ДомойНақди РасонаӣРасонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъҳои марзиро чи тавр инъкос менамоянд?

Расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъҳои марзиро чи тавр инъкос менамоянд?

Бегоҳирузи 22 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизиситон миёни сокинони минтақаи сарҳадӣ низои навбатӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва даҳҳо нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Мавзуи низои марзии байни кишварҳо, ки чанд сол боз идома дорад, барои рузноманигорони тоҷик ва қирғиз ба андозае ҳассос аст, ки онҳо шунидани ҷониби муқобилро ғолибан аз ёд бурда, ҳодисаро танҳо бо ишора ба манбаъҳои кишвари худ нақл мекунанд.

Аз оғози сол то ин дам, миёни сокинони минтақаҳои сарҳадии  Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҳадди  ақал се низои ҷиддӣ бо қурбонии одамон рух додааст. Маҳали сар задани муноқишаҳо деҳаи тоҷикнишини Ворух аст, ки дар қаламрави вилояти Боткенти Қирғизистон аст; пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ миёни кишварҳо даҳҳо қитъаҳои замини баҳснок ба вуҷуд омад, ки акнун дар марзҳои онҳо задухурдҳо ба вуҷуд меоянд.

Фото: Гулгакы Мамасалиев/ Facebook, март 2019

Васоити ахбори оммаи  миллии ҳар ду ҷониб ҳар низоъро муфассал, васеъ, вале ғолибан якҷониба инъикос мекунанд. Хусусан дар дар соатҳои аввали оғози низоъҳо. Нашрияҳои маҳаллӣ дар мақолаҳои худ андешаҳои ҷониби мухолифро намеоранд, барои ба даст овардани шарҳу назароти сокинон ё мансабдорони кишвари ҳамсоя талош намекунанд;дар ҳар сурат рузноманигорон дар бораи анҷом додани чунин кушишҳо ,одатан, намегуянд. Гузашта аз ин,аз руйи аксар мақолаҳо агар хулоса  кунем, ҳатто назорат намекунанд,ки ҳамтоёнашон аз ҷабҳаи муқобил дар ин бора чи менависанд.

“НР” аз боли он назорат кард,ки  ВАО-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар муддати ду руз низоъро чи тавр  инъикос карданд.

22 июли соли 2019

Низоъ дар марз бегоҳирузи 22 июл шуруъ шуд, ва ВАО-и ҳар ду ҷониб бо тафовути як чанд дақиқа дар ин бора хабар доданд. Нашрияи “Кактус медиа” як аз аввалинҳо шуда бо ишора ба сарчашмаи хадамоти сарҳадии худашон дар бораи ин ҳодиса хабар дод. Дар матн омада буд, ки низоъ аз он сар зад, ки шаҳрвандони тоҷик талош мекарданд ки парчамҳои кишварашонро дар минтақаи баҳснок  насб кунанд ва  ба ин шаҳрвандони қирғиз муқобилият нишон доданд. То поёни рузи 22  июл «Кактус Медиа»  боз ду  хабари дигар нашр намуд, ки дар онҳо перомуни қирғистониҳои маҷруҳ ва видео аз маҳали ҳодиса нақл кард.

Тақрибан айни чунин иттилоотро оҷонсии 24.kg пахш намуд. Рузноманигорони ин нашрияи қирғизӣ ҳамчунин муайян намуданд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон талош карданд дар минтақаи номуайяшудаи марзӣ дар назди  навиштаҷоти “Ворух” байрақ насб кунанд”. На дар “Кактус медиа” ва на  “24.kg” андешаҳои ҷониби Тоҷикистон ё  ишора ба он, ки редаксия чунин талошро анҷом додааст, ҳадди ақал аз сарчашмаҳои кушода, вуҷуд надоранд.

Оҷонсии қиргизистонии «Turmush» хабари  аввалро дар бораи он гузошт, ки  ҳангоми низоъ дар марз шаҳрвандони Қирғизстон осеб дидаанд, дар хабари дувумаш видеои шоҳидонро овард ва на танҳо дар бораи насби байрақҳо аз ҷониби тоҷикистониён, ҳамчунин дар бораи насби сутун бо навиштаҷоти “ Оқ-сой” аз ҷониби  қирғистониҳо навишт. Дертар шаби 22 июл “Turmush»  дар бораи кучонидани сокинон- қирғизҳои мулкӣ аз қаламрави низоъ хабар дод.

Тақрибан дар як вақт бо рузноманигорони қирғиз дар бораи ин ҳодиса дар ВАО-тоҷикистонӣ менавиштанд. Мухбирон дар аввалин хабарҳояшон дар бораи марги шаҳрванди тоҷик навиштанд.

«Иғвоангезӣ дар марзи  Тоҷикистону Қирғизистон: дар Ворух як нафар ба ҳалокат ва даҳҳо тан маҷруҳ шуданд” бо чунин сарлавҳа дар бораи ин низоъ «Азия-Плюс» мақола нашр кард. Дар ҳамин ҳол калимаи “иғвоангезӣ” аз нутқи яке сарварони ҷамоатҳо дар  сарҳад гирифта шудааст. Дар ин матн рузноманигорон дар бораи ҳини низоъ ба ҳалокат расидани шаҳрванди Тоҷикистон- Ҷалол Қароев нақл карданд ва сабаби низоъро аз ҷониби қирғизҳо дар қаламрави Ворухи  Тоҷикистон  насб нумудани сутун бо навиштаҷоти “Оқсой” гуфтанд. Андешаи муқобилро дар бораи он, ки баръакс сабаби низоъ тоҷикон будаанд, «Азия Плюс»  бо ишора  ба нашрияи 24.kg овардааст.

Оҷонсии иттилоотии тоҷикистонӣ “СуғдНюс”, ки ба хабарҳо аз вилояти Суғд тахассус дорад, сабаби низои рухдодаро муфасссалтар шарҳ доданд:

«Намояндагони деҳаи тоҷикнишин, ки ба ташрифи президенти Тоҷикистон омодагӣ мегирифтанд( мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамин ҳафта дар назар аст) тасмим гирифтанд ки дар хати сарҳад байрақчаҳоро овезанд ва ба хотири  қабули перезидент  байрақи кишварро насб кунанд, ки ин боиси норизоият аз ҷониби қирғизҳо шудааст”.

«СуғдНюс»  ҳамчуни  иттилоот ВАО –и кишвари ҳамсояро бар бораи он дарҷ кардааст,ки ҳангоми низоъ ҳашт шаҳванди Қирғизистон осеб дидаанд.

Мақолаҳои бештар санҷидашуда дар сомонаҳои тоҷикӣ ва қирғизии “Радиои Озодӣ” ба нашр расиданд. Ҳар ду нашрия бегоҳии 22 июл хабар доданд, ки дар ин низоъ шаҳрванди  Тоҷикистон  ба ҳалокат расид.

Нашрияҳои русии Sputnik Таджикистана ва Sputnik Кыргызстана  ҳам  22 июл дар бораи ин ҳодиса нақл карданд, вале  танҳо шарҳи хадамоти сарҳадбонии қиғизро дарҷ намуда, дар бораи фавтида чизе  нагуфтанд.

23 июли соли 2019   

Дар бораи шаҳрванди фавтидаи Тоқикистон «Кактус Медиа» бо ишора ба «Радиои Озодӣ» як руз баъд хабар медиҳад. Ҳамзамон бо ишора ба РИА Новости дар бораи марги тоҷикистонӣ 24.kg ҳам хабар медиҳад.

23 июля «Кактус Медиа» изҳороти хадамоти сарҳадбонии Тоҷикистонро, дар бораи он нашр кард,ки низои рухдода ин иғвоангезӣ аз ҷониби  қувваҳои  қирғизиест, ки дар ҳалли масоили  марзӣ манфиатдор нестанд. Адаке дертар  «Кактус Медиа»  руйхати 14 нафар қирғизистонии осебдидаро нашр намуд, вале ин иттилоот дар ВАО-и тоҷик пайдо нашуд.

Дар гузориши субҳонаи 23 июл- «Akipress» хабар дод, ки тирпарониҳо дар сарҳад хотима ёфтанд, дар бораи маҷруҳшудагони  қирғизистонӣ  ва сабабҳои низоъ ёдрас шуд ва ҳамаи ин хабрҳоро бо такя бар хадамоти сарҳадбонии қирғисизтонӣ пешниҳод кард. Иттилоъ дар бораи иғворо , ки аз ҷониби   сарҳдбонони тоҷик садо дода буд , «Akipress» бо ишора ба ТАСС –русӣ нашр намуд.

Дар  нахустин хабари субҳ дар мавриди ин ҳодиса «Turmush» дар бораи кучондани сокинони аҳлӣ аз минтақаи низоъ навишта , ҳамчунин бо ишора ба хадомоти сарҳадбонии худашон иттилоъ дод, ки вазъ ором аст.

Баъдан «Turmush» дар бораи сарҳадбонони  осебдидаи қирғиз  ва сокинони воқеие, ки  дар натиҷаи низоъ хонаҳояшонро тарк кардаанд, хабар дод, акси роҳҳоеро нишон дод, ки пас аз  воқеа бо сангҳо баста шудаанд. Қарибиҳои нисфирузӣ «Turmush»  хабар дод, ки ба ҷойи ҳодиса нахуствазир ва сарвари ВКД Қирғизистон омаданд. Дар ҳамин ҳол ягон ишора  дар “Turmush» ба он нест, ки тоҷикистониён дар бораи ин ҳодиса чи мегуянд.

Рузноманигорони нашрияи Klopp дар ин бора дар мақолаи ташреҳии худ нақл карданд. Онҳо шарҳу тафсири муфассали тамоми хабарҳои ВАО-и Қирғистон ва Тоҷикистонро дарҷ намуданд.

Субҳи 23 июл сомонаи нашрияи «Азия-Плюс» саволи оё мулоқоти пешбинишудаи призидентҳои ду кишвар баргузор мегардадро гузошт ва бо ишора ба манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, хабар дод, ки гуфтушинидҳо сурат мегиранд ва ҳамчунин бо ишоар ба ВАО-и қирғизистонӣ иттилоъ дод, ки сарвари Қирғизистон низ тасмим надорад, ки сафарашро лағв кунад.

Дар бораи шарҳу назароти ҷониби қирғиз дар ду  хабари “Авесто”- Оҷонсии иттилооти тоқикистонӣ ҳарфе нест: дар хабари аввал оид ба изҳороти сарҳадбонони худ ва дар дуюм оид ба он, ки вазъ ноором боқӣ мемонад, хабар медиҳанд.

«СуғдНюс» рузи 23 июл дар бораи маҷруҳони тоҷик хабар дод, ки аз Ворух ба беморхонаи Исфара интиқол доданашон ғайриимкон аст, зеро ҷониби қирғизҳо монеа эҷод мекунанд. Шарҳи ин ҳол аз ҷониби қирғизистониҳо дар матн вуҷуд надорад.

Дар навбати худ «Кактус Медиа» дар боаи он хабар медиҳад, ки сарҳадбони қирғиз маҷруҳ шудааст, вале тоҷикон ҳаракати нақлиётро дар  роҳи Исфара-Бодкент масдуд кардаанд. Ин хабар ҳам бидуни шарҳи ҷониби дигар нашр шудааст.

Бегоҳии 23 июл нашрияи  “Азия Плюс” дар  бораи вазъи ҷорӣ иттилооти густурдае нашр кард, масалан, бо ишора ба  Turmush рузноманигорон дар бораи он ҳикоят карданд, ки низомиёни ҳар ду ҷониб дар сарҳад нигоҳбонии муштаракро ба роҳ монданд, то ки низоъро идора кунанд. Бо назардошти он ки чунин ҳодисаро аксар ВАО дар Қирғистон ва Тоҷикистон чи тавр инъкос менамоянд, “назорати патрули”- и муштарак дар идоракунии низоъ барои журналистони ҳар ду ҷониб ҳам аз манфиат холӣ набуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ