ДомойМедиалентаРузноманигорон ва блогнависонии Осиёи Марказӣ ба нахустин озмуни MediaCAMP Award тайёрӣ...

Рузноманигорон ва блогнависонии Осиёи Марказӣ ба нахустин озмуни MediaCAMP Award тайёрӣ мебинанд

Ғолибони озмун оид ба рузноманигорӣ- MediaCAMP Award -дар Осиёи Марказӣ, ки якбора дар се кишвар  – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оғоз ёфт, ба дарёфти ҷоизаҳои гаронбаҳо, иштирок дар ҷашнвораи бузурги расонаӣ бо ҳузури ситораҳо  ва омузишҳои муфид ноил хоҳанд шуд.

Худи кормандони расонаҳо дар ёд надоранд, ки  кай бори охирин  дар Осиёи Марказӣ чунин озмуни минтақавӣ оид ба рузноманигорӣ  баропо шудааст. Эҳтимол, чунин озмун умуман набудааст. Маъмулан, чунин озмунҳо дар дохили як кишвар мегузаранд ва одатан ташкилкунандаашон давлат ҳасту рузноманигорон дар майдони худ бо ҳам рақобат мекунанд.

-Ба назари ман дар минтақа аз ин қабил озмунҳо ҳеҷ вақт набуданд, ба ҳар ҳол, ман озмунеро ёд надорам, ки ҳамаамонро дар як ҷо  ҷамъ оварда бошад, -мегуяд ҳамоҳангсози  MediaCAMP Award- Зарина Ахматова. – Мо аввалин хоҳем буд ва аз ин ру орзу дорем, ки шояд, ин баланд садо диҳад ҳам, як  озмуни осиёимарказие  дар сатҳи намунаи  беҳтарин солҳои «Пулитсер» ё ТЭФИ барпо намоем. Мо  ҳамаамон ба платформа барои муколамаҳо ва табодули афкору дастовардҳо ниёз дорем, то ки рузноманигорон  дар минтақа бифаҳманд, ки аз олами атроф кандашуда нестанд, балки як ҷузъи ҷомеаи бузурганд.

MediaCAMP Award ҳафтаи гузашта якбора дар се кишвари Осиёи Миёна шуруъ шуд. Дастандаркорон онро аз эълони қабули дархостҳои иштирокчиён оғоз карданд. Ба озмун,қатъи назар аз шакл, қолаб ва жанр, корҳое қабул мешаванд, ки дар  расонаҳои ОМ бо дилхоҳ қолаб  аз 1 августи соли 2018 то  июли 2019 нашр шудаанд. Дар озмун рузноманигор ва созандаи муҳтаво,  ки хоҳ дар нашрияи давлатӣ ва хоҳ  хусусӣ кор кунад, (муҳим нест, ки корманди доимист ё ғайриштатӣ), иштирок кардан метавонад.

Танҳо кормандони расонаҳои хориҷӣ, ки дар ОМ намояндагии худро доранд, иштирок кардан наметавонанд. Ташкилкунандагон дар ин маврид ба хулосае омадаанд, ки расонаҳои давлатӣ ва ҳам  озод, алҳол бо таҷрибаи ғанӣ  ва буҷетҳои калони расонаҳои хориҷии муқтадир, чун ВВС ё Радиои озодӣ, рақобат кардан наметавонанд.

Дигарон, аз ҷумла блогнависон, ҳаққи ширкат карданро дар озмун доранд.

Чи  тавр ВАО-и минтақа бо ҳам рақобат мекунанд?

Озмун аз панҷ номинатсия: «Ҳокимият ва ҷомеа», «Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо», «Фурсати мусоидат», «Қаҳрамонони ҳамҷавор» ва «Объектив» иборат аст. Номинатсияи «Объектив» ба акси (суратҳо) падидаҳо ва лаҳзаҳои муҳим, ки дар кишварҳои мо рух додаанд, бахшида шудааст. Мавод барои дигар номинатсияҳо новобаста  аз қолаб( муҳим он аст ки бо мавзуъ мувофиқат кунанд), қабул карда мешаванд.

-Ҳангоми баррасии меъёрҳо барои интихоби мавод ба озмун, мо дақиқан медонистем,ки ҷанбаи техникии мавод наметавонад қисмати муайянкунанда бошад,- мегуяд Зарина Ахматова- Агар мавод  масоили муҳими ҷомеаро инъикос мекунад, агар он барои ҳалли мушкилие  таъсир гузошта бошад ё ба касе кумак карда бошад, ин маънии онро дорад, ки муаллиф барои ғолиб омадан шонс дорад. Зарина  қайд мекунад, ки ҳар кишвар дар минтақа хусусиятҳо ва  собиқаи хоси худро дорад, ВАО дар ин кишварҳо  базаҳои техъникӣ ва имкониятҳои ба қадри кофӣ фарқкунанда доранд, ки воқеан ба сифати муҳтаво таъсиргузоранд. Агар  дар чунин шароит номинатсияҳо  аз руи анъанаҳои  куҳна пешниҳод гарданд,мисли беҳтарин мусоҳиба ё беҳтарин гузориш, рақобат миёни рузноманигорони кишварҳои гуногун одилона  нахоҳад буд. Ин дар ҳолест ки қиссаҳо аҷиб, муассир ва муҳим дар ҳар кишвар ҳастанд. Созмондиҳандагони озмун  маҳз онҳоро интизоранд.

Дар номинатсияи «Қаҳрамонони ҳамҷавор” мақолаҳо бояд дар бораи одамоне бошад, ки ҷаҳонро дигаргун мекунанд. Дар айни замон туҳфаро на танҳо муаллифи мавод, балки қаҳрамони он ҳам гирифта метавонад.”Фурсати мусоидат” ба маводҳо оид ба таҳаммулгароӣ, ғамшарикӣ ва ҳамдилӣ равона шудааст. Яке аз талаботҳои муҳим барои ин номинатсия – идомаи қиссаи он аст, ки чи тавр  кори рузноманигорӣ ба ҷомеа таъсир расонд.

—  Аз руи дархостҳои ба Қазоқистон воридшуда, ман гуфтан метавонам,ки вазифаи журналистика-ҳунари ҷомеаро барои беҳбудӣ равона кардан, ҳануз зинда аст. Иштирокчиён дар дархостҳояшон достонҳои таъсирбахшеро  тавсиф мекунад, ки бо луфти корҳои эшон рух додаанд. Хушбахтона, рузноманигорон дар минтақаи мо, ба зиндагии воқеӣ таъсир мерасонанд,- мегуяд Зарина Ахматова.

Номинатсияи «Ҳокимият ва ҷомеа” маводеро баррасӣ мекунад, ки дар бораи муносибатҳои  мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат ҳикоя мекунанд  ва ҳамчунин оид ба он ки пас аз ин  муҳовараҳо дар ҳақиқат  чи иваз шуд. Ба ибораи дигар қариб ҳама номинатсияҳо идомаи   ин  қиссаҳоро дар назар доранд, ҳарчанд ки талаботи пешниҳод намудани намунаҳои тасдиқшуда фақат дар номинатсияи “Фурсати мусоидат” вуҷуд дорад.

-Алҳол дар бораи  интелекти сунъӣ, агрегаторҳое, ки ба ҷой  журналистон меоянду кори онҳоро анҷом медиҳанд, бисёр мегуянд, ва ин як ҳақиқат аст, вале мо рақобати афзалиятнок дорем- мо ҳамдилӣ ва хоҳиши беҳтар намудани атрофамонро дорем, таъкид мекунад Зарина.

Озмун дар ОМ, ҳадди ақал панҷ сол баргузор хоҳад шуд

Озмун дар ду марҳила сурат мегирад. Интихоби аввалро комиссияи босалоҳият дар дохили ҳар кишвари иштирокчӣ мегузаронад ва  мархилаи дуюм дар сатҳи минтақавӣ. Тамоми финалистҳо (45 нафар аз се кишвар) дар ҷашнвораи бузурги  расонаӣ ширкат мекунад, ки моҳи сентябри ҳамин сол дар Душанбе  мегузарад. Он иди ҳақиқии расонаҳо хоҳад шуд, меҳмонони он ситораҳои бахши рузноманигорӣ дар  кишварҳои пасошуравианд. Барои иштрокчиён филмҳое ба намоиш гузошта мешаванд, ки алҳол дар дастрасии озод нестанд,   омузишҳо, нишастҳои панелӣ ва дигар чорабиниҳои  муфид барпо мегарданд. Ва ахиран дар ҳамин ҷо маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони  озмуни   MediaCAMP Award сурат мегирад. Воқеан ин озмун дар Осиёи марказӣ   дар фосилаи татбиқи барномаи васеи  MediaCAMP- муддати панҷ соли оянда гузаронида мешавад. Бо ин ҳол, ташкилкунандагон дар нақша доранд, ки анъанаи баргузории он  минбаъд ҳам боқӣ мемонад.

-Мо  бори нахуст чунин озмунро раҳандозӣ мекунем ва умеди мо калон аст, ки ин платформа рузноманигорони тамоми минтақаро, сафи назар аз  вазъи сиёсиашон, сарҷамъ мекунад, -мегуяд Зарина.- Умедворем, ки рузноманигорон дар ин ҷо маънӣ ва мавзуъҳои худро меофаранд, имкони сазовори мукофотҳо шудан пайдо мекунанд ва аз ҳама муҳимаш — имкони шунида шудан ва дарк кардани онро пайдо мекунанд, ки беҳуда заҳмат накишидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ