ДомойМедиалента«Ҳангоме ки ВАО-и Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо мекунанд, “Радиои Озодӣ” ба гушаи...

«Ҳангоме ки ВАО-и Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо мекунанд, “Радиои Озодӣ” ба гушаи фаромуши хоҳад рафт»

Ба журналистони дафтари тоҷикистонии “Радиои Озодӣ” иҷозатномаи фаъолият намедиҳанд, онҳоро барои мусоидат ба ҳаросафканӣ муттаҳам мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки дафтари душанбегиашон баста шавад. Ҳамкорон аз дигар нашрияҳо мегуянд , ки бастани дафтари “Радиои Озодӣ” метавонад  барои  бозори расонаҳо фоҷиае бошад, зеро ин нашрия созандаи муҳити иттилоотӣ дар Тоҷикистон аст. Сарвари бахши тоҷикии “Радиои озодӣ” бо иттиҳомот қатъиян мувофиқ нест.

Кори “Радиои Озодӣ “ аз оғози сол омад накард. Моҳи марти ҳамин сол Eurasianet  тадқиқоте оид ба фаъолияти “Радиои Озодӣ” анҷом дода, нашрияро ба хидматрасонии манфиатҳои ҳукумати Тоҷикистон айбдор намуд. Ҷанҷоли калоне барпо шуд, дар дохили редаксия тафтишоти худро ҳам гузаронданд, бо иттиҳом  розӣ шуданд ва директори “”Радиои озодӣ”- Соҷидаи Мирзоро аз вазифа  сабукдуш карданд. Ба ҷойи ӯ  нависанда, рузноманигор ва собиқадори  “Радиои Озодӣ”- Салими Айюбзодро, ки солҳо боз дар Прага сукунат дорад, тайин намуданд.

Дар  дохили кишвар айбдор намудани  “Радиои Озодӣ”,  бо он ки фурухташуда аст, рузноманигоронро ба ҳайрат наовард. Баръакс, бисёриҳо изҳори андеша намуданд, ки онҳо ё илоҷи дигар надоштанад ва бо он розӣ буданад, ки  расонаҳо дар Тоҷикистон маҷбуранд, ки дар ҳамин реҷа  фаъолият кунанд.

“Шояд, ӯ (манзур Соҷидаи Мирзо) мехост дафтари тоҷикистониро ҳимоя кунад,ё шояд ҳадафи дигар дошт. Ё шояд ӯ, чун ҳамаи мо, худаш нодиниста, зери ин фишори доимӣ маҳлул шуд <…>. Сензура дар ин радио,албатта, буд. Буд ва дигар хел буданаш ҳам имкон набуд. Дар акси ҳол дафтари душанбегиро кайҳо мебастанд”-менависад дар саҳифаи (сутун) худ , баъди  ин моҷаро, журналисти шинохтаи тоҷик”, — Марат Мамадшоев.

Соҷидаи Мирзоро

Бо тайин намудани Салим Айюбзод ба ҳайси роҳбари бахши тоҷикӣ ҳамзамон рузноманигорон дигаргуншавии маводи “Радиои озодӣ”-ро пай бурданд. Расонаҳои маҳаллӣ  ба он маводҳое ба хусус таваҷҷуҳ нишон доданд, ки ба мавзуи  “фабрикаи ҷавоб/троллҳо” бахшида шуда буданд. Ба ибораи дигар ин падидаи нав набуд ва рузноманигорон, аз ҷумла  кормандони “Радиои Озодӣ” ҳам, дар ин бора медонистанд, вале  касе  чизе наменавишт. Ахиран, моҳи май ҳамин сол дар ин бора навиштанд.

“Маводи ин расона тағйир ёфт, албатта, на ба таври куллӣ, вале  мавзуъҳо,ба ҳар ҳол, доғтар шуданд,” – мегуяд рузноманигор Раҷаби Мирзо.

Аммо  Салим Айюбзод ин андешаро ҷонибдор нест.

-Ман намегуфтам, ки муҳтаво якбора иваз шуд,- гуфт дар мусоҳиба бо “НР” ӯ.-Мақолаҳои  қавӣ дар “Радиои Озодӣ” ҳамеша буданд. — Мувофиқам, ки солҳои ахир муносибат бо гуруҳҳои мухолиф ва ҳамчунин бо аъзои оилаи президент эҳтиёткорона буд. Дар ёд доред, ки дар соли 2016 ВКХ Тоҷикистон якбора иҷозатномаи шаш рузноманигорро бозхонд намуд, зеро дар бораи духтари сарвари кишвар навишта будем? Аммо ин эҳтиёткорӣ аз оғози сол оҳиста оҳиста  аз байн рафтан гирифт. Ин барои  пешниҳод намудани манзари комили он, ки дар Тоҷикистон чи рух медиҳад муҳим аст, барои ҳама муҳим аст ва  аз ҷумла барои ҳукуматдорон ҳам.

То ин замон  то охир ногуфтаҳо  боиси эҳсоси ноқаноатмандӣ мешуданд. Акнун мувозинат ва дақиқ будан ҷанбаҳои асосии корамон шуданд.

ВКХ бо чӣ «Радиои Озоди»-ро айбдор менамояд?

Баъди  аз ҷониби ҳамкасбони ғарбӣ айбдор намудани  “Радиои Озодӣ” мансабдорони тоҷик ба ҳуҷум гузаштанд. Сеюми моҳи июл Вазорати корҳои хориҷӣ изҳороте пахш намуд, ки “Радиои Озодӣ” воқеъияти давлатро таҳриф мекунад ва ба тарғиби ҳаракатҳои  ифротӣ машғул аст. Мақолаҳои “Радиои Озодӣ”, ба андешаи ВКХ, хусусиятҳои “моҷароҷуёна  ва таҳрикбарангез”  доранд. Ҳамчунин вазорат аз он  мақолаҳое изҳори норизоят кард? ки “ беасос” ва “ бо ахлоқи рузноманигори мухолифатомез” дар бораи  аз муҷаввиз маҳрум кардани рузноманигорони  “Радиои Озодӣ” менависанд.

Дар охири моҳи гузашта,26 июн, ба яке аз мухбирони радио- Бароти Юсуф ҳақиқатан ҳам  тамдиди   иҷозатнома дода нашуд ва онро чунин шарҳ доданд, ки бо сабаби дар матнҳояш зикр намудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ (ҲНИТ) аст ва ҳамчунин чор нафар мухбири ин нашрия дар интизори тамдиди муҷаввизҳои худ ҳастанд. Дар ин бора “Радои Озодӣ” бидуни баҳсу мунозирот иттилоия пахш намуд, вале сохторҳои байналмилалӣ мавзуъро сахттар гирифтанд.

Масалан, намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Харлем Дезир  аз ВКХ даъват кард, ки қарори худро бозбинӣ намоянд ва таъкид намуд, ки” муҷаввиз набояд ба сифати назорткунандаи мақолаҳо ё ба ҳайси маҳдудкунадаи дастрасӣ ба иттилоот” бошад. Мавқеи ба он монандро ҳамчунин Кумитаи ҳимоя аз рузноманигорон (CPJ) изҳор дошт.

Салим Айюбзод

— Ман ба ҳайси шахси масъули сиёсати редаксионии “Радиои Озодӣ”, –мегуяд Айюбзод, иттиҳоми ВКХ-ро қотеона рад мекунам.- Аз навигариҳое хабар додан, ки ба гунае ба гуруҳҳо ва созмонҳо марбутанд, наметавонад ҳамчун  тарғибот ё пуштибонӣ аз ифротгароӣ  тасниф шавад. Матбуоти ҷаҳонӣ дар бораи ДОИШ-гуруҳи  дар аксар кишварҳо мамнуъ менависад, вале касе ҳатто дар бораи  муттаҳам кардани  журналистон дар тарғиби ҳаросафканӣ фикр ҳам намекунад, Воқеан, ҳама гуна тарғибот дар “Радиои Озодӣ” тибқи қонунҳои ИМА ва кодекси ҳирфавии Радиои Озодӣ” манъ аст.

Ҳамчунин сарвари бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” шарҳ медиҳад, ки далоили собиткунандеро дар нисбати чунин иттиҳоми ҷиддӣ намебинад.

-Дар изҳорот на як банд, на як ҷумла ба сифати мисол оварда нашудааст. Ин  иттиҳоми мутлақо бепоя аст. Оре, ин созмонҳо дар Тоҷикистон мамнуъанд ва мо қонунҳои кишварро эҳтиром намуда, ҳамеша  вақте сухан  атрофи онҳо меравад , зикр мекунем, ки ин созмонҳо чун созмонҳои  ифротгаро ва ҳаросафкан дар Тоҷикистон мамнуъ ҳастанд. Аммо бубинед: ин созмонҳо дар гузоришҳои СММ,САҲА, матбуоти даврӣ ва ВАО-и дигар кишварҳо, ҳатто  дар ҳамсоякишварҳо ва ҳатто дар худи ҳамин изҳорот ном гирифта мешаванд,-мегуяд Салим Айюбзод.

Сарвари “Радиои Озодӣ” номгуи сарлавҳаҳои мақолаҳоеро номбар мекунад, ки дар сомонаи радио дар ҳафтаи охир нашр шудаанд.

— «Мулоқоти сеҷонибаи Раҳмон, Лукашенко ва Путин дар Минск», «Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон маърузаи Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ кард», «Кобул охири  бандиёни тоҷик дар маҳбасҳои афғонро ба Душанбе иниқол дод», «Оила ё хонаи кудакон: рузҳои наздик тақдири кудакони аз Ироқ баргардондашуда ҳал мешавад », «Дар Тоҷикистон мавсими доғи супурдани имтиҳонот шуруъ шуд ».  Агар инҳо воқеияти зиндагӣ нестанд, чи ҳастанд? Кадоме аз ин мавзуъҳо хусусияти “моҷароҷуёна” ва “хусусияти таҳрикбарангез” доранд, ки дар изҳорот ВКХ гуфта мешавад?- мегуяд Салим Айюбзод.

Дар айни замон, тибқи  қавли ӯ, Барот Юсуфӣ падари шаш фарзанд, алакай панҷумин рузноманигорест, ки ба ӯ муҷаввиз намедиҳанд.

Барот Юсуфиӣ

-Мухбири мо дар вилояти Суғд муҷаввизашро аз соли 2017 боз интизор аст, -идома медиҳад Салим Айюбзод.-Мо намедонем, ки ба муҳтавои мо ронандаи  дафтари душанбегиамон чи рабт дорад, ки ӯ ҳам муҷавизашро аз даст дод. Таҷҳизоти наворбардории мо гаронарзиш аст, мо наметавонем онро дар мусофиркашҳо ҳамлу нақл намоем ва  аз ин ранҷ мекашем. Фикр меунам, ки сабаби асосӣ дар он аст, ки мо бо камоли ҷиддият бетарфии иттилоотро ва мувозинати афкорро риоя менамоем. Мо ба аудитория наметавонем иттилооти якҷониба  расонем, зеро маҳз дар ин сурат кори  мо тарғибот номида мешуд. Гуруҳои мухолифин аз кишвар ронда шудаанд, вале гум нашудаанд, дар ҳаво буғ нашудаанд, чизе бо онҳо рух медиҳад,онҳоро ба чорабиниҳои СММ ва САҲА даъват мекунанд. Масалан, чанде пеш миёни ин созмонҳо ва ҳайати ҳукуматӣ дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон мунозира  сурат гирифт. Худи прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи онҳо сухан гуфт. Ва  оё мо бояд  дар ин бора хабар надиҳем, зеро ки моро метавонанд ба тарғиби ифротгароӣ айбдор намоянд?

Дар ҳамин ҳол, рузноманигорони тоҷик ин иттиҳомотро ба унвони редаксия ба мақолаи мушаххас рабт медиҳанд.

-Ба андешаи ман, ин аксуламали ҳукуматдорон (изҳороти ВКХ) бо матне рабт дорад, ки ба наздикӣ ба рузи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд ва дар он аз шарҳи Муҳиддин Кабирӣ ( сарвари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ-редаксия) истифода карданд,- мегуяд Раҷаби Мирзо.

Ӯ нигарон аст, ки  ҳамин матн, метавонад воқеан ҳам барои “Радиои Озодӣ” метавонанд мушкилоти ҷиддӣ ба бор оварад.

-Агар ҳукуматдорон ба редаксия даъвое доранд, бояд масъала  муҳокима шавадва ба қарори умумие биоянд,-мегуяд роҳбари Ассосиатсияи милии ВАО-и мустақил-Нуриддин Қаршибоев- Даъвои ҳукумат дар ҷои холӣ пайдо нашудааст: ба тамоми рузноманигорони сабтиномшуда дар соли 2015 нома ирсол шуда буд, ки ҲНИТ ҳизби ифторгаро эътироф шуда ва дар бораи ҳизбу аъзои он паҳн намудани иттилоот манъ аст. Сарфи назар кардан аз ин қарор дуруст набуд.

«Муфтхурон» ва «душманони халқ»

Рости гап, ВКХ Тоҷикистон дар даъво намудан нисбат ба “Радиои Озодӣ” аввалин  набуд; чанд руз пештар аз  ин изҳорот дар интернет матне бо сарлавҳаи “Радиои озодӣ” маҷбур аст, ки фаъолияташро қатъ кунад”  нашр шуда буд. Дар ин матн рузноманигорони расонаро “муфтхурон”-е номиданд,ки “ падидаҳои муҳими доимо дар кишвар рухдиҳандаро” инъикос намекунанд, дар бораи ҳодисаҳои мусбат,масалан, сохтмони НБО-и Роғун ё дар бораи” рушди босуръати иқтисод” дар кишвар наменависанд. Ин матн якбора дар чанд сомонаи сохторҳои давлатӣ пайдо шуд. Масалан, бо забони русӣ он дар  сомонаи маъмурияти вилояти Хатлон, дар  ноҳияи Темурмалик, дар сомонаи шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Кулоб ва андаке дертар дар сомонаи ноҳияи Дарвоз ва бо каме таҳрир дар сомонаи  яке аз ноҳияҳои пойтахт-ноҳияи Фирдавсӣ нашр шудааст.

Матни аслӣ дар платформаи руссиягӣ —   Публицист.ру,  ва  номи муаллифа — Абдусалом Абдуманов аст . Дар шабака дигар матнҳояшро бо ҳамин услуб  ёфтан мумкин аст. Шахсан    касе аз рузноманигорон ӯро намешиносад, аксеро ки барои авоторка истифода бурдааст, метавон дар сомонаи шиносоӣ ва ё сомонае, ки ба фуруши тракторҳо машғул аст, пайдо намуд.

Муаллиф радиоро бо иттиҳомоти мушобеҳ дар ҳамкорӣ бо ҲНИТ-и ифротгаро айбдор намуда, роҳбарияти онро  правакаторҳо меномад ва пешниҳод мекунад, ки дафтари душанбегии он баста шавад. Ва махсусан дар ин матн бештар ба  Салим Айюбзод ҳуҷум мекунад ва ҳама гунаҳро сари ӯ бор мекунад ва таъкид мекунад,ки маҳз бо омадани ӯ сиёсати редаксионии “Радои Озодӣ” дигаргун шуд.

-Салим бо тайини нав  дар пеши худ кадом ҳадафи асосиро гузоштаед?

-Кадом “ тайиноти нав?. Нав нест, ман танҳо муваққатан иҷрокунандаи вазифа ҳастам. Ман ба сифати муовини ин бахш ҳануз соли 1995 кор мекардам ва аввалин дастаи бахши тоҷикии онро таъсис додам, соли 2001 иҷрокунадаи муваққатии вазифаи директор будам, вале панҷ соли охир бахши Навигариҳои Осиёи Марказиро роҳбарӣ менамудам. Дар ҳамин ҳол соли 2002 худам аз роҳбарӣ дида  ба кори рузноманигорӣ ва эҷодиёти бадеӣ машғул шуданро  афзалтар донистам. Алҳол ба вазифаи  иҷрокунандаи муваққатӣ тайин шуда, дар навбати аввал, бояд муваффақиятҳо ва принсипҳоро дубора аз нав тайид кард, гуфт ки барои мо мавзуъҳо, маҳдудаҳо  ва шахсиятҳои мамнуъ вуҷуд надоранд. Бо касе душманӣ надорем   ва касе бо мо душманӣ надорад ва рисолати мо танҳо ба одамон расонидани хабарҳои  дақиқ, ҳақиқӣ ва беғаразона аст. Зеро мо бовар дорем, ки танҳои ҷомеаи огоҳ, таҳсилдида метавонад ҷомеаи устувор ва давлати шукуфо эъмор намояд.

Ин фоҷеа хоҳад буд

Дар бораи он ки дафтари «Радиои Озодӣ»  дар Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам метавонад баста шавад, журналистон дар Душанбе  бовар надоранд,вале мегуянд, ки ба нашрия метавонанд маҳз тавассути надодани муҷаввиз ба беҳтарин мухбирон фишор оваранд, то ки ба дигарон  дарси ибрат шавад.

Бозори расонаҳои тоҷик хеле  камбағал аст. Он мухбироне, ки муҷаввиз намегиранд, дар кишвар барои худ ҷойи кор пайдо намекунанд ва маҷбуранд, ки тарки Ватан кунанд ва нафарони наве, ки ба ҷойи онҳо меоянд, дигар таваккал намекунанд. Он гоҳ чизеро бастан ҳам лозим намеояд, мегуяд журналисти тоҷик, ки аз хавфи эҷод шудани мушкилот ба сари редаксияаш, хоҳиш намуд, ки номаш зикр нашавад.

Қрибан тамоми ҳамкорони рузноманигорони “Радиои Озодӣ” аз нашрияҳои мустақил  дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ аз  ин вазъ изҳори таассуф мекунанд, вале дар ин бора аз хавфи даучор омадани редаксияҳояшон ба мушкилоти иловагӣ  чизе намгуянд.

-Муҳити расонаҳои мо зери фишори ҳукуматдорон ҳамаруза тангтар мешавад, мо ду  манбае дорем, ки мавзуъ меофаранд — “Азия Плюс”, ки сомонааш тахминан як сол боз масдуд аст ва “Радиои Озодӣ”, ки акнун дучори мушкилот шуд,- мегуяд Раҷаби Мирзо.-Албатта ин расона сиёсати иттилоотии худро дорад, ки мо мефаҳмем, вале онҳо манбаи иттилооти алтернативӣ ҳастанд. Бастани дафтари онҳо метавонад фоҷеа бошад.

Дар хусуси он ки ”Радио Озодӣ” манбаи муътабари иттилоотӣ , хусусан барои тоҷикзабон аст, роҳбари НАНСМИТ – Нуриддин Қаршибоев ҳам таъкид мекунад

-Ман ҷонибдори бастани дафтар нестам, манъ кардан хеле  кори осон аст ва ин осонтарин роҳи паст задани обруву манзалати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалист,- шарҳ медиҳад коршинос.

Раҷаби Мирзо

Дар гузориши “Индекси озодии матбуот”, ки созмони “Гузоришгарони будуни марз” омода мекунанд, Тоҷикистон соли  2019 дар миёни 189 кишвари олам ҷой 161-ро ишғол намуд. Вазъи бадтари озодии матбуотро  Туркманистон дорад; ин кишавр дар сатри охирини рейтинг қарор дорад. Дар омади гап, Туркманистон дар  ин ҷой  солҳост, Тоҷикистон бошад танҳо 12 мавқеъ аз даст дода,  як қадам дуртар аз он аст, ки ба руйхати кишварҳои ҳамеша дар рейтинги аутсайдерҳо буда  шомил шавад.

-Муҳити расонаҳо дар  Тоҷикистон зери фишори сахт аст,- мегуяд Салим Айюбзод- Аз руи меъёри озодии сухан ба Туркманистон наздик мешавад. Дар ин бора созмонҳои байналхалқӣ ва маҳаллӣ мегуянд. Дар чунин муҳит  ҳатто дар бораи рақобат сухан гуфтан  ғайриахлоқист,  мо дар умум як корро анҷом медиҳем ва барои ман, масалан, боиси  таассуф аст, ки сомонаи “Азия Плюс” ҳануз ҳам баста аст. Мо дар ин ҷо барои ёрӣ расондан ҳастем. Ман инро хубтар замоне дарк кардам, ки Бахши Навигариҳои Осиёи Марказиро сарварӣ мекардам. Ин лоиҳа бароои кумак расондан ба ВАО –и минтақа вуҷуд доорад.Моҳитан бояд тамоми рузноманигорони минтақа дустӣ варзанд, на рақобат кунанд. Ҳар қадар  “Фараж” қавӣ гардад ҳамон қадар мо қавӣ мешавем.. Аз руи идея, вақте ВАО дар Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо мекунанд, “Радиои озодӣ” ба гушаи фаромушӣ хоҳад рафт.

— Дар навиштааш Марат Мамадшоев, баъди  иҷрокунандаи муаваққатӣ тайин шуданатон суоле гузошта буд:”Хатте ки аз руй  қоида хохиши таббиии роҳбаронро барои наҷоти дафтар ифода мекунад, вале дар айни замон аз принсипҳо даст намекашад ва ба қисме аз мошини тарғибот мубаддал шуданро пешгирӣ мекунад, дар куҷост?” ба ин савол ҷавоб медиҳед?

— Бале, ман навиштаи Маратро, ки эҳтиромаш мекунам, бодиққат хондам ва идеяи асосии онро дар хотир дорам. Ин  дар бораи “хатти сурх, дар бораи ҳамон сарҳаде ҳаст, ки онро убур намуда журналист дигар ба қафо баргаштан наметавонад. Аммо ба ростӣ чунин сарҳад барои ман  ҳеҷ вақт набуд ва ҳоло ҳам нест. Ман кори худро софдилона ва ба манфиати ҷомеаи тоҷикистонӣ идома медиҳам. Ҳадафи ягонаи ман ба ҷомеаи тоҷик дар эъмори давлати мутараққӣ ва шукуфо кумак кардан аст. Бе ҳақиқат,бе адолат ва бе ошкоро будан ин корро анҷом додан берун аз имкон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ