими ҳодиса ҷарима супурд ва ба наздикӣ ба озодӣ мебарояд.

Се хабари рейтинг дар бораи навовариҳо ва бекор карани онҳо иттилоъ медиҳанд: минбаъд метавон бе чароғҳои фурузон ронандагӣ кард, дигаргунӣ дар низоми қабул ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дар кадом ҳолат ронанда ҳуқуқ дорад, ки  ба нозири роҳ ҳуҷҷат пешниҳод накунад. Новобаста  аз маъруф будани  мавод, дар вақти  тартиб додани рейтинг  ин мақола аз сомона ҳазф шуд.

Дар  Узбекистон ҳачуни қиссае занеро мехонанд, ки бо ду фарзанд, то замони  аз ҷониби призидент ба  ӯ додани хона  дар парк зиндагӣ мекард. Алҳол хонаро ҳукумати ноҳия  кашида гирифтан мехоҳад.

Ду хабари дигар атрофи гармои ғайримуқаррие, ки дар моҳи июл мешавад ва хароб кардани ёдгориҳои таърихӣ дар Узбекистон аст.

Тоҷикистон

Панҷ аз 15 навигариҳои рейтинг бо забони тоҷикӣ ҳастанд. Дар онҳо дар бораи манъ шудани ба интернет-кафе ва марказҳои фароғатӣ рафтани ноболиғон, дар бораи тағйирот дар қонунгузорӣ, ки беш аз ҳафт санад қабул шудааст, сохтмони маҷмуаи фароғатӣ бо об, хоҳиши вазорати илм ва маъориф дар мавриди зиёд намудани барномаҳои таълимӣ ва ташрифи президенти Туркия нақл мекунанд.

Воқеан, Раҷаб Эрдуғон, танҳо ташриф наовард, бо ҳамсараш омад, ки ӯ дар Душанбе маркази эҳёи маъюбонро кушод. Ҳамчунин дар Душанбе мулоқоти сарони Осиё баргузор шуд ва Узбекистон ҳаҷми  андози бимаро барои мошинҳо аз Тоҷикистон кам кард.

Дар ин моҳ сеяки рейтинг ба мавзуи ҳодисаҳо бахшида шудааст, яъне шаш ҷой аз 15. Марде дар Душанбе духатреро корд зад, мошине аз қофилаи туй ба ҷарӣ уфтод, ВКД гумонбаршудагонро  дар сузонидани духтарчаи шашсола озод намуд, табибон дар бораи вазъи саломатии духтарбачаи сухташуда гуфтанд, корманди МБТИ дар порагирӣ ба даст афтод, низои навхонадорон  дар асари нодухтарӣ — қиссаҳое буданд, ки фаъолона дар шабакаҳо мавриди муҳокима қарор гирфтанд.

Дар тавофут аз Қазоқистону Узбекистон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон дар моҳи июн имкони баррасии мавзуъҳои марбут бакишварҳои дигарро доштанд. Дар рейтинг андешаҳои Владимира Путина  оид ба оқибатҳои ҳуҷуми эҳтимолии ИМА ба Эрон ҷо гирифтанд.

Рейтинги мавзуъҳои дар давоми моҳ бештар муҳокимашаванд-рубрикаи доимии мост. Мақолаҳои бештар машҳури моҳи майро дар ҳамин ҷо метавон хонд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ