Расонаҳои тоҷик тақрибан маводе истеҳсол намекунанд, ки аудитория интизораш бошад. Қисми назарраси аҳолӣ иттилоотро аз манбаҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, аз каналҳои телевизонии давлатии Русия ва Узбекистон мегирад. Ин қавл дар додаҳои тадқиқоти ба наздикӣ анҷомёфта оид ба истеъмоли расонаҳо ва коршиносони расонаҳо омадааст.
Аудитория дар Тоҷикистон чӣ мехоҳад? Кай рузнома мехонад ва оё мехонад? Кадом пойгоҳи радиоиро гуш ва кадом телевизионро тамошо мекунад? Дар ин бора расонаҳои тоҷикистонӣ танҳо тахмин кардан метавонанд. Гап сари он аст,ки ба тадқиқотҳо оид ба истеъмоли расонаҳо миёни нашрияҳои бумӣ талабот вуҷуд надорад ва дар байни мизоҷони онҳо маъмулан, расонаҳо нестанд.
-Оре, мо аслан аз тадқиқотҳои бегона истифода намебарем,-мегуяд Зебо Тоҷибоева-директори иҷроияи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, — зеро мавзуъҳое, ки дар дастрасии ҳамагонанд ба пуррагӣ бароямон қобили эътимод нестанд ва мавзуъҳое, ки бароямон боварибахшанд, берун аз иқтидори молии мо ҳастанд.
Зебо шарҳ медиҳад, ки расонаҳо ба тадқиқоти инфиродӣ ниёз доранд, ки арзишашон нисбат ба додаҳои умумӣ хеле баландтар аст. Ба қавли ӯ обунаи солона барои чор тадқиқиот (дар ҳар чоряки сол) оид ба истеъмоли расонаҳо 2,5 ҳазор долар мешавад, ки редаксия қудрати онро надорад.
— Мо ҳамчунин ба рейтинги барномаҳо ва барандаҳо дар радиоҳо ва каналҳои телевизионҳои кишвар сахт ниёз дорем, зеро дар асоси ин рейтингҳо метавон равандҳои навро дар муҳити расонаӣ пайгирӣ намуд,-мегуяд Зебо. — Абзорҳои Google маҳз ба назорати равандҳо имкон медиҳанд, вале дар Тоҷикистон бо сабаби кам будани аудитория кор намекунанд. Расонаҳои мо намедонанд, ки чи алҳол маъруф аст ва бозор кадом равандҳоро меписандад. Тамоми контент дар аксар ҳолот бадоҳатан сурат мегирад ва табиист ки ин ба сифати онҳо таъсир мерасонад.
Ҳамаи ин корро бо рекламадиҳандагон мушкил месозанд, зеро шуъбаи фуруш аудиторияи худро нишон дода наметавонад.
-Албатта, мо аз интернет-метрикаҳо фаъолона истифода мебарем,бо кумаки онҳо, масалан, кушиш мекунем, ки ҷавобгуйи дархости аудиторияи худ бошем, аммо ин кифоя нест. Барои дарки пурраи маннзараи истеъмоли расонаҳо, ки иловатан ҳамеша дар дигаргуншавӣ ҳастанд, истифодаи танҳо додаҳои интернет басанда нест, омезиши тадқиқотҳои гуногун зарур аст. Фаҳмиши дақиқи аудитория худ,тарзи зиндагии он,одатҳояш заруранд,ки онро ВАО-мо надоранд,- илова мекунад Зебо.
Дар хусуси он ки редаксияҳо бидуни таҳлил кор мекунанд, дигар мусоҳибонамон ҳам ин ҳолатро таъкид менамоянд.
-Ҳангоми ба нақшагирии контент- мо ба он саволҳои аудиторияамон такя мекунем, ки ба мо тариқи шарҳу назароти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ , мактубҳо ва почтаи электронӣ мерасанд. Як вақтҳо мо пурсиши аудиторияро дар сомонаи рузнома мегузарондем, ҳоло на,-мегуяд сардабири нашрияи «Фараж» -Хуршеди Атовулло.
Чиро тоҷикистониён тамошо мекунанд?
Яе аз далоили муҳим дар бораи он, ки тоҷикистониён аз муҳтавои ВАО маҳаллӣ розӣ нестанд, он аст, ки аксари пурсидашудагон мегуянд, ки тамошои телевизионҳои хориҷиро афзалтар медонанд. Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон аксаран ҳоло ҳам гирифтани иттилоотро тариқи телевизион меписанданд. Иловатан, қисми бештари тоҷикистониён намояндагони ҷомеаи суннатгароанд, ки талош мекунанд болои ҳодисаҳо ва қаҳрамонони дохилӣ тамаркуз намоянд.
Масалан, дар ин бора маълумоти тадқиқоти афзалиятдеҳиҳои расонаие мегуянд, ки дар оғози моҳи июн ИҶ “Медиконсалтинг” анҷом додааст. Дар ин ҳуҷҷҷат гуфта мешавад, ки тамошобинони телевизион дар кишвар аксарияти пурсидашудагонанд, тахминан 94 %, ва аз шаш фоизи боқимонда танҳо 9 нафар телевизион тамошо намекунад, зеро барояшон аҷиб нест. Боқимондагон баҳонаҳои гуногун доранд-шикастани телевизор , азодорӣ ва ғайра . Аксарияти мутлақи пурсидашудагон қайд кардаанд, ки ТВ-тоҷикро — 93 % ,тамошо мекунанд. Аз руй афзалиятдеҳӣ дар ҷойи дуюм каналҳо русианд — 45 %, ки пешсафашон канали «Россия» ва баъди он НТВ аст. Ғайр аз каналҳои русӣ, аҳолӣ каналҳои узбекӣ (32,1 %) — телевизионҳои Эрон (23,4 %) ва Афгғонистонро (13,6 %). ҳам тамошо мекунад..
-Расонаҳои тоҷик аз аудиторияи худ канда шудаанд,фосила доранд. Ҳатто дар дохили редаксия ҳоло барои таҳлили муҳтаво ва маводашон фокус-гуруҳҳо намегузаронанд, ҳеҷ кадоме пурсиш намегузаронад ва тадқиқот фармоиш намедиҳад, омегуяд Набӣ Юсупов- роҳбари ташкилоти “Медиаконсалтинг”. Масалан, пас аз он ки мо тадқиқотамонро омода намудем, аз ВАО-и тоҷикзабон касе ба мо муроҷиат накард ва он расонаҳое, ки муроҷиат намуданд, на барои он карданд, ки хулосае бароранд. Дар он баҳонаи иттилоотӣ барои навиштани хабар дар сомонаҳояшон диданду бас. Танҳо як-ду расонаи давлатӣ ва ВАО-и хориҷӣ ба тадқиқоти мазкур мароқ зоҳир намуданд.
Додаҳои тадқиқотҳое, ки “КТМ” омада мекунад . Ин ширкат ҳамасола чор бор тавсифи бозори расонаҳоро дар доираи 700 хонавода тариқи мусоҳибаи хусусӣ мегузаронад. Тибқи маълумоти охирин , 38 % пурсидашудагон ба саволи кадом каналро дина тамошо кардед, посух додаанд, ки канали хориҷиро. Ба ҳар ҳол 98 % пурсидашудагон дар давоми моҳ телевизион тамошо кардаанд. Дар “КТМ” шарҳ медиҳанд,ки нишондиҳандаи тамошои каналҳои хориҷӣ вобаста ба руйдодҳои кишвар тағйир меёбад. Агар ҳодисаи муҳим бошад, талош мекунанд, ки дар бораи он маълумотро тариқи расонаҳои маҳаллӣ пайдо намоянд. Дар каналҳои хориҷӣ аудитория бештар муҳтавои тафреҳӣ,дилхушкунанда меҷуяд.
Расонаҳои тоҷик муҳтаворо дар асоси андешаву боварҳои худашон месозанд , аз ин ру сеяки аҳолии кишвар каналҳои телевизионии моҳвораро тамошо мекунанд,-мегуяд Шералӣ Ҷурабоев-директори намояндагии Sky Сentral Аsia. — Мутаасифона, дар Тоҷикистон редаксияҳо муҳим будани тадқиқоти истеъмоли расанаиро намефаҳманд, бинобар ҳамин шуъбаҳои тарғиб ба рекламадиҳанда вақти эфирро мефурушанд, на мухотабонашонро, журналистон бошанд муҳтавои ноқис эҷод мекунанд.
Тоҷикистониё чи мешунаванд ва чи мехонанд?
Дархостҳои аудитрояе, ки маводи радио ва муҳтавои чопиро истеъмол мекунад, пайгирӣ карда намешаванд ва ин дар ҳолест, ки дар ҳар ду бахши аудитория кам шуда истодааст. Ба он сабабҳои объективӣ- ба шабакаҳо гузаштан ва сабаҳои субъективӣ-набудани муҳтавои зарурӣ таъсир мерасонанд.
Радио, тибқи тадқиқоти “Медиаконсалтинг”,сарфи назар аз фарогирии бо телевизион баробар, шунавандагонашро аз даст медиҳад: соли 2019 дар муқоиса бо соли пеш 9% кам шудаанд. Шумораи хонадагони нашрияҳои чопӣ ҳам кам мешавад. Дар муқоиса бо соли гузашта теъдодашон 4% кам шудааст. Нашрияҳои бештар машҳур ҳамоно нашрияҳои давлатианд, ки тариқи обунаи маҷбурӣ паҳн мешаванд, аз ин ру тадқиқотгарон зикр мекунанд, ки фоиз метавонад зиёдтар бошад вале талобот аз ҳисоби обуна нигоҳ дошта мешавад. Дар мавқеи дуюм нашрияҳои дорои “ муҳтавои зард” қарор доранд ва танҳо пас аз онҳо рузномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ мавқеъ доранд. Чунин манзара ба маҷаллаҳо ҳам хос аст. Аз тамоми пурсидашудагон танҳо 9% гуфтаанд, ки маҷалла мехонанд.
Дар айни ҳол Вазорати фарҳанг арқоми ҳайратовареро дар бораи нашрияҳои сабти номшуда дар Тоҷикистон меоварад. Масалан, мутобиқи омори онҳо дар кишвар 376 номгуи рузномаҳо (112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ), 245 маҷалла (114 давлатӣ ва 131 ғайридавалтӣ) ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳатто кормандони ВАО бештар аз 10-и нашрияи маҳаллиро номбар кардан наметавонанд.
-Имсол шумораи рузномаҳо 10-то бештар шуд, идома медиҳад Наби Юсупов,-дар аксар ҳолат рузномаи муассисаҳо, нашрияи ТҒД-ҳои мухталифанд, ки дар се сол як бор нашр мешаванд. Масалан, дар ин руйхат рузномаи “ Алюминии тоҷик “ аст, ки бо се забон-тоҷикӣ,русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Ҳисоб кунед ки ин алакай се нашрия аст. Ва садҳо чунин нашрияҳо дорем.
Аммо шумораи корбарони интернет( сарфи назар аз интернети сустарин ва гаронтарин дар ҷаҳон бо иловаи он ки сомонаҳои маъруф дар дохили кишвар доимо масдуд ё баста мешаванд) устуворона афзоиш меёбад. Дар миёни пурсидашудагони тадқиқоти “Медиаконсалтинг” ҳиссаи корбарон имсол 47% ташкил дод, ки соли 2018-38% буд. Сегонаи аввали сомонаҳои маъруф — YouTube, OK ва Facebook ҳастанд; аз сомонаҳои тоҷикӣ дар ин руйхат — somon.tj дар ҷойи аввал, платформа барои эълонҳо дар ҷои панҷум аст. Аз расонаҳо ҷойи ҳаштумро “Радиои Озодӣ” ва нуҳумро сомонаи дар давоми сол масдуди “Азия Плюс” ишғол менамоянд.
-,73 фоизи аҳолӣ дар деҳот сукунат доранд, вале аксар ВАО ин далелро ба назар намегиранд, -мегуяд Набӣ Юсупов.- Ин одамон беш аз пеш аз интернет истифода хоҳанд кард ва он ҷо ҳам, ки барои худ муҳтавои дилхоҳро пайдо накарданд, истифодаи манбаҳои хориҷиро тарҷеҳ медиҳанд.
Набӣ мегуяд, ки дар шароити худсензураи ҷиддӣ, ки ба рузноманигорони тоҷик хос аст ва он ба сифати муҳтавои истеҳсолшаванда таъсир мерасонад, редаксияҳо метавонистанд аудитроияашонро тавассути абзорҳои дигар нигоҳ доранд, пеш аз ҳама бо роҳи таҳлили ҷиддии ниёзҳо ва дархостҳои онҳо. Аз ин кори заҳматталаб алҳол редаксияҳо саркашӣ мекунанд ва мунтазири имкони тасхир намудани аудитория бо равишҳои одатшуда ҳастанд.