ДомойМедиалентаВАО-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили инъикоси низоъҳо дар марз тафоҳумномаи...

ВАО-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили инъикоси низоъҳо дар марз тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” аз Тоҷикистон ва Оҷонсиии иттилоотии “24.kg.” аз Қирғизистон аҳд карданд, ки дар реҷаи замони воқеӣ табодули   маълумот намуда, манзараи ҳақиқии ҳодисаҳоро бо истифода  аз шарҳу  нуқтаи назарҳои ҳар ду тарф ба вуҷуд оваранд ва ҳангоми иттифоқ  афтодани низоъҳо дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон воқеъбинонона нақл кунанд.

Редаксияҳо тафоҳумномаи ҳамкориро  имзо карданд.

 — Тоҷикистон, давлати чандон кушода нест ва ёфтани  иттилоот дар бораи ҳодисаҳо ҳам осон нест. Аммо дар нисбати он чи ки алҳол дар  марзи байни ҳар ду кишвар рух медиҳад, ба даст овардани маълумот боз ҳам мушкилтар аст. Он чи мо дар ҳадди аксар кардан метавонем- ишора ба   хабари  ҳамкасбони тоҷикамон ҳаст,ки онҳо низ ангуштшуморанд,-эътироф мекунад муҳаррири Оҷонсии иттилооти 24.kg –Анна Тимофеенко.

Имруз, 25  июл ин нашрия бо ҳамтоёни тоҷики худ аз гуруҳи расонаҳои “АзияПлюс” тафоҳумномаи ҳамкорӣ  имзо намуд ва акнун ҳангоми инъикоси низоъҳо, ки мутаассифона дар марз зуд зуд рух медиҳанд, ҳар ду  редксия якҷоя  кор мекунанд. Бадбахтона, ҳангоми  инъикоси низоъҳои марзӣ, набудани мувозинати афкору андешаҳо дар матни рузноманигорон  ҳолати хеле васеъ паҳншуда аст.

Масалан, дар рафти охирин низои марзӣ, ки 22 июл шуруъ шуд, аксарияти ВАО-и ҳар ду  кишвар дар мақолаҳои худ ба хато роҳ дода ва  ҳатто аксаран талош накарданд, ки андешаҳои ҷониби муқобилро низ матраҳ намоянд.  Дар натиҷа  инъикоси якҷонибаи мавзуъ  сурат гирифт. Давоми ду  руз “НР” мавзуъро пайгирӣ намуда,  маводи ташреҳӣ таҳия намуд ва баъдан идеяи ба ҳам овардани ду редаксияи муътабари Тоҷикистону Қирғистон пайдо шуд, то ки рузноманигорон   дар инъикоси ин мавзуи мураккаб ба ҳамдигар ёрӣ расонда тавонанд.

— Масъалаҳои марбут ба  марзҳои муайяннашуда хеле доғанд ва мо мефаҳмем, ки иттилоотро тавре пахш бояд кард, ки сабабгори аланга додани ҳисси адоват нашавад ва ҳангомаи сунъӣ атрофи мавзуъ низ эҷод накунад, вале дар айни замон ба хонанда бояд дарки дақиқи ҳодисаҳои рухдодаро диҳем. Тафоҳумномае, ки мо бо ҳамкасбонамон аз “Азия Плюс” бастаем, муътақидем, ки  маҳз дар инъикоси манзараи воқеии ҳодисаҳои рухдиҳанда кумак мекунад,-мегуяд Анна Тимофеенко.

Дар ин ҳуҷҷат, ки аз ҷониби Удед Бобохонов- сармуҳаррири “Азия Плюс” ва Антон Лимар-сармуҳарррир  24.kg  имзо шудааст, дар хусуси он гуфтаанд, ки инъикоси мавзуҳои марзӣ барои аудиторияи ҳар ду  тараф аҳамияти иҷтимоии бузург дорад, вале маводе, ки танҳо ба сарчашмаҳои расмӣ такя мекунад, на ҳамеша  имкони инъикоси мавзуъро бо назардошти андешаҳои ҷонибҳои низоъ фароҳам меоварад.

“Маҳз бо назардошти ҳамин назокат ҷонибҳо аҳд намуданд, ки чати ягонаи ҳарду редаксияро  барои инъикоси ҳодисаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъсис  диҳанд, дар реҷаи замони воқеӣ табодули  маълумот намоянд ва дар бораи вазъ бо истифода  аз шарҳу  назарот, шоҳидони бевоситаи воқеаҳо ва дигар маводе, ки ба  аудитория дарки манзараи комили ҳодисаро медиҳанд, нақл кунанд”-гуфта мешавд дар тафоҳумномаи мазкур

Мутассифона,   алҳол рузноманигорон  маҷбуранд, ки  ба мавзуи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якчанд бор дар давоми сол руҷуъ кунанд. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар сарҳади кишварҳо  минтақаҳои баҳснок боқӣ монданд, ки атрофашон низоъҳо сар мезананд. Маркази доғи ҳодисаҳо- деҳаи тоҷикнишини Ворух аст, ки  дар иҳотаи қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст. Мардумони бумии ин минтақаи сарҳадӣ зуд-зуд гирифтори муноқишаҳои маъмулӣ мегарданд, ки гоҳо боиси  марги одамон мешавад.

-Бо сабаби дар ҷоий ҳодиса  надоштани мухбирон мо наметавонем ҳодисаҳоро ҳамаҷониба  васеъ инъикос намоем, бо ҳар ду тарафи низоъ мусоҳиба  анҷом диҳем ва   мавқеи бештар андешидашударо ба хонанда пешниҳод намоем. Дар ҳоле ки ин , на танҳо аз нигоҳи ахлоқи рузноманигорӣ, балки барои нигаҳдории оромии нисбатан устувор дар ҷой ҳодиса бисёр муҳим аст,- идома медиҳад Анна Тимофеенко.

Роза Шапошник-муҳаррири гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” бо андешаҳои Анна мувофиқ аст.

-Вуруд ба Ворух чанд рузе масдуд буд ва  он ҷо ягон рузноманигор набуд. Сокиноне,ки мо бо онҳо иртибот пайдо намудем ва онҳо  дар амал ягона сарчашмаи иттилоот бароямон буданд, аз ирсол намудани аксҳо ё видеоҳо ба мо  метарсиданд. Лозим омад, ки маълумотро аз он ҷо зара зара ҷамъоварӣ намоем, — мегуяд  номбурда.

Ҳар ду редаксия огоҳ ҳастанд, ки инъикоси воқеъбинона ва  одилонаи чунин низоъҳо яке аз абзорҳои муҳимест, ки идомаи чунин ҳодисаҳоро пешгирӣ карда метавонад. Рузноманигорон умед доранд, ки  дар бораи ҳодисаҳое, ки  дар марз рух медиҳанд,  тавассути ҳамкорӣ метавонанд софдилона,беғаразона в ҳамаҷониба  нақл кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ